ҚОНУНИ ВОСИТАИ ИСЛОҲИ ТАФАККУР
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 сол сипарӣ мешавад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Одинашоҳ Вализода, номзади илмҳои педагогика, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ин хусус ва дигар масъалаҳои марбути он сурат гирифт.
–Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, то қабули Қонуни танзим ҳаёти аксарияти мардум бо гузарондани силсилаи маросиму маъракаҳои пайдарпай сипарӣ мегардиду онҳо доир ба мазмуну моҳияти аслии зиндагии хеш кам фикр мекарданд. Таваҷҷуҳи падару модар ба фарзандон асосан дар атрофи гузарондани урфу одатҳо ва анъанаҳои номувофиқ буд.
Таҷриба нишон дод, ки танзим намудани расму оин ва одату анъанаҳо як шакли ҷудо кардани хурофот аз дини мубини ислом ба шумор меравад. Дар натиҷа закоту садақот аз маросим ҷудо карда шуд ва ҳоло закоту садақот ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ шуда, ба эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад. Инчунин, аз ҷониби шахсони саховатпеша кандани ҷӯю чоҳҳо, сангфаршу мумфарш кардани роҳҳо, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, сохтмони пулҳо дар ҳар як деҳаи мамлакат ба назар мерасад.
Ба андешаи Шумо ҳамчун собиқадори меҳнат дар ин самт муваффақ шудани Қонуни танзим ба кадом омилҳои асосӣ рабт дорад?
– Тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳо татбиқи пурраи Қонуни танзимро дар ду омил мебинам. Якум, аз фаъолияти босамари мақоми ваколатдор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборат аст. Дуюм ва асосӣ, аз роҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар роҳи шиносо намудани мардум бо осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 таъкид намуда буданд, ки «Ҳар ҳукми шаръие, ки барои аҳли суннат ва ҷамоат қабул мегардад, мо бояд аз он барои осон кардани зиндагии мардуми кишвар оқилона истифода барем».
Барҳақ фармудаанд, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ сарчашма мегирад. Аз ин ҷост, ки бо дастури Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд. Инчунин, яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и Ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз ин тадбирҳо танҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардум буд, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд.
Дар ин асос айни замон, омӯзишу риояи ин Қонуни миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму оинҳоро риоя мекунанд.
Зиндагӣ собит сохт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буд, душвориву мушкилотеро, ки маросими милливу динӣ дар назди халқ ба вуҷуд оварда буд, бартараф кард, мардумро аз бисёр ташвишҳои маросимӣ ва хароҷоти беҳуда халос кард ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонид. Имкон ба миён овард, ки миллат ба асли худ бештар бипайвандад, ба саргаҳу сарчашмаҳои ҳастии маънавии худ наздиктар бирасад ва тавоноии руҳӣ пайдо кунад.
Бояд чашми бино дошт, то дарк намоем, ки Пешвои муаззами миллат чи кӯшише карданд, ки тафаккури нави фарҳанги маъракаороӣ пайдо шуд ва миллатро ба сарфакорӣ расонду мардумро ба нафърасонӣ.
Аллакай мардум роҳи дурусти диёнату маърифатро пеша карда, сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз суд фарқ мекунанд ва шод зистанро мароми худ кардаанд.
– Мо шоҳиди баъзе анъанаҳои номатлуб аз тарафи ҷавонон дар баргузории ҷашнҳои хонадоршавӣ мешавем. Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед ва ё чӣ пешниҳод доред?
– Дар ҷомеаи имрӯза ҳангоми баргузории ҷашнҳои марбут ба хонадоршавии ҷавонон, аз қабили ҷашни никоҳ, рафтани ҷавонон ҳамроҳи домоду арус ба хонаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ин замина ба миён овардани анъанаҳои номатлуб аз тарафи ҷавонон зиёд ба назар мерасад, ки ҳам аз доираи ахлоқ ва ҳам аз доираи татбиқи қонунгузорӣ берун мемонад. Дар ин маврид, пешниҳод мегардад, ки тавассути фаъолияти босамари комиссияҳои доимии танзим ин гуна анъанаҳои номатлуб манъ карда шаванд, зеро ҳар чизе, ки дар тафаккури мардум нақш бандад, рафта-рафта ба ҳукми анъана медарояд ва оқибаташ хурофот мегардад.
Барои мисол метавон гуфт, ки ҷашни никоҳ дар мардуми мусулмони кишвар аз ҷашнҳои муқаддас ва бисёр ҳам шодӣ ба ҳисоб меравад ва дар баргузории он мо худ шоҳидем, ки чи қадар ёру дӯстон ва хешу табор ҳамроҳи домод ба хонаи арус мераванд, ки ҳам ба оилаи падару модари арус зиёну зарари молӣ (моддӣ) мерасонад ва ҳам қонунгузорӣ поймол карда мешавад. Илова бар ин, аз тарафи ҷавонон, ки фарҳанги пурраи одоби меҳмонӣ ва таҷрибаи кофӣ надоранд, кирдорҳои номатлуб ба миён оварда мешавад, ки дар ин вақт, албатта, падару модар ва шахсе, ки масъулияти никоҳро дорад, бояд онҳоро аз ин кирдорҳо боздорад.
Анъанаи номатлуби дигаре, ки дар тӯйи домодию арусӣ ба назар мерасад, ин хӯронидани ширинӣ ба арусу домод аст, ки ба дасти якдигарашон сурат мегирад ва ин ҳолат дар аксар мавридҳо ба нофаҳмӣ дар байни арусу домод оварда мерасонад ва ин нофаҳмӣ аз рӯзи аввали хонадоршавӣ ба хушбахтӣ ва саодатмандии навхонадорон халал ворид мекунад. Ин костагиҳо аз он ҷо ба миён меоянд, ки масъулони соҳа дар ягон ҷо дар бораи камбудиҳои воқеии кори комиссияҳои доимии танзими ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ҷид таҳлил намекунанд ва чизе намегӯянд. Аз ин рӯ, ҳар фарди солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки пеши роҳи кирдорҳои номатлуби ҷавононро гиранд.
– Оё мо метавонем Қонуни танзимро воситаи ислоҳи тағйири тафаккур ва ахлоқи ҷомеа ном барем?
– Бале, албатта! Қонуни танзим дар самти баргузории маросим, бахусус маросими азодорӣ, аз воситаҳои асосӣ ва калидии ислоҳи тафаккури ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб мегардад ва маҳз тавассути қабули ин Қонун ва дар амал татбиқ гардондани он мо тавонистем тафаккуре, ки солҳо бо хурофот олуда шуда буд, тағйири фикрӣ ва таҳаввулоти маънавиеро ба вуҷуд оварем. Маҳз, тавассути ин Қонун мардум аз ҷой доштану надоштани маросими марбут ба азодорӣ ва дар умум ба асли таълимоти дину мазҳаб шинос шуданд. Худ шоҳидем, ки тайи 18 соли амали Қонуни танзим ҳама гуна маросим ба танзим дароварда шуданд ва он нақши созандаи худро дар зеҳни мардум ҷо кард.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105
