АРТИШИ МИЛЛӢ. МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Тавре борҳо таъкид шудааст, Артиши миллии Тоҷикистон сиву ду сол муқаддам дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд. Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи Фронти халқӣ ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, созмон ёфт. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз санаи расмии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат се давраи асосиро марҳала ба марҳала пушти сар намуд. Аз ҷумла, давраи сохтмон ва ташкилу фаъол намудани мақомоти идории ҳарбӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии навъи қӯшунҳо ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии давлат мебошанд. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун, яъне Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал фаъолият менамоянд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа, ҳамзамон, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, донишкадаву литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-техникӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусият ва ҳадафу вазифаҳои таъиноташон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд. Мусаллам аст, ки омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ба таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ робитаи мустақим дорад. Афсарони касбӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, асосан аз ҳисоби Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои ба мо дӯсту ҳампаймон ва шумораи зиёдашон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ки онро ҳамасола курсантон аз рӯйи 18 ихтисоси низомӣ хатм менамоянд, омода мешаванд.
Дар робита ба ин, мушаххасан метавон қиёс намуд, ки агарчи давоми солҳои 1993-1997 шумораи умумии афсарони касбӣ дар Артиши миллӣ тақрибан 5 дарсадро ташкил медод, тайи 32 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз фоизи зиёди сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаро афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисони низомӣ дар ин мактабҳои олии ҳарбӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ, аз мушкили норасоии афсарони касбӣ раҳоӣ ёбад.
Фаридун Маҳмадализода, роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиа, иброз дошт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷ муносибатҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳкиму густариш ёфтаанд. Дар ин замина, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон низ ривоҷу равнақ ёфта, айни замон Вазорати мудофиаи мамлакат бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар самту соҳаҳои гуногун ба роҳ мондааст. Ҳамкориву ҳамоҳангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, асосан дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва дар дигар самтҳо густариш меёбанд.
Дар партави таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар баробари дигар имтиёзҳои ҷорӣ ба ҳомиёни Ватан, ҳамзамон, баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ғамхориҳои дигари Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, зимни ироаи паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ чанд маротиба зиёд карда шудааст.
Дар пайи ин, афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.02.2025 №: 42