ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ВА БОЗГАШТ БА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ВА БОЗГАШТ БА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

04 феврал 2025, Сешанбе
11
0


Ин суханони самимиву барҳақи Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистонро бихонем: «Биёед, ман раводидро бекор (лағв) кардам; ҳар вақт, ки мехоҳед ҳамроҳи фарзандонатон (баҳор, тобистон, тирамоҳ (поиз)), биёед; боист рафтуомад кунем, расму оинҳои миллии худро аз нав эҳё намоем. Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдӣ ва Ҳофиз моли мо – ориёитаборону форсизабонон, аст ва андешаи (эҷодиёти) Мавлавӣ ё эъломияи Куруши Кабир мутааллиқ ба башарият аст».
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханони кӯтоҳ, аммо нағз ва санҷида бар чанд нукта таъкид мекунад:

1.  Лағви раводид ё ба таъбири тоҷикӣ: бекор кардани раводид. Ин кор бояд солҳо пеш мешуд. Лағви раводид барои ташвиқ ва тасҳил ва тарғиби мардум ба ҳузури бештар дар ду кишвар аст; барои эълони эътимод, дӯстӣ ва бародарист. Барои тақвияти иртибототи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ аст. Ба шарте ки муроқиб бошем, ҳудуд ва марзҳои ин иртибототро риоят кунем.

2.  Таъкиди он ки, мо як мардум ҳастем ва фарҳангу таърихи муштарак дорем. Муштаракоти таърихии се кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ба ду давра тақсим мешавад: қабл ва баъд аз давраи ислом. Бидуни таваҷҷуҳ ба яке, дигаре бесамару беҳосил аст. Ифтихороти илмиву ҳунарӣ ва фарҳангии Эрони бузурги ҳафтҳазорсола, ки дар таснифу таълиф ва санъат ҳамоварди тамаддуни Чин ва Юнон буд.  Дар ин маврид Гегел, файласуфи шаҳири олмонӣ, дар китоби «Ақл дар таърих» менависад: «Таърихи ҷаҳонӣ бо Эрон оғоз мешавад, бо Куруш. Чун Куруш буд, ки барои аввалин бор як давлати дар маънои дақиқи имрӯзини он дуруст кард». Ин нуктаест, ки Эмомалӣ Раҳмон беш аз мо бад-он эътиқод дорад, андешаи эрониро як суннате медонад, ки дар давраи исломӣ ба шакли мумтозе идома ёфт ва нисбат ба аъробӣ бартарият пайдо кард. 

3.  Масъалаи эҳёи расму оинҳои куҳани муштарак. Дар ин ҷумлаи кӯтоҳ ду нуктаи муҳим нуҳуфта аст: эҳёи расму оинҳои гузашта аз оинҳои миллии Наврӯз, Чила, Сада, Меҳргон. Ин бад-он маъно нест, ки гузаштаи худро нақд накунем ва дини зартуштиро биситоем ва бедодии шоҳону ситами Муғонро нодида бигирем. Мо бояд ба андешаҳои тамаддунӣ ва низ оинҳои миллӣ, ки муҷиби ҳамгароиву хешиву наздикии мардумони форсизабону ориёитабор мешавад, таваҷҷуҳ кунем. Эмомалӣ Раҳмон муътақид аст, ки нишот ва шодмонӣ омили эътимоду умедворӣ ва самимият аст, барои ҳамин ин байти маъруфи Рӯдакиро бар забон ҷорӣ кард: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Яъне, бо сулҳу дӯстӣ ва иштирокоту пайвандҳои отифӣ метавон иртибототи байни ду кишварро устувор сохт.

4.  Бино ба гуфтаи дигари Эмомалӣ Раҳмон, мо як мардумем, забон ва мероси муштараки таърихӣ дорем. Мазмуни сухани ишон ин аст, ки мафохири адабии мо мутааллиқ ба форсизабони ҷаҳон аст; мутааллиқ ба касонест, ки забон ва андешаи Рӯдакиву Фирдавсиву Низомӣ, Саъдӣ ва Ҳофизро мефаҳманд. Эмомалӣ Раҳмон медонад ва дар китоби таърихии худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ишора карда, ки Фирдавсӣ намоди хирадварзист ва ҳувияти миллии мардумони Эрон ва тоҷику Афғонистон дар «Шоҳнома» таҷаллӣ мекунад. 
Кош ин дидор сабаб шавад, ки ҳам шеъри "Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме" дар кутуби дарсии форсӣ изофа шавад ва пешниҳоди бону Жола Омӯзгор амалӣ гардад. Ин бону дар сафари ахираш ба Тоҷикистон хоҳиш кард, то муште аз хоки Рӯдакӣ ба шаҳре дар Хуросон мунтақил ёбад ва ёдмоне барои ӯ сохта шавад.

5. Эмомалӣ Раҳмон ба маншури Куруш ишора кард, ки мутааллиқ ба фарҳанг ва таърихи муштараки мост. Лавҳе аст аз гили пухта, ки соли 538 пеш аз милод ба фармони Куруш, подшоҳи бузурги Ҳахоманишӣ, нигошта шуд ва акнун дар осорхонаи Бритониё нигаҳдорӣ мешавад. Матни ривояте аст аз фатҳи Бобил, ки дар он сулҳу дӯстиро тазмин мекунад. Рӯйкарди Эмомалӣ Раҳмон ба пешинаи тамаддунии сарзамини ниёгон, асоси ин ифтихорот аст, ки дигар миллатҳо бад-ин поя ва аз ин шукӯҳу азамат бебаҳраанд. 

6. Эмомалӣ ва таъсиси анҷумани "Пайванд" дар Тоҷикистон.
Медонем, ки забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарии Афғонистони се лафз ва қадимаанд ва ҳар се як маънову мазмунро доранд, бо тафовутҳои дар қадимиву гӯйиш ва гунаи забонии шаҳрҳову манотиқи мухталиф.
Кори бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмон кард, таъсиси анҷумани "Пайванд" буд ва ӯ ҳар сол аз саросари ҷаҳон бузургоне аз ҷавомеи форсизабони муқим дар кишварҳои мухталифро ҷамъ мекунад ва бар ҳамандешӣ ва иттиҳоду пайвандҳои забонӣ таъкид месозад. 
Ба назарам, сафари ахири доктор Масъуди Пизишкиён, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, сарфасли муҳиме барои таҷдид ва тақвияти пайвандҳои сиёсӣ ва фарҳангист ва бояд онро фоли нек донист, ки ба қавли Ҳофиз «...ҳоли наку дар қафои фоли накуст» ва бояд дар масири идеяҳои муштарак гом бардошт.

Акбари ЭРОНӢ,
роҳбари Муассисаи пажӯҳишии мероси 
мактуб дар Теҳрон,
доктори илмҳои суханшиносӣ, 
дастхатшинос

Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив