ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН, ӮЗБЕКИСТОН. САҲМИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҚВИЯТИ ДӮСТӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ ҲАМҶАВОР
Тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки имсол беш аз ҳар вақти дигар ғулғула андохт, аз қалби Тоҷикистон то ба гӯши аҳли олам расид ва номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шабу рӯз бори дигар дар саросари дунё чун нафари сулҳҷӯву сулҳхоҳ вирди забонҳо гашт. Чеҳраҳои саршиноси олами сиёсату фарҳанги ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳоварии Сарвари давлат гуфтанду аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, то соири кишварҳо ба Ҷаноби Олӣ номаҳои шодбошӣ ирсол намуданд.
САҲИФАИ НАВУ ТОЗА ДАР КИТОБИ СУЛҲИ ОЛАМ
Билохира, Тоҷикистон бо хиради волои Сарвари худододаш ба баҳси 100-солаи марзӣ бо ҳамсояи наздикаш – Қирғизистон на танҳо нуқта гузошт, балки Аҳдномаи дӯстии ҳамешагиро бо ин кишвар ва ҳамсояи дигарамон Ӯзбекистон ба имзо расонд, ки саҳифаи тозаву ибратомӯзи китоби сулҳи дунёст. Танини Наврӯз аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, аз Хуҷанди бостон то Самарқанди куҳандиёр рафту ҳама ҷо як сухан буд: нақши барҷаставу мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои ҳасана миёни кишварҳову эътирофи Тоҷикистон.
Дар рӯзҳои тантанаи наврӯзӣ Тоҷикистон ид дошт; иди 6000-сола, ки асолати таърихии моро бозгӯст ва иди дӯстӣ бо ду ҳамсояе, ки аз қадим бо мо решапайванданд. Риштаҳои ин дӯстӣ дар куҳаншаҳри ҳамешаҷавони мо Хуҷанди нозанин боз ҳам устувор гашт. Дарвоқеъ, Наврӯзи Хуҷанд танҳо таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ набуд, балки барои ба сатҳи нав баромадани муносибатҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон як қадами пурарзиш маҳсуб меёбад.
Шаҳомати ин муносибатҳоро дар нигоҳи аввал фурудгоҳи ғарқи гули шаҳри Хуҷанд бо парафшонии парчамҳои давлативу аксҳои сарварони давлатҳо, насби шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии мардумони се кишвари ҳамсоя ифода карда, суруду мусиқӣ шодиву сурури моро дар пардаи навоҳои дилангез ба ҳамсояҳо иброз медошт.
БАРРАСИИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА
Зимни мулоқот ҷонибҳо имзои Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Датка – Суғд»-ро дар доираи татбиқи лоиҳаи САSА-1000 байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯйдоди таърихӣ номиданд. Ҳамзамон, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро миёни ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ба манфиати тарафайн донистанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, омодагиашонро ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш, иброз доштанд.
ЛОИҲАЕ, КИ РУШДИ МИНТАҚАРО ТАЪМИН МЕСОЗАД
Бояд гуфт, ки яке аз воқеаҳои фараҳбахш зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба кишвари мо дар фазои тантанавӣ баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ-и “Датка – Суғд” буд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 бунёд ёфт. Ин тарҳ, ки Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ пайванд карда, пули мустаҳками энергетикиро ба вуҷуд меорад, як бори дигар номи Тоҷикистон ва Пешвои миллатро ба сархатти расонаҳои хориҷӣ баровард.
Тавре иттилоъ дода шуд, хатти нави барқ зеристгоҳи "Суғд-500"-ро, ки дар рустои Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд воқеъ аст, бо зеристгоҳи "Датка"-и деҳаи Акмани ноҳияи Бозор-Қӯрғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бо ҳам пайваст. Тибқи лоиҳаи CASA-1000, содироти неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ба роҳ монда мешавад.
Ҷониби Қирғизистон аз раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000 хуш пазироӣ менамояд. Аз ҷумла, дар сомонаи расмии Президенти ин кишвар омадааст: “Лоиҳаи CASA-1000 дар таърихи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ саҳифаи нав кушода, ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мусоидат менамояд”.
Таҳлилгарон CASA-1000-ро лоиҳаи беназиру нодир мехонанд, ки бо татбиқ ёфтани он марҳалаи нави рушди минтақа фаро мерасад.
АҲДНОМАИ ТАЪРИХӢ ДАР БОРАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМПАЙМОНӢ ИМЗО ШУД
Дар ин рӯз, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Хуҷанди бостонӣ ташриф оварданд, ки дар ҷараёни мулоқот роҳбарони давлатҳо аз аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ёдовар шуда, онро боз як далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии ду давлат номиданд.
Имзои Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ, ки баъди мулоқоти хоса дар фазои мутантан сурат гирифт, аз сатҳи нави ҳамкорӣ бо ин кишвари дӯсту бародар дарак медиҳад.
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...
Аз пайвандшавии нуқтаи марзии се кишвар то Эъломияи дӯстии абадӣ
Дар мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, бо зикри ҳадафҳои волои он, чун инсондӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият, баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро рӯйдоди басо муҳим унвон карданд. Изҳори итминон шуд, ки бо имзо шудани ин санади таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Қирғизистону Ӯзбекистон марҳалаи сифатан нави рушд оғоз ёфт.
Ниҳоят, пас аз анҷоми музокироти сеҷониба, сарварони давлатҳо Шартномаи болозикр ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд.
