ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ҲУСНИ НЕКИ ҲАМСОЯДОРӢ БА АСЛИ ХУД БАРГАШТ

18 март 2025, Сешанбе
27


Сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар саҳифаи нав кушод. Дар доираи ин сафари пурмаҳсул ва имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ 13-уми март гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Кайрағоч” боз гардида, сокинони ду ҷониби марз дар фазои мутантану идона ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. 

Бахтовари Усмон, сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара, бо қаноатмандӣ аз ин рӯйдоди фараҳафзо дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин гуфт: 
– Имрӯз халқи тоҷику қирғиз шаҳди меваи саодати сулҳу дӯстиро чашиданд ва мамнуну сарбаланд ҳастанд. Хонаи ман ҳам дар наздикии сарҳад аст, аниқтараш дар даромадгоҳи Ворух. Вақте сохтмон кардам, он замон ҳамдигарнофаҳмӣ набуд, аз дӯстони қирғиз таҷҳизоти зарурии сохтмонро мегирифтам. Ба ҳамдигар дар сохтмони манзилҳо ёрӣ мекардем. Ба тӯйи суннатии фарзандонам бародарони қирғизро хабар кардам, омада  ба шодии мо шарик шуданд. Муносибати хуб доштем. Аммо чанд соли охир  якдигарнофаҳмӣ ба миён омад ва ин робитаҳо канда шуданд. Чи қадар  хуб аст, ки мо дубора ба сулҳу дӯстӣ расидем. Албатта, инҷо талошҳои  сарварони ҳар ду давлатро бояд зикр намоем ва арҷ гузорем. Хизмати онҳо бузург аст ва инро таърих фаромӯш нахоҳад кард.
Албатта, ливои чунин ифтихор аз сулҳу дӯстӣ дар саросари кишвар мавҷ мезанад. Чуноне ки дар Қирғизистон тоҷиктаборони зиёде зиндагӣ мекунанд, дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони қирғизтабор зиёданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом наздик ба 60 оилаи қирғизтабор зиндагӣ мекунад ва аҳли деҳа паёми фараҳбахши кушодашавии марзҳоро бо руҳияи идона истиқбол гирифтанд.
– Мо ҳамеша бо мардуми қирғизтабори шаҳр дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунем. Аз суҳбатҳову мулоқот ва вохӯриҳое, ки пайваста бо сокинони деҳаи Санҷидзор доир мекунем,  муҳаббати онҳо ба Тоҷикистони азиз эҳсос мешавад. Кушода шудани марзҳо мардуми ин деҳаро хеле руҳбаланд намуд, зеро имкони рафтуомад бо пайвандони хешро пайдо карданд. Ин беҳтарин ҳадияи наврӯзии cарварони давлатҳост, – мегӯяд Фирӯза Шерматова, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом.
Мусаллам аст, ки боз шудани марзҳо ва барқарор гаштани муносибат имкониятҳои нави ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиро фароҳам меорад. Ҳар ду кишвар дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш ҳамкории бештар хоҳанд дошт.
Гулзода Сатаналиева, шоири қирғиз, дотсенти Донишгоҳи қирғизӣ-туркии “Манас” паёми шодбошии хешро аз шаҳри Бишкек ба мардуми тоҷик, бавижа аҳли илму адаби Тоҷикистон расонда, аз он ки ҳамкориҳои  илмиву адабии Тоҷикистону Қирғизистон ба зинаи нави рушди хеш мерасад, изҳори шодмонӣ кард.
– Бовар дорам, ки минбаъд робитаҳои адабии мо ба  сатҳи нави худ  мерасад ва ба зудӣ шабҳои шеъри тоҷикиро дар Қирғизистон ва шоми дӯстии шоиру нависандагони қирғизро дар Тоҷикистон баргузор хоҳем кард. Давлат ва мардуми мо бояд ин имкониятро истифода баранд, то ки барои ояндаи беҳтар дар минтақаи Осиёи Марказӣ шароит муҳайё созанд, – мегӯяд ӯ.
Боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки баъд аз чанд сол ба вуҷуд омад, имкониятҳои фаровони равобити ҳасанаро ба вуҷуд овард. Ин дастовард барои таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳо дар минтақа муҳим аст. Махсусан, имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллатҳо арзишмандтарин неъмат аст. Ин созиши таърихӣ, ки мавриди истиқболи кишварҳои минтақа ва тамоми олам гардид, метавонад, ҳамчун намунаи хуби ҳалли баҳсҳои марзӣ дар атрофу акнофи олам хизмат кунад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58