АРМУҒОНИ ЛАТОФАТ. МУҲАББАТИ КӮДАКОНИ ИСФАРА, ДЕВАШТИЧ ВА ДӮСТӢ
Ба ифтихори панҷоҳу панҷсолагии фаъолияти эҷодии адиб ва ношири номвар Латофат Кенҷаева силсилаи вохӯриҳои шоир дар ноҳияҳои Деваштич, Дӯстӣ ва Исфара баргузор гардид. Дар қатори намояндагони васоити ахбори омма як гурӯҳ кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ дар ин вохӯриҳо Латофат Кенҷаеваро ҳамроҳӣ намуданд. Бояд гуфт, ки осори назмиву насрии мавсуф дар озмунҳои таъсисдодаи “Ҷумҳурият”, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, китобҳои дарсӣ ва дар таронаҳо зиёд истифода шуда, дар чор соли охир 15 шогирди парвардаи ӯ ғолиби озмунҳои мазкур шуд.
“АФСОНА АЗ ДЕВАШТИЧ ОҒОЗ ШУД...”
Шоир ба вилояти Суғд сафар карда, дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо 500 хонандаву мухлисони шеъраш маҳфили зебову хотирмоне орост. Сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия бори нахуст бар чор ғазали шоир оҳанг баста, суруданд. Хонандагони доно саҳнаеро аз асари машҳури адиб – “Нома ба бародар” таҳия ва намоиш доданд. Масъулони ороиши маҳфил Озода Набиева ва Адибаи Ҳабиб буданд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ дар суханронии пурмуҳтавои худ аз ҷумла гуфт: “Латофат Кенҷаева аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагон буда, дорандаи “Нишони сухан” мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун ношири номошно 500 номгӯ китобро бо шумораи 1 миллиону 700 ҳазор нусха чоп карда, барои дороии ганҷинаи адабиёти кӯдаки мо ҳиссаи шоиста гузошт. 34 сол сардабирии моҳномаи машҳури “Машъал” (баъдан “Истиқбол”)-ро бар зимма дошт. 20 китоби чопкардаи ин ношири номошно аз тарафи Вазорати фарҳанги кишвар чун Китоби сол баргузида ва қадр шудааст”.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҳам соҳибҷашнро чун нависанда, тарҷимон ва ношир сутуда, кору фаъолияти ӯро намунаи ибрат барои адибони насли нав донист.
Латофат Кенҷаева ба зиндагиномаи ибратбахши хеш ишора намуда, зикр кард: “Афсонаи духтараки дар яксолагӣ аз модар, дар дусолагӣ аз падар маҳруммонда, тарбияти бародар дида, бо ҷони пурдард дар Душанбе таҳсил кардаву ба олами бекарони адабиёт раҳёфта, аз Деваштич оғоз мешавад. Ба ин обу замин, ки дар камоли ман оғозгоҳ аст, муҳаббати ҳамешагӣ дорам. Он замон масъулони давлатӣ хона ба хона гашта, духтаронро ба таҳсил мехонданд, автобусҳо ташкил карда, ба донишгоҳҳо мерасонданд. Ҳоло ҳама ҷо ором, шароит беҳтар, китобу китобхона афзун аст, хонед, пеш равед ва ранҷҳои мо кашидаро набинед”.
Намояндаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба соҳибҷашн туҳфа ва медали 100-солагии “Ҷумҳурият”-ро супурд. Ёд бояд кард, ки Латофатбону иштирокдори ҳамешагии озмунҳои рӯзномаи мо буда, ду маротиба ҳамчун ғолиб эътироф шудааст.
“СУХАН ДАР ИСФАРА САРА БОЯД ГУФТ!”
Рӯзи дигар адиби шинохта дар қасри фарҳанги шаҳри Исфара бо 450 ҳаводори хеш вохӯрӣ гузаронд.
Муовини раиси шаҳри Исфара Суруриддин Зиёвиддинзода, директори китобхонаи марказии шаҳр Сабурхон Амонуллоев, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева, масъулони раёсати маорифи шаҳр, ҷамъияти илмию адабии “Суханварон” дар маҳфил иштирок намуда, аз хидматҳои шоистаи шоир дар равнақи адабиёти кӯдак ва нашри бештар аз як миллион нусха китоб ёд карданд.
Маҳфилро рақсу тарона, саҳнаи тарбиявӣ, қироати шеърҳо рангину ҷолиб намуданд. Аз ҷумла, Латофат Кенҷаева, ба ҳар кӯдаку навраси дар чорабинӣ фаъолбуда 100 китоби хешро ройгон туҳфа кард ва шодии онҳоро интиҳо набуд.
“ДӮСТРӮЯКОНИ МАН ДАР ДӮСТИЯНД”
Маҳфили дигари адиб дар қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон гузашт. Қариб 300 кӯдаку наврас бо гулдастаҳо, карнайу сурнай ва шеърхониҳо ба пешвози адиби дӯстдоштаи хеш баромаданд.
Муовини раиси ноҳия Низорамоҳ Зарифӣ дар оғози чорабинӣ зикр намуд: “Гиромидошти адибони мо, баргузории маҳфилу вохӯрии онҳо бо мардум дар тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан муассир аст. Яке аз чунин адибони хуби мо Латофат Кенҷаева ҳастанд, ки инак, 55 сол боз дар матбуоту адабиёт, бавижа барои рушди адабиёти кӯдак, заҳмат мекашанд”.
Латофат Кенҷаева пас аз шеърхониву шунидани розу ниёзи кӯдакон, гуфт: “Аз эҳсоси баланди шеърхониву таронасароӣ, аз самимияти суханпарварии шумо дарк кардам, ки дӯстрӯякони беҳтарини ман дар ноҳияи Дӯстиенд. Ростӣ, барои адиб фараҳбахштар аз он нест, ки осори ӯро хонанда донад, ҳифз намояд ва ҳатто баробари муаллифаш сарояд”.
Ташкилкунандаи ин маҳфили зебои ороста аз китобу аксҳо директори китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ Шариф Кабиров буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Муҳаммадамини ОДИНА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105
