ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАЙР. АМАЛЕ, КИ АҶРАШ АЗ ҲАҶ ВА УМРАИ ТАКРОРӢ БУЗУРГТАР АСТ

ХАЙР. АМАЛЕ, КИ АҶРАШ АЗ ҲАҶ ВА УМРАИ ТАКРОРӢ БУЗУРГТАР АСТ

24 январ 2025, Ҷумъа
19
0


Ба назар мерасад, ки таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба ҷои адои ҳаҷҷу умраи такрорӣ даст задан ба ободкориву созандагӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон ва анҷоми дигар корҳои хайр ҳамовозӣ пайдо намуда, ахиран натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. 
Ҳамон тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр шуд, танҳо дар соли 2024-ум дар кишвар ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ беш аз ду ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расид, ки дар ҳамаи ин корҳои хайру ободонӣ саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад ва, ҳамчунин, баъзе аз ин корҳои ободонӣ бо маблағи барои ҳаҷҷи такрорӣ ва умра ҷамъовардаи сокинон иҷро шудаанд.
Воқеан, пас аз шунидани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, махсусан суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт ва боиси таҳаввули ҷиддӣ дар тафаккури ҷомеа гардид, имрӯз дар шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон мардум бо маблағи ба мақсади ҳаҷҷу умраи такрорӣ ҷамъовардаашон роҳ обод мекунанд, пул месозанд, дасти ятимону бечорагонро мегиранд ва ба ин васила аз ҳаҷҷи такрорӣ ё умра ҳам савоби бештар дармеёбанду ҳам номи неку фардои обод. Акнун бисёре аз мардуми кишвар огоҳ гаштанд, ки тибқи фармудаи шариати исломӣ, ҳаҷ ва умраи такрорӣ ибодати нофила буда, аз рӯи дараҷа ва савобу подош аз садақаи ҷория поёнтар аст ва бо дарки манзалати садақаи ҷория ба ҷои анҷоми ҳаҷҷу умраи такрорӣ ба корҳои хайру писанддидае, чун бунёди иншооти таъиноти иҷтимоӣ, таъмири роҳу бунёди пулҳо рӯ меоранд. 
Албатта, дар як соли охир тамоюли мардум ба адои ҳаҷҷи такрорӣ ва умра рӯ ба коҳиш овардааст, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ миёни мардум вусъати бештар мехоҳанд. Зеро ҳанӯз ҳам дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки адои ҳаҷро аз рӯи андешаҳои бепоя ба тақлиду мусобиқаву худнишондиҳӣ табдил додаанд. Сазовор шудан ба номи “ҳоҷӣ”-гиро ҳам ҳамчун нишонаи имондорӣ ва дороии хеш медонанд. Ба ин назаранд, ки ҳар қадаре бештар хонаи Худоро зиёрат намоянд, обрӯяшон дар байни ҷомеа зиёдтар мешавад. 
Барои шарҳи ин матлаб ва тавзеҳи ин нуктаи муҳим, яъне дараҷаи болотар доштани садақаи ҷория аз ҳаҷҷи такрорӣ ва умра аз ҳама бештар бояд ходимони дини кишвар фаъол бошанд ва дар ин самт масъулияти шаҳрвандиву имонии худро нодида нагиранд. 
Ҳар нафари огоҳ аз шариати исломӣ медонад, ки пул сохтан, роҳ бунёд намудан, ободнамоии деҳаву манзил, маҳали зист, хатти об овардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек ҳама садақаи ҷория, яъне давомдор ҳастанд, чун барои мардум муддати дароз фоида мерасонанд ва дигарон аз онҳо солҳо баҳра мебаранд. Подошу аҷре, ки барои иҷрои чунин амалҳои хайр аз ҷониби Худованд дода мешавад, бисёр бузургтар аз ҳаҷ ва умраи такрорӣ аст. 
Ҳамаи ононе, ки ватандӯстанд, ақлу хирад доранд, худрову Худоро мешиносанд ва ҳам аз улуми динӣ бохабаранд, хуб медонанд, ки Пешвои муаззами миллат моро ба сӯи исломи ростин ҳидоят менамоянд. Мехоҳанд, ки хурофоту таассубу тақлидкорӣ аз зеҳни мо ва аз зиндагии мо зудуда гардад, мардуми тоҷик ҳамеша чунин осуда бошанд ва ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил гарданд. Бо дарки ин ҳақиқат ва ин воқеият онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат муттаҳид шаванд, ба қадри тавон дар ободии Ватан саҳм гузоранд, дасти кумак ба ниёзмандон дароз кунанд. 
Тибқи талаботи шариат муҳимтарин шарти ибодат он аст, ки бидуни риёву худнамоӣ сурат бигирад. Аммо баъзе аз зоирон, чи ҳоҷиён ва чи умракунандагон бо расидан ба он макони муқаддас нахустин коре, ки мекунанд, худро акс мегиранд ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Яъне, “бубинед, ман боз ҳоҷӣ шудам”. Ё баъд аз баргаштан тарзи либоспӯшишашонро дигар менамоянд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон карда, маъракаи манъшудаи ҳоҷизиёрату ҳоҷиталбону ҳоҷибинон меороянд, ки ҷуз тафриқаандозиву намоишкорӣ чизи дигаре нест. Яъне, бубинед, ки чунин ашхос нишон доданӣ мешаванд, ки  то чӣ андоза дасти дароз доранд, чӣ гуна аз дигарон бартарият доранд. Аммо дар ҳамсоягияшон кӯдаки ятиме бошад, онро намебинанд, пири барҷомондае бошад, хабараш намегиранд, оилаи тангдасте бошад, аҳамият намедиҳанд. Магар ин мусулмонист? Не, албатта! Ва ин кор, яъне шуҳратталабиву намоишкорӣ ва худро аз дигарон боло донистан на ба Худо хуш меояду на ба бандаҳои Худо. 
Аммо як нуктаи дигарро ҳам бояд зикр кард. Он гуна, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид намуда буданд: “Мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем”, аммо ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. 
Тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо дар соли 2024 маблағи кумак барои корҳои ободонӣ аз ҷониби зоирин ва шахсоне, ки маблағи сафари ҳаҷ ва умраи такрории худро барои ободонӣ равона намудаанд, 24 миллиону 613 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад. 
Имрӯз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафари мардуми тоҷик ба ҳаҷ тамоми имконот ва шароити заруриро фароҳам овардааст, то зоирон бе ҳеҷ мушкил ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гарданд. Аммо ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки дар ҳама кор андоза накуст. 
Бовари комил дорам, ки пас аз шунидани Паёми навбатии Пешвои миллат, мардуми шарифи тоҷик ба ҷои исрофкориҳои беҳуда ва худнамоишдиҳиҳои бемаънӣ ба ободкориву созандагиҳои бештар рӯй меоранд ва дар рушду шукуфоии Ватани азиз саҳм мегузоранд. 

Абдуғаффор ЮСУПОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ 
ва ташкили ҳаҷҷи Кумитаи дин, 
танзими анъана ва ҷашну маросими 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив