ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои хастагинопазирашон вобаста ба дубора боз шудани сарҳад бо кишвари дӯсти Қирғизистон бори дигар марди сулҳовар ва оштидӯст будани худро собит карданд. Ин марди оқил ҳанӯз дар поёни асри ХХ бо садои фардосози “Ман ба шумо сулҳ меорам!” сари кор омада буданд ва инак дар баҳори соли 2025 низ баҳори сулҳу оштиро ба суди ду кишвар оварданд. Дар ин росто, нақши Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, низ шоистаи таҳсин аст.
12-13-уми марти соли 2025 Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафтанд. Мувофиқи меъёрҳои дипломатӣ сафари давлатӣ бозгӯйи дар сатҳи баланд будани муносибатҳои дуҷонибаро ифода намуда, дар ин сафар масъалаҳои хеле муҳими милливу сиёсӣ баъди баррасӣ ҳалли худро ёфтанд.
Воқеан ҳам, сафари давлатии Сарвари кишвари мо дар Қирғизистон бо шукӯҳи ташрифоти расмӣ ва меҳмоннавозии хоси мардуми қирғиз баргузор гардид. Ин далолат аз он медиҳад, ки ҳамсояи мо ҳам принсипҳои расмии ташрифотӣ ва ҳам анъанаи неки меҳмондориро бо сари баланд анҷом дод. Дар бораи таърих, моҳият ва аҳамияти сафари давлатии Пешвои миллат ба Қирғизистон аксари коршиносон андешаҳои худро иброз доштанд. Бинобар ин, мехостам, чанд нуктаи назари худро дар бораи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон изҳор намоям.
Аввал ин, ки “дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад”. Ин мавқеи сиёсӣ аз солҳои аввали бозгашти истиқлоли давлатии мо оғоз ёфта, тули ин солҳо таҳти роҳбарии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт.
Давлат ва роҳбарияти мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамеша ҷонибдори эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ буданд ва ҳастанд, ки ин шоёни ибрату таҳсин аст. Зеро бо гувоҳи таърих доштани ҳамсоякишварҳои орому осуда ва пешрафтаву мутараққӣ барои кулли давлатҳо, аз ҷумла кишвари мо низ, аҳамияти бузург дорад. Чунки аксарияти барномаву лоиҳа ва стратегияҳои муҳими иқтисодиву коммуникатсионии мо бо доштану будани чунин ҳамсоякишварҳо амалӣ ва татбиқ хоҳанд гашт. Ҳатто, бо доштани чунин ҳамсоя ҷалби сармояву сармоягузорон ва зиёд шудани сафи сайёҳон низ оварда мерасонад. Масалан, пас аз барқарории ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегӣ бо Ӯзбекистон, имрӯз мо ба натиҷаву дастовардҳои баланди инсонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ ноил гардидем.
Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз мақому мавқеи баланди инсонӣ кор гирифта, бо нигоҳи хирадмандона пайи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тайи чанд соли охир бардошту бархӯрдҳои ҳамсояҳоро таҳаммул ва ҳазм мекарданд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки маҳз чунин мавқеи Сарвари давлат буд, ки кишвару мардуми мо ба чунин натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи ҳалли чунин баҳсҳои марзӣ нишон дод, ки ҳар як тарафи сеюм ва ё ки миёнарав пеш аз ҳама пайи татбиқи манфиатҳои худ ҳастанд ва одатан ворид шудани чунин “сулҳхоҳон” ба раванди музокира, баръакси натиҷаи дилхоҳро медиҳад. Аммо боварӣ ба санадҳои таърихӣ ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат буд, ки ин баҳси марзии чандинсола дар байни ду давлату ҳамсояи наздик ҳалли худро ёбад. Воқеан, бори дигар Пешвои миллат ба ҷомеаи башарӣ исбот карданд, ки ҳомии сулҳ ва пуштибони амнияту суботи ҷаҳонӣ мебошанд. Ва аз ҳама муҳим, бо ин дастовард ҳам роҳбарият ва ҳам давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи башарӣ паём доданд, ки ҳама баҳсҳоро метавон бо роҳи сулҳу гуфтушунид ҳал намуд. Бузургони мо ба он маънӣ, ки танҳо хирадмандон сулҳоваранду пайи ҷангу низоъ намераванд, садсолаҳо пеш фармудаанд:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг!
Нурулло Нуриддинӣ БАДАЛЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.04.2025 №: 68
