ЧОР КИТОБИ «ҶУМҲУРИЯТ». САДОИ ТАЪРИХ БА ГӮШИ МАНУ МО

22 май 2025, Панҷшанбе
8
Ба пешвози 100-умин солгарди рӯзномаи «Ҷумҳурият» як қатор ибтикороти мондагорро роҳбарият пиёда сохт, ки чопи Энсиклопедияи «Ҷумҳурият» 1925-2025» ва маҷмуи мақолаҳо таҳти унвони «Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз» ва «Дӯстони тоҷикон»-ро метавон чун армуғони аҳли эҷоди нашрия ба насли имрӯзу фардо ном бурд. Дар ин китобҳо ҳам чеҳраҳое муаррифӣ шудаанд, ки тули як қарн дар шебу фарози роҳи тайкардаи як рӯзномаи миллӣ бо он буданд ва ҳам маводе ба хонанда пешкаш мегардад, ки таърих ва нақши қаламкашони барҷастаро дар пешбурди кори газета ба хонанда қисса мекунад. Гузашта аз ин, олимон аз зовияҳои илм ба таърихи садсолаи рӯзнома менигаранду симои чеҳраҳои саршиноси олам чун дӯстони ҳақиқии тоҷикон пеши назар меояд.
ҲАМСОЛИ ТОҶИКИСТОН
Иқдоми нахустини рӯзнома мураттаб сохтани Энсиклопедияи «Ҷумҳурият» (1925-2025) буд, ки гирдоварии маводи онро ҳанӯз соле қабл аҳли эҷод шуруъ намуда буданд.
Ниҳоят, дар арафаи ҷашн он чун хазинаи пурганҷ дар ҳаҷми 368 саҳифа рӯи чоп омад. Муҳаррири китоб сардабири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода аст, ки бо овардани фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14-уми марти соли 2000-ум дар бораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани рӯзномаи «Ҷумҳурият» оғоз мешавад. Ин суханони Пешвои миллат ифодагари аҳамияти таърихии нашрияанд: «Бояд ёдовар шуд, ки аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Мо ифтихор дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд…».
Дар гӯшаи сармуҳаррирон аз Аббос Алиев сар карда, то Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири имрӯзи «Ҷумҳурият», бо солҳои фаъолияташон ҷой дода шудаанд ва дар идома бо номҳои ошное назири Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Ғоиб Сафарзода, Кароматулло Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Нурмуҳаммад Табаров ва ғайра шинос мешавем, ки мактаби камолоти эҷодӣ ва қадамгоҳи бузургони миллат будани «Ҷумҳурият»-ро бозгӯст.
«Ҳамсоли Тоҷикистон» ном гирифтани сармақола дар дохили матн тавзеҳ ёфтааст: «Ҷумҳурият» ҳамсоли Тоҷикистон аст. 24-уми октябри соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон ва пас аз чор моҳ рӯзномаи «Иди тоҷик» таъсис ёфтанд. Солҳои аввали фаъолият рисолати рӯзнома саҳм гузоштан дар маҳви бесаводӣ ва ташаккули давлати тоҷикон буд, ки аз уҳдаи он сарбаландона баромад. Махсусан, дар панҷсолаи аввал, аниқтараш аз соли 1924 то 1929, яъне марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Тоҷикистон дар ниҳоят давлати алоҳидаи сотсиалистӣ эътироф шудаву эълон гашт, «Ҷумҳурият» (он вақт «Бедории тоҷик») нақши боризу мондагор дошт».
ИДИ «ҶУМҲУРИЯТ» – ИДИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Маҷмуи мақолаҳо таҳти унвони «Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият», ки дар ҳаҷми 336 саҳифа дар нашриёти «Эр-граф» нашр шуд, роҳи тайкардаи садсолаи рӯзнома ва лаҳзаҳоеро аз ҳаёту эҷодиёти кормандон пеши назар меорад.
Дар оғоз тантанаи ҷашни таърихиро сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода дар чанд сатр баён менамояд: «Ҷумҳурият» воқеан ҳам ид дорад, иди 100-умин солгарди нашр. Иди мо, иди таърихи миллат, иди «модари матбуоти тоҷик». Идест, ки дар он тантанаи пойдорӣ, ҳифзи асолати милливу давлатӣ, арзишҳои инсонӣ ва дастовардҳои миллати сулҳхоҳу сулҳофар ва соҳибтамаддуни тоҷик дигарбора бозтоб хоҳад шуд».
Академик Кароматулло Олимов ба рӯзнома ҳамчун «оинаи рӯзгори миллат» менигарад. Ӯ хизматҳои мондагори чанде аз фарзандони ҷоннисори тоҷикро ёд мебарад, ки дар шароити хеле ҳассоси таърихӣ бо душманони миллати тоҷик ҷасурона мубориза бурданд ва сари асли мақсад меояд: «Ҳар гоҳ таърихи муборизаи фарзандони халқи тоҷикро барои истиқлоли забонӣ ва фикрӣ варақ мезанем, пеш аз ҳама, рӯзномаи «Иди тоҷик» ва «Бедории тоҷик» ба хотир меояд». Бо як мурури таърихӣ ба «Ҷумҳурият»-и замони соҳибистиқлолӣ мерасад, ки ҳамоно ҳаммароми замон ва инъикосгари таърихи навини халқи тоҷик ва ҷаҳони муосир аст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, ки корманди собиқу содиқи «Ҷумҳурият» низ ҳаст, хирмани андешаҳояшро бод медиҳад ва ба ёди таҷлили ҷашни нимасраи рӯзнома дар соли 1975 меафтад, ки ба шарофати сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» таъин гардидани собиқ мухбири махсуси рӯзномаи овозадори «Правда» дар Тоҷикистон Ғоиб Қаландаров мартабаи нашрия пас аз давраи карахтӣ хеле боло рафт: ба пешвози ҷашн таърихномаи рӯзнома омода шуду маҷмуаи мақолаҳо бо номи «Умре дар роҳ» ба нашр расид, шумораи вижае ҳам чоп шуду чойнику пиёлаҳои гулдор бо тамғаи «50-солагии «Тоҷикистони советӣ» ҳамчун армуғони идона ба кормандон тақдим гашт. Лаҳзаи ҷолиб ин аст, ки устод моро ба зиёфати ҷашнӣ, ба тарабхонаи «Насими кӯҳсор»-и болои рӯди Қаратоғ мебарад. Шахсиятҳои давр – устод Мирзо Турсунзодаву Муҳаммад Осимӣ, Боқӣ Раҳимзодаву дигар чеҳраҳои саршиносро гирди хони ҷашнии «Тоҷикистони советӣ» мебинем, шоҳиди миёни гулдухтарон арғуштравиҳои шоири шаҳир Мирзо Турсунзода ва дигарон мегардем.
Ҳамин тавр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек «Ҷумҳурият»-ро «номаи ҷонпайванди миллат» медонаду академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба «Ҷумҳурият» ва истиқлоли фикрӣ назар меафканад, матлаи матлаби собиқ сармуҳаррири рӯзнома Камоли Қурбонийон чунин унвон дорад: «Рӯзномаи ҷумҳуриявӣ бисёр аст, «Ҷумҳурият» яктост!».
Собиқадори матбуот, корманди рӯзнома Абдулқодири Раҳим аз ҳаёти як зумра сармуҳаррироне ба хонанда нақлҳои ҷолиб кардааст, ки бо онҳо кор карда буд. Мазҳабшо Муҳаббатшоевро фарзанди асили газета мехонад, ки «кор, хосса сарварӣ, ба хотири пойдории давлату миллат, инъикоси воқеияти рӯз, башорат аз ояндаи нек ва раҳнамунии дурусти хабарнигорон, зебову хоно баровардани рӯзнома барояш аз ҳама муҳимтар ба шумор мерафт».
Шоҳмузаффар Ёдгориро ҳамчун як инсони намунавӣ тасвир кардааст, ки саропо адаб буд ва, аз ин рӯ, ҳамагон дӯсташ медоштанд: «То ба ҳанӯз барои мо чун муаммо сарбаста аст, ки чаро дӯсташ медоштем. Ин як дӯстдории одӣ ва талқинӣ набуд. Ҳамаи кормандон кӯшиш мекарданд, ки дар рӯзнома як маводи суст наравад ва ҳам як хато, то боиси ранҷондану эроди сармуҳаррирамон нашавад».
Шакл ва мазмуни рӯзномаро тағйир додани Субҳон Кошонов низ ба некӣ ёд мешавад.
Хулоса, дар ин маҷмуа аз таърихи рӯзнома сар карда, то нақши сармуҳаррирон дар пешбурди кори он ва меҳрномаҳои шогирдон ба устодонашон гирд омадааст, ки ҳар яке як саҳифаи таърихи нашрияро пеши назар меоранд.
ДУ АРМУҒОНИ ИДОНА
Армуғони дигари идона аз ҷониби профессорони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ ба рӯзнома пешкаш гардид, ки ин китоб бо номи ««Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз» бо сарпарастии нашрия аз чоп баромад. Дар он пажӯҳишҳои илмӣ, таҳлилу баррасиҳои илмиву оммавии олимон ҷой дода шудаанд, ки барои донишҷӯёну пажӯҳишгарон маълумотҳои наву ҷолиб медиҳад.
«Дӯстони тоҷикон» бошад, маҷмуаи мақолаҳои корманди рӯзнома Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки аз нақши барҷаста ва шоёни мутафаккирон, ховаршиносону таърихшиносон ва адибону дипломатҳо дар шинохт ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ қисса мекунад. Шахсиятҳое, ки сухан дар бораи онҳо меравад, мисоли Бартолду Андреев ва Шишов дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бо миллати тоҷик буданд, аз ин рӯ, дӯстони тоҷикон ном бурда мешаванд.
Ин асарҳо, дар маҷмуъ, таърих ва роҳи тайкардаи рӯзномаи якасраи тоҷикро ба гӯши хонанда мерасонанд, ки барои равшан кардани саҳифае аз таърихи журналистикаи тоҷик хизмат хоҳанд кард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102