АЗ ОСИЁ ТО АФРИҚОВУ АМРИКО. МИЛЛИОНҲО НАФАР ДАР ГИРДОБИ ГУРУСНАГӢ
Имрӯз дар кишварҳои ҷангзада гуруснагӣ торафт шиддат ёфта, боиси паҳншавии беморӣ ва марги одамон гаштааст. Барои мисол, вазъ дар қитъаи Африқо нигаронкунанда буда, 28 миллион сокини Ҷумҳурии Демократии Конго гуруснагиро аз сар мегузаронад, ки аз ин шумора 4 миллионаш ҳоли табоҳ дорад. Ва ё тибқи пешгӯиҳо, то охири сол гуруснагӣ ба ҳаёти 1,7 миллион кӯдаки то 5-солаи Сомали таҳдид мекунад. Вазъи ногувори сокинони навори Ғазза низ ҷомеаи ҷаҳониро ба изтироб овардааст. Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим дастрасии миллионҳо сокини сайёраро ба маводи ғизоӣ мушкил кардааст, ки андешидани чораҳои фавриро тақозо дорад.
АЗ ҲАИТИ ТО ҒАЗЗА
Шумораи гуруснагон меафзояд
Тибқи таҳлилҳо, 1,9 миллиард доллар лозим аст, то соли равон Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ба 49 миллион нафар ёрии фаврӣ расонад. Вазъ қариб дар ҳамаи гӯшаву канори олам ташвишовар аст.
Аз ҷумла, дар Ҳаити гурӯҳҳои ҷиноятпеша қариб 90 дарсади пойтахти он – Порт-о-Пренсро зери назорат гирифтаанд, ки аксар вақт гуруснагиро ҳамчун васила барои тарсондани мардуму нигоҳ доштани қудрат истифода мебаранд. Маҳз, ҳамин омил боиси ба гуруснагӣ мувоҷеҳ гардидани беш аз панҷ миллион нафар дар кишвар гардидааст. Дар ин миён, вазъи кӯдакон хеле нигаронкунанда арзёбӣ мегардад. Танҳо соли 2024 шумори тифлоне, ки бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шуданд, 19 дарсад афзудааст.
Дар Ғаззаи Фаластин вазъ печидатар гаштааст: захираи ғизо тамом мешаваду Исроил ду моҳ аст, ки ҳеҷ ёрии башардӯстонаеро иҷозати вуруд намедиҳад. Ҳазорҳо кӯдаку аҳолии осоишта аз гуруснагӣ мемиранд. Созмонҳо бонги хатар мезананд, аммо гӯши шунаво ку?
БУҲРОНИ ИҚЛИМ
Киҳо зарар мебинанд?
Ҷангу хунрезӣ як тараф, буҳрони иқлим миллионҳо нафарро ба гирдоби гуруснагӣ кашидааст. Хушксолӣ ҳаёти сокинони ҷануби Африқо, баъзе аз қисматҳои уқёнуси Ором ва "долони хушк"-и Амрикои Марказиро зери хатар гузошта, обхезии шадид дар Африқои Ғарбӣ хисороти зиёд бар ҷой гузошт.
– Ёрии фаврӣ ба соҳаи кишоварзӣ метавонад одамонро аз гуруснагӣ нигоҳ дорад, ҳатто дар вазъияти муноқишаву дигаргуншавии иқлим низ, – дар ин робита гуфт муовини аввали директори генералии Созмони кишварзӣ ва озуқавории СММ Бет Бекдол. – Аммо соҳа ба таври бояду шояд маблағгузорӣ намешавад. Ҳол он ки дар шароити буҳронӣ аз се ду ҳиссаи аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли маводи кишоварзӣ бо ғизо таъмин мегардад.
АИР “Новости” дар такя ба андешаи коршиносон менависад: "Дар ҷараёни тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, кишварҳои аграрие зарар мебинанд, ки рушди иқтисодиашон дар сатҳи паст қарор дорад. Агар раванди обшавии пиряхҳоро ба назар гирем, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Амрикои Лотинӣ бештар осебпазиранд, зеро манбаи асосии оби ин минтақаҳо пирях аст”.
КИҲО ОСЕБПАЗИРАНД?
Тибқи таҳлилҳо, тағйирёбии иқлим ба иқтисодҳои бузург низ бетаъсир намемонад. "Дар натиҷаи дигаргуншавии иқлим, ҳосили гандум, биринҷ ва ҷуворимакка дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Россия ва Украина коҳиш ёфта, метавонад дар бозори ҷаҳонӣ норасоиро ба вуҷуд орад”, – андешаашро иброз медорад коршинос Владимир Подопригор.
Ӯ сабабҳои ба буҳрони ғизоӣ рӯ ба рӯ шудани кишварҳоро низ шарҳ медиҳад. Барои мисол, Сомали, Эфиопия, Кения ва Нигер бар асари хушксолӣ ва обхезиҳои пайдарпай ба ин мушкил дучор мешаванду Ҳиндустон, Бангладеш ва Покистонро бошад, бар замми хушксолию обхезӣ, авҷ гирифтани муссонҳо таҳдид мекунад, ки ин ба камшавии ҳосили шолӣ ва гандум оварда мерасонад. Дар Ветнам, Камбоҷа ва Филиппин болоравии сатҳи оби баҳр ҳосилнокии биринҷро коҳиш медиҳад, дар Гватемала, Гондурас ва Салвадор хушксолию тӯфон ба истеҳсоли ҷуворимаккаю лӯбиё таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин, дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби баҳр ва шӯршавии хок, соҳаи кишоварзии Ҳаити, ҷазираҳои Фиҷи ва Саломон таҳдидпазиранд.
ИҚТИДОРУ ЗАХИРАҲОРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ
Чуноне ба назар мерасад, аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҳеҷ кишваре дар амон нест. Вазъи ноустувори сиёсии минтақаҳо, дар маҷмуъ, ба кулли дунё таъсиргузор аст. Аз ин рӯ, ҳар кишварро мебояд суботи сиёсиву иқтисодии худро дар ин раванд ҳифз намоянд.
Бо дарназардошти чунин ҳолат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аҳолиро ба истифодаи сарфакоронаи замин ва гирифтани чанд ҳосил аз он даъват мекунанд. Тавре соли гузашта дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон иброз доштанд: “Торафт шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии пайиҳам, моро водор менамоянд, ки барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон аз тамоми иқтидору захираҳои мавҷуда самаранок истифода барем”.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН