ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

21 апрел 2025, Душанбе
35
Мардуми тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлат буда, тули қарнҳои зиёд ба ҳамсоягон ва дигар кишварҳои дуру наздик муносибатҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ дошт. Дар заминаи таҷрибаи бойи таърихӣ ва истифодаи дастовардҳои гузаштагони хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол робитаҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳоро боз ҳам тавсеа дод.
Баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, бо давлатҳои хориҷа, махсусан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намояд. Кишвари мо аз оғози муносибот бо кишварҳои ҳамсоя равобити худро дар самтҳои гуногун ривоҷу равнақ дода, ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Яке аз ҳамсоядавлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон буда, миллати тоҷик ва қирғиз робитаҳои таърихӣ доранд. Қирғизҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва тоҷикон дар ҳудуди Қирғизистон ҳамчун шаҳрвандони ин кишварҳо сокин ҳастанд.
Ҷумҳурии Қирғизистон дар радифи аввалин кишварҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя 14-уми январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Тавре маълум аст, 12-13-уми марти 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафтанд ва ин сафар дар саҳифаҳои муносиботи ду кишвар марҳалаи навро оғоз бахшид.
Дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров 13-уми март дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Мувофиқи амри сарварони ду давлат рафтуомади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардид. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҷараён ва усулҳои муҳими муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (12-уми июли соли 1996, шаҳри Душанбе) ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ (26-уми майи соли 2004, шаҳри Душанбе) мебошанд.
Бо оғози кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, ки он 12-уми июли соли 1997 таъсис шудааст, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар аксари самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ рушд ёфта, тамоюли мунтазами афзоиши устувор ва мушаххаси нишондиҳандаҳои гардиши савдо ба чашм мерасид.
Шоистаи таъкид аст, ки таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, мунтазам доир намудани ҷаласаҳои он ба истилоҳ пуле барои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон гардидааст.
Дар маҷмуъ, дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди мустақил, саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро бо кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси принсипҳои эҳтироми истиқлолият, тамомияти марзӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ҳуҷум накардан ба ҳамдигар, ҳамзистии осоишта ба роҳ мемонад. Зиёда аз ин, принсипҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ, инчунин қонунгузории ҷумҳурӣ, аз қабили риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, таъмини ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Муҳаббатшо ҚОБИЛОВ,
дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии
ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77