"ДАТКА – СУҒД". БАИСТИФОДАДИҲИИ ХАТТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ 500 КВ ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ CASA-1000 АСТ!

08 апрел 2025, Сешанбе
12
Яке аз воқеаҳои фараҳбахш зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба кишвари мо баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” буд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 бунёд ёфт.
Ин тарҳ, ки Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ пайванд карда, пули мустаҳками энергетикиро ба вуҷуд меорад, мавриди таваҷҷуҳи доираҳои хабарии байналмилалӣ қарор гирифт.
ИҚТИДОРИ ЭНЕРГЕТИКИИ МИНТАҚА АФЗУН МЕГАРДАД
Тавре портали интернетии «Energy.Land.info» менависад, хатти нави барқ зеристгоҳи "Суғд-500"-ро, ки дар рустои Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд воқеъ аст, бо зеристгоҳи "Датка"-и деҳаи Акмани ноҳияи Бозор-Қӯрғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бо ҳам пайваст. Тибқи ин лоиҳа, содироти неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ба роҳ монда мешавад. Арзиши лоиҳа 1,2 миллиард доллари ИМА буда, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мегардад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳа, неруи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон (ба масофаи 480 километр) ва аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон (ба масофаи 789 километр) интиқол меёбад.
Агентии “Анадолу” мавриди истифода қарор гирифтани ин хатти барқро воқеаи муҳим хонда, дар такя ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ дар шакли видеоконфронс баистифодадиҳии онро таъкид мекунад. “Аз рӯи ин тарҳ, неруи барқи изофие, ки дар фасли тобистон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон истеҳсол мешавад, ба Афғонистону Покистон содирот мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” иқтидори системаи энергетикии минтақа афзун гашта, талафот коҳиш меёбад”, – илова мекунад агентӣ.
САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ ҲАМКОРИҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶАНУБӢ
Сомонаи “Eurasia Today” ба замони оғозёбии татбиқи лоиҳа дар соли 2016 таваҷҷуҳ карда, зикр менамояд, ки хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои истифода омодаанд. Дар идома, бо зикри баррасӣ гаштани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва фарҳанг миёни ду кишвар, тавофуқҳои бадастомадаро барои ба марҳалаи нави рушд баромадани муносибатҳо ва таҳкими ҳамсоягии нек муҳим мешуморад.
“Лоиҳаи CASA-1000 дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ саҳифаи нав кушода, ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад”, – омадааст дар сомонаи расмии Президенти Қирғизистон.
ЛОИҲАИ БЕНАЗИРУ НОДИР
Воқеан ҳам, CASA-1000 лоиҳаи беназиру нодир буда, дар оянда рушди устувори энергетикии минтақаро таъмин месозад. Доир ба аҳамияти лоиҳа, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода чунин ибрози назар кард:
– Чунин лоиҳа то ҳол на дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва на Осиёи Ҷанубӣ татбиқ нашуда буд. Бунёди инфрасохтори барқӣ ва гирифтани даромад аз ҷониби ширкатҳои энергетикӣ як қисмати лоиҳа бошад, аҳамияти иҷтимоиву иқтисодиаш барои маҳаллаҳое, ки дар долони гузариши ин хатти интиқоли барқ ҷойгиранд, паҳлуи дигари он аст. “Датка – Суғд” хатти интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбанда аст, ки барои интиқоли неруи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва, ҳамзамон, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ҷануби Қазоқистон пешбинӣ шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Покистон зиёда аз 90 дарсади корҳо сомон ёфта, соли ҷорӣ пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар назар аст. Ҳамзамон, интизор меравад, ки дар Афғонистон низ корҳои сохтмонӣ соли 2027 ба анҷом расанд.
Бо татбиқи лоиҳаи CASA-1000 марҳалаи нави рушд дар низоми энергетикии минтақа фаро мерасад. Чуноне моҳи июли соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000 таъкид намуданд: “Татбиқи самаранок ва саривақтии лоиҳа намунаи дурахшони ҳамбастагии мо дар дастёбӣ ба рушди устувор мебошад”.
Умуман, иқтидори энергетикии Осиёи Марказӣ басо бузург асту ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба он таваҷҷуҳи хос дорад. Чуноне Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» дар шаҳри Самарқанд иброз дошт:
– Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги энергетикӣ мебошанд. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо ба энергияи тоза дар минтақа сармоягузорӣ мекунад. Масалан, бояд аз неругоҳҳои азими барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон ёдовар шавем. Ин неругоҳҳо на танҳо энергияи кофиро барои кишварҳои худ тавлид мекунанд, балки онро ба мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ содирот хоҳанд намуд. Барои таъмини иншооти стратегии соҳаи саноат ва долонҳои нақлиётӣ бо энергия низ мусоидат менамоянд. Ҳамин тавр, ин лоиҳаҳо ба манфиати ҳамагон нигаронда шудаанд, ки истиқлолияти энергетикиро таъмин, робитаҳои тиҷоратиро беҳтар карда, барои тамоми сайёра ҷиҳати ҳифзи иқлим ва табиати он судовар хоҳанд буд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67