Сипас, бо иштироки роҳбарони се кишвар маросими ифтитоҳи фосилавии сутуни рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон доир гашт, ки ифодагари дӯстии ҷовидонаи мо бо ҳамсоягон аст.
Садои карнайю сурнай дар нуқтаи пайвандшавии сарҳадҳои давлатӣ танин андохт, ки овозаи дӯстии абадии мардумони тоҷику қирғизу ӯзбекро ба соири кишварҳои олам бурд. Аз шаш қитъа бо мо ҳамовоз гаштанду ин фархундарӯзро табрикамон гуфтанд, ки, воқеан, як саҳифаи дурахшони давлатдории миллист.
ШАҲОМАТИ ҚАЛЪАИ ХУҶАНД – ШАҲОМАТИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Дар Маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд маҳсули дасти ҳунармандони тоҷику қирғизу ӯзбек чун рамзи муштаракоти фарҳангии се кишвар ба намоиш гузошта шуд. Шаҳомати Қалъа бошад, шаҳомати таърихи миллати тоҷикро ифода мекард. Аз саҳн то дохили бино фазо идона буд: гӯшае варзишгарон қувва меозмуданду аз кунҷи дигар навоҳои тарабафзо баланд мегардиданд ва зери онҳо духтарону бонувон хиромон ба рақс меомаданд. Кӯдакон ба пешвози меҳмонони воломақом сурудҳои сияҳгӯшу бойчечак замзама мекарданд. Ҳама шодмонӣ доштанд, аз дӯстии ҷовидонаи се халқ...
Меҳмонони воломақомро бо садои карнайю дойра пешвоз гирифтанд. Дар растаҳои ҳунармандӣ барномаҳои кӯтоҳ, вале ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сарварони кишварҳо гашт, ки боз ҳам дар онҳо садои дӯстӣ баланд буд.
Дар саҳни ҳавлии Қалъа ба сарварони давлатҳо, ҳамчунин, намоиши хӯрокҳои миллии се кишвар ва шириниҳо пешниҳод гардид, ки хони ороста бо “ҳафтсин”-у “ҳафтшин” ва “ҳафтмим” ҷузъе аз ойини наврӯзиро бозгӯӣ мекард.
Аҳли фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон намоиши театриро таҳти унвони “Меҳрнома” манзури меҳмонон гардонданд, ки басо ҷаззобу хотирмон буд.
АЗ ТАНТАНАҲОИ ХУҶАНД ТО ҲАМОИШИ САМАРҚАНД
Бо чунин таассуроти нек сарварони кишварҳо ба барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз расиданд, ки танини он аз фазои Хуҷандшаҳр ба кулли дунё печид. Бо пайки Наврӯз ба диёри мо баҳори дӯстӣ омад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш меҳмонони олимақомро хушомадед гуфта, аз нақши таърихии Наврӯз ёд оварданд: “Боиси фараҳмандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардондани анъанаҳои неки он – бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то рӯзҳои мо расондаанд. Ин Ҷашн тули асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд”.
Президенти кишвар имзои санади таърихӣ – Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро воқеаи фараҳбахш номида, изҳори итминон карданд: “Аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.
Пас аз суханрониҳои табрикии роҳбарони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев чорабинии бошукӯҳи наврӯзӣ оғоз ёфт, ки дар пардаи навоҳои дилангез паёми дӯстию бародарӣ ва ҳамсоягии некро аҳли фарҳангу санъат ба самъи тамошобинон расонданд.
Парчамҳои давлатӣ, аксҳои роҳбарони давлатҳо, харитаҳо болои варзишгоҳ як-як намудор мегаштанд, модари дастбадуо барои саодати абадии халқҳо ва дӯстии ҷовидонаи онҳо чун фариштае падид омад. Тамоми Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон бо ӯ ҳамовоз гаштанд ва таманнои бегазанд мондани ин пайвандро карданд.
Бо ҳамин, тантанаи Наврӯз аз Хуҷандшаҳр ба Самарқанди бостон рафт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдори ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” буданд.
ДАР САМАРҚАНД НИЗ СУХАН АЗ ДӮСТӢ БУД
Дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки 3-4-уми апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, сухан аз сулҳофарии Сарвари давлат ва дӯстии мардумони тоҷику қирғизу ӯзбек мерафт. Аз ҷумла, Президенти кишвар бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот карданд, ки масоили ҳамкории Тоҷикистон бо шарики муҳимаш дар арсаи байналмилалӣ – Иттиҳоди Аврупо, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Антониу Кошта ба ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳ карда, Сарвари давлат ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт.
Дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” номи Тоҷикистон ва Сарвари давлат вирди забони иштирокдорон гашт. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни паёми шодбошии худ аз аҳамияти таърихии баимзорасии Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ёдовар шуда, таъкид сохт, ки СММ аз иқдомоти минбаъда барои таҳкими эътимод ба ҳамдигар, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол ва ташвиқ мекунад.
Ҳамин тавр, Наврӯзи имсола дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик рӯйдоди тақдирсозу таърихӣ шуд, ки бори дигар Тоҷикистон ва Сарвари онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сулҳофару сулҳҷӯ ва ҳомии арзишҳои неки мардумсолориву ҳамсоядорӣ муаррифӣ кард.
Комрон САФАР, журналист
Санаи нашр: 17.04.2025 №: 74
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН