ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН, КИ КОМИЛ ДИЛ БА БОР ОРАД…
Баҳор мавсими шинондани ниҳолон маҳсуб мешавад. Басо рамзист, ки дар рӯзҳои наврӯзии соли 2025 ба ҷуз аз ниҳолон, ба хотири сабзу шукуфоӣ ва зиндагии пурнеъмат, ҳамчунин ниҳоли дӯстӣ низ дар марзҳои дил шинонда шуд. Пас аз сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ифтитоҳи марзҳои бастаи байни ин ду давлат шодиву нишоти сокинонро ҳадду канор нест. Истиқболи гарми сокинони ду кишвари ба ҳам дӯст бори дигар исбот намуд, ки барои инсон неъмати бузургтарин маҳз сулҳ, оромиву амонӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ аст.
Руҳияи нишотбахши мардуми водии Фарғонаро боз як иқдоми раиятпарваронаи Роҳбари давлати тоҷикон гуворотар намуд. Пешвои муаззами миллат бори дигар хирадмандӣ, тавоноӣ, сулҳдӯстии худро амалан исбот карданд. Яке аз суннатҳои деринаи наврӯзӣ, ки аз моварои ҳазорсолаҳо об мехӯрад, тараннуми дӯстӣ, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, берун кардани кинаву кудурат аз дилҳост, ки ин оин ба иҷро расид.
Хуҷанди бостонӣ, шаҳру навоҳии Гулистон, Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров чанд рӯзи наврӯзӣ идгоҳи ҳақиқиро мемонданд. Кӯчаву хиёбонҳо, ҳатто ҳавлии одамон ғарқи гул ва дар чеҳраи сокинон шодиву нишот ҳувайдо буд.
Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд. Аз ин пас сокинони ҳар се кишвар метавонанд тавассути гузаргоҳи сарҳадии Лаккон (марзи муштарак), бемамониат рафтуо кунанд, хешу табориро идома диҳанд ва бо ҳамдигар табодули молу коло намоянд. Ин рӯйдоди бузург намунаи олии ватандорӣ, ҳусни ҳамсоядорӣ аст, ки аҳли ҷаҳонро ба ваҷд овард.
Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки бо эҳтимоми Президенти мамлакат навсозӣ шуд, макони асосии ташрифи роҳбарони давлатҳо гардид. Намояндагони ин ду миллати ҳамсоя аз маҳорати устоҳои чирадасти халқи тоҷик, риояи урфу одатҳои қадима, ҳунару ҳунармандии мардум дар ҳайрат афтоданд. Садои мусиқии суннатии халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз ба фазо мепечид. Фикр мекунам, дар ин лаҳзаҳо руҳи бузургони се давлат – Мирзо Турсунзода, Абдулло Орифов ва Чингиз Айтматов шод гардид.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд. Ин ҷо садҳо санъаткорони номии ҳар се давлат бо сурудҳои ҷаззоб дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилиро тараннум карданд. Суруди “Офтобо бори дигар...” фазои наздик ба 30-ҳазорнафараи аҳли санъат ва ҳунар, тамошобинонро ба пояндагӣ, устуворӣ талқин намуд. “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...” вирди забонҳо шуд. Дар фароварди чорабинӣ дар осмони ваҳдат тавассути дронҳо манзараи дӯстии халқҳо инъикос шуд, ки хотири аҳли нишастро шод сохт.
Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН