ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИЛҲО МОНД

ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИЛҲО МОНД

28 январ 2025, Сешанбе
27
0


Вақте Субҳон Кошоновро ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” оварданду шинос карданд, ки бо фармон сармуҳаррир таъин шудааст, бархе аз кормандон дар тааҷҷуб афтоданд. Албатта, ба ин маънӣ, ки ин мард  рӯзноманигор нест ва оё аз уҳдаи ин масъулияти бузург баромада метавонад? Дар баробари ин, мутмаин буданд, ки Сарвари давлат дар мавриди мазкур, яъне таъини мутахассисон, ҳамеша аз эҳтиёт кор мегиранд хосса, ки то ин вақт ӯ машваратчии калони хадамоти матбуоти Президент (солҳои 1996-1997) ва баъдтар ёрдамчии Президент (1997-2000) буд. Дар ин вазифаҳо фаъолият кардан, маънои гузаштан аз мактаби масъулиятшиносиву роҳбариро дошт.
Панҷ сол – солҳои 2000-2005, сармуҳарририи ин рӯзномаи бонуфузро ба таври шоиста ба поён расонд. Дар ин муддат собит сохт, ки аз уҳдаи иҷрои ҳар кору масъулият, аз ҷумла сармуҳарририи рӯзнома, баромада метавонад.
Ба фаъолияти пурсамараш дигар ҳеҷ кас на андак шубҳаро ба дил роҳ медод ва на дар тааҷҷуб меафтод.
Шакл ва мазмуни рӯзномаро бо маънии мусбаташ тағйир дод. Аз уҳдаи таҳрири матолиби навишта ба хубӣ мебаромад ва низ ба маъноҳои ниҳонии онҳо махсус аҳамият медод. Муаллифро метавонист бовар бикунонад, ки аз баҳри ин ё он андешааш барояд, чун маънои духура дорад ва яке аз ин ду манфӣ арзёбӣ мешавад.
Бояд иқрор бишавем, ки пас аз эроду маслиҳатҳои ӯ мо ба ҳар вожа, ибора ва ҷумлаи навиштаамон бештару беҳтар диққат медодему таваҷҷуҳ зоҳир мекардем.
То ба ҳанӯз дар хотирам ҳаст, ки дар саҳифаи рӯзнома як силсила шеърҳои шоири шинохтаро ҷой карда буданд. Бо мутолиаи он ҳамчун сармуҳаррир маро, ки мудири шуъбаи фарҳанг будам, таъҷилан даъват кард. Саҳифаро дар наздам гузошт ва гуфт: “Бихон!”. Чун хондам, гуфт, оё андешидаӣ, ки аз номи як шоири халқӣ, ки сад сол пеш аз дунё гузаштааст, шоир чӣ гуфтан мехоҳад?
Гуфтам: - Дарёфтам.
Гуфт: - Пас чаро барои чопаш имзо гузоштӣ, иҷозат додӣ?
Гуфтам: - Ман ин шеърҳоро нахондаам ва имзо ҳам нагузоштаам.
Гуфт: - Магар шеър аз шуъбаи фарҳанг намегузарад?
Гуфтам: - Мегузарад, вале ин силсила бе иҷозати шуъба ва мудири он то дасти шумо расидааст.
Бовар накард. Супориш дод, ки шакли чопии онро биёранд. Оварданд ва мутмаин шуд, ки аз чи тавр ба саҳифа роҳ ёфтани он хабар надорам. Гунаҳкорро пас аз он огоҳӣ дод ва фардояш дар маҷлис ба кормандон таъкид дошт, ки ҳатто як мисраъ, агар ҳам дар дохили матн бошад, бе иҷозати шуъба ба саҳифаи рӯзнома роҳ наёбад.
Чунин тасмиму таъкиди сармуҳаррир ба он хотир ҳам буд, ки шеър бе хато чоп шавад ва дар бораи мақсади ниҳонии шоир биандешем.
Ба жанрҳои журналистика диққаташро равона мекард ва таъкид менамуд, ки ба якрангӣ одат накунем. Яъне, дар жанрҳои гуногун матлаб бинависем.
Як рӯз ба тариқи маслиҳат изҳор доштам: “Устод, мегӯед, ки ба ҳама мавзуъҳои муҳим таваҷҷуҳ зоҳир бикунем, аммо дар саҳифаҳои рӯзнома дар мавзуи маориф ва илм андак бештар матолиб ба нашр мерасад”.
Бо табассум ва лутф изҳор дошт: “Охир ман худам муаллимам. Омӯзгорон бештар менависанд ва мехоҳанд матолиби навиштаашон зуд ба табъ расад”.
Чун тааҷҷуби маро дарёфт, гуфт: “Ин сухани маро як лутф бипазир. Посухи аслиям, ки ба он бояд махсус аҳамият бидиҳӣ, ин аст: пешрафти тамоми соҳаҳои кишварҳо ба рушди соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Ҳамаи бадбахтиҳо, нофаҳмиҳо, харобкориҳо дар тамоми гӯшаҳои дунё ба пастравии ин соҳа иртибот мегирад”.
Пеш аз нашри рӯзнома матолиби онро худаш ҳарф ба ҳарф мехонд. Бешак, ба ин ҳолу муносибат нашри рӯзнома чанд соат ё дақиқа ба таъхир меафтод.
Мегуфт: “Ҳеҷ гап нест, агар дертар чоп шавад, муҳим онро барои нашр бехато фиристодан лозим аст. Обрӯи даҳсоларо метавон дар ним дақиқа, бо як хато резонд. Обрӯи рехтаро дигар ҷамъ оварда намешавад”.
Дар замони сарвариаш мехост, ки “Ҷумҳурият” ҳар рӯз ба табъ расад. Як сол барои иҷрои ин иқдом эълон ҳам доданд, аммо маблағ сари вақт ҷудо нагардид. Бархе хостанд, ки аз ин ҳангома барпо бикунанд, бо ин ки медонистанд, хонандагон барои се шумора дар як ҳафта дар он сол обуна шуда буданд. Ӯ рӯзноманигорони “Ҷумҳурият”-ро ҷамъ овард ва ба онҳо муроҷиат кард: “Ман тасмим гирифтам, ки ба ваъдаамон аз рӯйи эълони додаамон вафо намоем. Назари шумо ба ин масъала чӣ гуна аст? Аз уҳдаи ҳар рӯз, яъне бештар аз нақша баровардани рӯзнома мебароем?”.
Ҳама хомӯш монданд. Шубҳа доштанд: оё, воқеан, аз уҳдаи он баромада метавонем? Ин хомӯширо ноилоҷ шикастам. Гуфтам: аз мо чӣ талаб доред?
Гуфт: “Барои ҳар рӯз баромадан мавод тайёр кардан лозим?”.
Гуфтам: “Омодаем”.
Албатта, маълум буд, ки ин суханам на ҳамаро хуш меомаду қонеъ карда метавонист.
Гуфт: “Бовар дорӣ, ки бо дилпурӣ сухан мегӯӣ?”.
Гуфтам: “Оре. Барои ҳар саҳифаи шумора, балки бештар аз он ҳам ман матлаб омода мекунам”.
Чун дарёфт, ки на ҳама ҷонибдори дастгириям нисбат ба сармуҳаррир аст, изҳор дошт: “Агар бовар надошта бошед, ман барои баровардани шумораҳои иловагӣ рӯзноманигоронро ба кор даъват мекунам”. 
Пас аз ин буд, ки ҳама бори ин масъулиятро бар дӯш гирифтан хостанд.
Ба яқин эҳсос карданд, ки сухан дар бораи обрӯи рӯзнома ва сармуҳаррир меравад. 
Инак, “Ҷумҳурият” ҳар рӯз ба табъ мерасид. Ғайриинтизор матолиби навишта зиёд шуд ва барои нашр дар навбат меистоданд.
Ӯ “Ҷумҳурият”-ро ба хонандагон, муштариёни ояндааш тавонист, ки наздик бикунад. Теъдоди нашраш дар солҳои баъдӣ афзуд. Барои ин ба шаҳру ноҳияҳо мерафт ва ҳам кормандон, аҳли эҷоди рӯзномаро мебурд, то ба дархосту мушкилиҳои хонандагон ошно бишаванду ба ин асос матлаб бинависанд.
Дар бораи зиндагии беҳтару шоистатари ҳар корманд меандешид. Аз рӯзгору мушкилоти онҳо воқиф мешуд ва ба ҳар васила ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекард.
Субҳон Кошонов хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва коромӯзу аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС буд. Солҳои 1984-1993 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси муаллими калон, мудири кафедраи фалсафа, ноиби ректор оид ба илм фаъолият дошт. Солҳои 1993-1996 корро дар вазифаи мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома дод.
Баъд аз фаъолият дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, яъне солҳои 2005-2007 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, солҳои 2007-2014 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ифои вазифа намуд.
Аз соли 2014 то охири умр, яъне 22-юми январи соли 2020 раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” буд.
Чун файласуф ва сиёсатшинос дар чандин конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австрия, Булғористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Россия, Туркия, Фаронса ва ИМА иштирок ва суханронӣ намудааст.
Ӯ яке аз беҳтарин донандагони забони олмонӣ дар кишвар маҳсуб меёфт. Тарҷумаи чандин асар аз забони тоҷикӣ ба олмонӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Марги ҷисмонии Субҳон Кошонов ҳамаи мо – кормандон, дигар рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандонашро ғамгин сохт. Охир инсонеро аз даст додем, ки неруи иҷрои мақсадҳои бузургро молик буд. Инчунин, ҳамеша хонандаву дӯстдори “Ҷумҳурият” ва кормандонаш ба шумор мерафт. Оре, дуруст аст, ки “ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив