ҚАҲРАМОНЕ БО РӮЗНОМАИ ҶАНГӢ
Бобои Мирзошариф баъди ҷанг ба диёри азизаш омаду омӯзгориву гулпарвариро пеша кард ва нафъе ба мардум расонд. Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Амалест бохайру босавоб. Ӯ аз касби интихобкардааш ифтихор дошт, зеро садҳо шогирдонро тарбия карду ба роҳи рост ҳидоят намуд ва онҳо имрӯз ӯро эҳтирому ҳурмат мекунанд. Дар маҳаллаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳама ӯро «муаллим» ном мебаранд.
Дар чойхонаи «Сирдарё» чой менӯшидему ба паҳлуямон ду кас омада нишастанд. Бобои Мирзошариф ва набераашон. Ба бобо ман пиёлаи чойро дароз кардаму шинос шудем ва суҳбат тафсид.
Ба ман маълум гашт, ки яке аз пайвандони бобои Мирзошариф Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзиро хуб мешиносаму риштаи дӯстиву ҳамкорӣ дорам.
– Вай кас ҷони одам. Бо ман риштаи хешутаборӣ доранд. Ҳамсарашон хоҳари калонии ман, – гуфтанд бо хушнудӣ ҳамсуҳбати ман Нурмуҳаммад Ниёзӣ. – На ҳама ҷавонони солҳои ҷанг соҳиби маълумот буданд. Мирзошариф соҳибмаълумот буд. Ӯ ҳисобу китобро хуб медонист. Ҳисобу китоби зиндагиро бештар сарфаҳм мерафт. Дар замони мудҳиши ҷанг ҳам дафтарчаи хотираҳоро як сӯ намонд, балки ҳар рӯзи набардро саҳифа ба саҳифа менавишт. Ҳарчанд ба ҳуруфоти лотинӣ навишта шудааст, барои аҳли байт, хусусан барои бобои Мирзошарифи 97-сола, азиз аст, - ба нақлаш идома дод Нурмуҳаммад Ниёзӣ.
Ба Хуҷанд баргашта, ба суҳбати он марди наҷиб шитофтам. Аз ӯ дар бораи дафтарчаи ҷангӣ пурсидам. Табассум кард, рӯяш чун гул шукуфт. Эҳсос кардам, ки дафтарчаи ҷангдидааш барояш аз ҳама чиз азиз асту бебаҳо.
Аз кисааш дафтарчаи кисагии зардшударо гирифту дароз кард. Варақ задаму ҳиссиёте вуҷудамро фаро гирифт. Суханони Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба ёдам расид: «Дафтарча ҳам иштирокчии ҷанг аст. Ӯ ягон душманро накуштааст, аммо ба ӯ ҳам тир расидааст».
Дар саҳифаи аввали он навишта шудааст:
«Дӯсти ҳамяроқи ман!
Агар баъди марги ман ин дафтарчаи қайдро пайдо мекунӣ, хоҳиш мекунам, онро ба зодгоҳам, ба манзили зистам равон намо.
Нишонии ман: РСС Тоҷикистон, вилояти Ленинобод, ноҳияи Ленинобод, Деҳаи Сурх (Қизил кишлак), квартал Октябр, ба модарам М. Пӯлодова».
Дар саҳифаи дуюми он омадааст:
«Ин дафтарчаи қайдҳои ҷанговари Армияи Сурх Шариф Ғафуров мебошад, ки дар бораи роҳи ҷангии ӯ нақл мекунад».
Ҳамзамон, дар ин рӯзномаи ҷангӣ дар бораи шаҳру деҳаҳои тай кардаи қаҳрамон, аз ҷумла дар бораи Москва, Горкий, Муром, Пенза, Смоленск, Грозний ва дар бораи ҳамяроқонаш маълумотҳои фаровон ва муҳим ҷой дода шудаанд. То ба наздикӣ бо баъзе аз онҳо, аз ҷумла бо Иброҳим Мирҷаъфаров аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Георгий Бочкарёв аз шаҳри Таллини Ҷумҳурии Эстония, Владимир Графов аз шаҳри Москва, Муҳаммадҷон Исмоилов аз шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон мукотиба дошту меҳри бародариро тақвият мебахшид.
Дар байни саҳифаҳои зардгашта расми ҳамяроқаш Константин Маленкоро дидам, ки барои хотира ба дӯсти тоҷикаш тақдим намуда буд. Чеҳраи ҳамяроқ равшан метобиду нигоҳаш ҷиддӣ.
Мирозошариф рӯзномаи «Комсомольская правда»-ро пайваста мутолаа ва аз саҳифаҳои он суханони пурҳикматро ба дафтарчаи ҷангиаш сабт мекард.
«Дар замони ҷанг ҳам ишқу муҳаббат қалбҳоро тарк накарда будааст…», - андеша мекунам ман…
Мирзошариф моҳи январи соли 1943 дар муҳорибаи озодкунии деҳаи Ивановои ноҳияи Великоруки вилояти Калинин аз дасти чапаш тир хӯрда, захмдор гардид. Дар госпитали шаҳраки Правдински шаҳри Горкий ду моҳ табобат гирифта, боз ба фронт, ин дафъа ба самти Смоленск баргашт.
Маҳорату кордонии ӯро ба эътибор гирифта, барои хондан ба Омӯзишгоҳии ҳарбии алоқаи Пенза тавсия медиҳанд ва ӯ донишҷӯ мешавад. Чанд муддат дар Пенза, баъдтар дар шаҳрҳои Горкий ва Грозний таҳсилро идома медиҳад. Дар курси дуюм мехонд, ки хабари ғалаба бар фашистон ба мардуми сулҳпарвар расид.
Танҳо 17-уми сентябри соли 1945 ба ӯ иҷозат доданд, ки ба диёри азизаш – Тоҷикистон баргардад. Аз шаҳри Грозний ба қатора нишаста, тавассути шаҳрҳои Боку ва Красноводск (ҳозира Туркманбошӣ) ба Урсатевск, ки пештар Черняво ном дошт, омад. Аз он ҷо ба Хуҷанд ҳаракат кард.
25-уми сентябри соли 1945 ӯро дар истгоҳи роҳи оҳан аҳли пайвандон ва дӯстону хешовандон истиқбол гирифтанд.
Наздик ба 70 сол бо ҳамсараш Бишарофат зиндагӣ кард ва 6 писару 3 духтарро ба камол расонда, соҳибмаълумот намуд. Дар баробари омӯзгор будан, ҳамзамон, ҳамчун гулпарвар ҳам ном баровард.
Мухтори АБДУЛЛО,
рӯзноманигор аз шаҳри Хуҷанд
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД