ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. НАҚШИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА КАМНАЗИР АСТ!
Дар таърихи башарият Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки даҳшатноктарин ҷанг буд ва 1418 рӯз идома ёфт, халқҳои гуногунмиллати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи он муборизаи беамон бурда, ғалабаи таърихӣ ба даст оварданд. Далерони Ватан на танҳо хоки ин кишвари паҳновар, балки бархе аз кишварҳои Аврупоро низ аз асорати фашизм озод намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи Ватан зиёда аз сесад ҳазор сарбоз сафарбар шуда, дар давоми қариб 5 соли ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар қурбон гардид. Барои саҳми бузург дар таъмини Ғалаба зиёда аз 56 ҳазор нафар тоҷикистонӣ бо ордену медалҳо қадр гашт, аз ҷумла 55 нафар ҳамдиёри мо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва 21 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф сарфароз шуданд.
Бо ифтихору қаноатмандӣ бояд иброз дошт, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми бонангу сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстонаю фидокорона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлоли пойдору боэътимод ва озодии мардуми Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад ва баъди ба даст овардани истиқлоли давлатии комил, аввалин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуштибонии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ нигаронда шуда буд.
Дар баробари ин, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пуштибонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон ҷоннисорию қаҳрамонӣ нишон дода, онро аз асорати фашизм озод карданд, самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Тибқи қарори сарварони кишварҳои аъзои ИДМ, имсол 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар ба даст овардану таъмини он саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён хеле назаррас аст, дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад ва ба ин хотир омодагиҳо дар кишварамон, аз ҷумла дар шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, вохӯрию суҳбатҳои собиқадорон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну касбомӯзони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дигар қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио ба хотири таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, инъикос намудани саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар таъмини Ғалаба, корнамоиҳои шабонарӯзии заҳматкашони ақибгоҳ, чорабиниҳо бо мақсади тарбия ва тадбирҳои ҳимояи марзу буми Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ва пос доштани хотираи қаҳрамонони абармард ва тарбияи ҷавонону наврасон ҳамчун давомдиҳандагони азму матонат ва иродаи қавии падарону модарон корҳои зиёде анҷом пазируфтанд.
Таърихро набояд таҳриф кард. Гузаштаро тамоман аз нав навиштан ғайриимкон аст, зеро он аз равандҳои сода ва мураккаб иборат аст. Ба ҳақиқати таърихи Ватани худ бояд бо ҳисси эҳтиром муносибат кард.
Ҳаштод сол пеш аз ин Ватани мо – Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳуҷуми хоинонаи Германияи фашистӣ дучор шуда буд. Аммо иттиҳоди сермиллат наҳаросид, дар набарди мудҳиш қаҳрамонона тоб овард, афсонаи мағлубнопазирии вермахтро барбод дод, замини хеш, инчунин дигар давлатҳоро аз асорати юғи фашистӣ озод намуд. Бар муқобили истилогарони фашистӣ мардуми ҳамаи ҷумҳуриҳои шуравӣ китф ба китф ҷангиданд. Дар солҳои ҷанг намояндагони зиёда аз ҳафтод миллату халқиятҳо ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардиданд. Дӯстии бародарона ва ёрии байниҳамдигарӣ ба зудтар барқарор намудани иқтисодиёти дар натиҷаи ҷанг харобгардида кумак намуда, барои рушди минбаъдаи он ва баланд шудани дараҷаи некуаҳволии мардум мусоидат намуд.
Маршали Иттиҳоди Шуравӣ Г. К. Жуков гуфта буд: «Заҳмати қаҳрамонона дар ақибгоҳ аз набардҳои бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳон кам нест».
Воқеан, аз рӯзҳои аввали ҷанг мардуми Тоҷикистон чун мардумони дигари Иттиҳоди Шуравӣ таҳдид ва оқибатҳои ҷангро эҳсос кард, ки ба сари миллатҳо ва Ватани мо омада буд. Ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи ихтиёрӣ ба ҷанг рафтан аризаҳои зиёд ворид мегардиданд. Дар солҳои ҶБВ мардуми якуниммиллионаи РСС Тоҷикистон (1 566 000), зиёда аз 100 ҳазор фарзандашро дар майдонҳои ҷанг аз даст дод, ки 34,5 фоизи иштирокчиёни ҷангро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ба ҷанг алоқаманд фаъолона ширкат намуд, аз ҷумла дар ташкили қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати ба фронт фиристондан саҳми назаррас дорад. То оғози ҶБВ ҳамватанони мо дар қисмҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла дар сарҳади Ғарбӣ, дар кишварҳои Беларус ва Бессарабия (Молдова) хизмат мекарданд. Дар остонаи шаҳри Лвов, дар ноҳияи Ровва Русский зиёда аз 400 нафар тоҷик дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуд. Онҳо ба ҳайати дивизияи 141-уми тирандозӣ шомил буданд ва роҳи ақибнишиниро, ки аз мавзеъҳои Тернопол, Наростени ва Бердичев убур мешуданд, ҳифз мекарданд.
Дар Қалъаи Брест чанд нафар пулемётчии тоҷик мубориза мебурданд. Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати шаҳри Москва дивизияи кӯҳии савораи дорандаи ордени Ленин ва Байрақи Сурх фиристонда шуда буд. Он дар ҳайати корпуси савораи дуюми генерал-майор Лев Доватор амал мекард ва чандин бор ба ақибгоҳи душман ворид гардида, зидди душман ҳамлаҳои марговарро ба вуқуъ мепайваст.
Ҷанговарони тоҷик дар ҳама набардҳои калону муҳими ҶБВ мардонавор меҷангиданд. Онҳо дар набардҳои Қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва шаҳрҳои дигар мардонавор ҷангиданд. Дар озод гардидани шаҳрҳои Ленингради ба муҳосира афтида, Курск фаъолона ширкат варзида, дар озод намудани Беларус, кишварҳои назди Балтика ва Полша саҳми арзанда доранд.
Дар миёни қаҳрамонҳо Саидқул Турдиев – аъзои Шурои Олии РСС Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи заминсозӣ, буд, ки аввалин шуда, ихтиёран ба фронт рафт. Ба ӯ баъд аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд. Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Фатҳулло Аҳмадов номи «Шикорчии паланг»-ро гирифт, пулемётчӣ, тирандози пушкаи 45-миллиметра, баъдан фармондеҳи қисми миномётчиҳо буд. Ӯ дар фронтҳои ғарбӣ ҷангида буд. Бо ордени Шараф дараҷаи III ва ордени Ленин сарфароз гардидааст. Соли 1944 дар 26-солагӣ фавтидааст.
Дар ин давра дар ақибгоҳ низ истеҳсоли ангишт, нафт, металлҳои ранга ва камёфт зиёд шуд, вале норасоии кадрҳои пуртаҷриба ва мутахассисони соҳавӣ ба назар мерасид. Инчунин, ашёи хом, қувваи барқ, нақлиёт ва сӯзишворӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набуд.
Дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ба фронт зарур, асосан, занҳо ва мардони калонсол заҳмат мекашиданд. Колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ ба истеҳсоли маводи зарурии стратегӣ – пахтаю абрешим машғул буданд.
Дар хоҷагии халқ ҳамон вақт 1427 отряди (гурӯҳи) ҷавонон ба қайд гирифта шудаву фаъолият мекард. Бахусус, ташаббуси занону ҷавонон дар он солҳо имконият дод, ки ҳаҷми истеҳсоли ангишт ба 40 ҳазор тонна расонда шуд.
Дар давоми солҳои ҷанг колхозчиён ва коргарони совхозҳо барои эҳтиёҷи фронт маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол намуданд. Бахусус, заҳмати зарбдоронаи истеҳсоли пилла ба назар мерасид. Он аз 13,1 фоизи соли 1941 то 61,5 фоиз дар соли 1943 зиёд гардид. Саҳми заҳматкашони деҳот дар ғалабаи иқтисодӣ беназир буда, 85 ҳазор нафар бону дар соҳаи истеҳсоли сабзавот мардонавор заҳмат мекашиданд. Масалан, бо ташаббуси Сайрам Собирова 165 духтар аз ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) касби тракторчиро аз худ кард ва дар хоҷагиҳо фаъолият дошт.
Дар давраи ҶБВ Тоҷикистон 650 ҳазор тонна ғалла, 36 ҳазор тонна гӯшт, 19 ҳазор сар асп, даҳҳо миллион қуттии консерв ва маҳсулоти дигари озуқавориро ба фронт дастрас намуд.
Дар ҷумҳурӣ миёни занон ташаббуси ватандӯстӣ васеъ паҳн гардида, касбҳои ба мардҳо хос аз худ карда шуданд. Масалан, дар конҳои истеҳсоли ангишт, аз ҷумла Шӯроб (шаҳри Исфара), қариб 800 нафар зан касбҳои ба мардҳо хоси ронандаи электровоз, тракторчӣ, челонгар, ронанда ва дар корхонаҳои нафтистеҳсолкунии шариконаи Осиёи Марказӣ бошад, касби оператори (танзимкунандаи) истеҳсоли нафтро аз бар карданд. Дар баробари ин, аз ҳисоби занҳо тирандозҳо, телефонистҳою радистонро омода мекарданд ва дар ин давраи хеле кӯтоҳ зиёда аз 3000 нафар ҳамшираи шафқат (тиббӣ) тайёр карда шуд.
Солҳои ҷанг Тоҷикистон барои мардумони хеле зиёд хонаи дуюм ба ҳисоб мерафт. Ба ҷумҳурӣ шаҳрвандони шаҳрҳои Ленингради дар муҳосирамонда, Москва, Киев, Минск ва шаҳрҳои дигар, инчунин, аз дигар минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шуравӣ интиқол ёфта буданд. Дар замини меҳмоннавози Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор ҳамватанон, аз ҷумла 10 ҳазор кӯдакону наврасон, ки зодмандонашонро гум карда буданд, макони зисти нав ёфтанд. Дар кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе (Сталинобод) 4 ҳазор кӯдаки шаҳрвандони интиқолшуда фаро гирифта шуд.
Дар давраи тобистону тирамоҳи соли 1941 ба Тоҷикистон бошандагони 14 хонаи кӯдакон, аз ҷумла 2 хонаи кӯдакон аз Ҷумҳурии Полша, кӯчонда шуд. Аксари онҳоро шаҳрвандони кишвари мо «Ту бепуштибон (сағира) нестӣ» гуфта барои тарбия ба хонаҳои истиқоматиашон бурданд.
Мусаллам аст, ки ин рақамҳо танҳо омор нестанд. Онҳо даъват менамоянд, ки мо бояд оқибатҳои ин ҷанги фоҷиаборро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки ба чи даҳшат оварда расонд, ба қадру қимати ҳаёти осоишта расем, зиракиро аз даст надиҳем ва ҷавононро дар роҳи садоқат ба ҳифзи марзу буми Ватан тарбия намоем.
Нависандаи саршинос – ҷангноманависи тоҷик устод Фотеҳ Ниёзӣ дар романи «Сарбозони бесилоҳ» навишта буд: «Мубориза барои Ғалаба, ки дар ақибгоҳ бурда мешуд, тавре ки яке аз қаҳрамонҳо мегӯяд, на камон буду на шинел, вале боқимондааш чун дар набард буд».
Дар давраи ҶБВ аз Тоҷикистон 150 вагон туҳфа, аз ҷумла ба Ленингради муҳосирашуда 50 вагон фиристонда шуд. Ҳамаи ин туҳфаҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои шаҳрвандони одӣ, ки аз либос, ҷӯробҳои гарму нарм ва лавозимоти шахсӣ иборат буданд, интиқол ёфтанд. Дар маҷмуъ, бо назардошти хариди лотереяҳо, заёмҳо ва ғайра ба фонди муҳориба зиёда аз як миллиард сӯм ворид шуда буд.
Ватан заҳмати бесобиқаи заҳматкашони ақибгоҳро қадр намуда, ҳазорҳо нафарро бо медали Барои хизмати шоён сарфароз намуд. Ҳазорҳо нафар заҳматкашони ақибгоҳ бо ордену медалҳо қадр шуданд.
Тирамоҳи соли 1941 ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) гурӯҳҳои ҳунарии интиқолдодашуда омаданд. Дар миёни онҳо ҳунармандони маъруфу шинохтаи театри эстрадии ҳаҷвии Аркадий Райкин, театри лӯлиҳои шаҳри Москва «Ромен», сирки Юрий Дуров ва ғайра буданд. Киностудияи «Союздетфилм» ва киностудияи шаҳри Одесса тавонистанд, дар Тоҷикистон фаъолияти минбаъдаашонро идома диҳанд. Дар ин миён, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Харков, Виннитса, Киев, Москва, Чернигов, Одесса, Ленинград, Ялта, Полтава, Гомел, Смоленск низ қарор доштанд.
Дар солҳои вазнини ҷанг гурезаҳоро бо манзили истиқоматӣ ва ҷойи кор таъмин намудан, барои фарзандонашон шароити муфид муҳайё намудан, кӯдакони бепарасторро қабул намудан, аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доштан бисёр кори вазнин буд.
Баъд аз хотимаи ҷанг, пеш аз маросими ба Ватан баргаштани полякҳо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ аз фашистон озод гардида буд, роҳбарияти гурӯҳи ватандӯстони онҳо навишта буд: «Дар солҳои даҳшаттарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо фашизм, Тоҷикистони офтобӣ ба мо дасти бародаронаи дӯстӣ дароз карда буд».
Имсол мо санаи бузург – 80-солагии Ғалаба бар фашизмро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ҷашн мегирем. Мутаассифона, ҳоло дар сайёраи Замин қувваҳое боқӣ мондаанд, ки ҳақиқати таърихӣ ва нақшу мақоми Иттиҳоди Шуравиро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мехоҳанд тағйир диҳанд ва коста гардонанд. Ин қувваҳо мехоҳанд чархи таърихро чапа гардонанд ва мардумро ба гумроҳӣ баранд. Ҳадафи онҳо, асосан, ҷавононро аз ҳақиқати талхи ин ҷанг дур кардану рӯйпӯш намудани марги миллионҳо шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст.
Хуб мешуд ва мувофиқи мақсад мебуд, ки ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945, дар осорхонаҳои амалкунанда гӯшаи «Ақибгоҳи ҷанг» таъсис ва навиштани китоби нависандаи ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафар «Ҳазору як корнома» аз ҷониби Иттифоқи нависандагон идома дода шавад.
Шукурҷон ЗУҲУРОВ,
раиси Шурои собиқадорони ҷангу
меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН