ОБОДКОР БОШЕМ, НА ЗИЁНКОР
Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи қадима дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури Ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои давлатдорӣ буданд. Ҳарчанд, давлати тоҷикон дар тули асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифтааст, ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистанд давлатдории хешро нигоҳ дошта, онро аз нав эҳё намоянд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баҳри боло бурдани фарҳанги исломии ҷомеа як силсила тадбирҳоро анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба озодии виҷдон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, кафолат дода мешавад. Баҳри инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик таҷлили бошукӯҳи 1310-солагии Имоми Аъзам, 1000-солагии мутафаккир Носири Хусрав, таҷлили санаҳои бузургони фарҳангӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон саҳми босазо гузоштанд. Рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон иқдомҳои дигари шоиста дар ин самт мебошанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гашт. Истиқлоли давлатӣ ба рушди фазои озодии эътиқод такони ҷиддӣ дод. Имрӯз дар ҷумҳуриямон танҳо бо фарҳанги исломӣ маҳдуд намешаванд. Дар кишвари мо намояндагиҳои динҳои дигар низ фаъолият доранд. Мо ба эътиқод ва фарҳанги онҳо арҷ мегузорем. Дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амал мекунанд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон» ҳамаи дину мазҳабҳо дар назди қонун баробаранд. Муқаррар намудани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо ё мазҳабҳо нисбат ба дину мазҳабҳои дигар хилофи Конститутсия мебошад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат маънои онро надорад, ки давлат бо ташкилотҳои динӣ ҳамкорӣ намекунад. Дар ҷумҳурии мо яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои шахсӣ ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ ба озодии виҷдон муқаррар шудааст. Ҳуқуқ ва озодии виҷдон дар шаклҳои мухталиф ифода меёбад ва он аз муайян намудани муносибати худ ба дин то ба ташкилоти диниро фаро мегирад.
Мутаассифона, воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳолати рушди фазои эътиқоди динӣ нигаронкунанда гардидааст. Ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ ҳоло ҳам миёни мардум ҷой доранд. Суиистифода аз Ислом, ғаразҳои гурӯҳӣ ва шахсиву дигар аъмоли номатлуб ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд. Ин ҳама моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем. Тавре ки Сарвари давлат таъкид кардаанд: “Халқи фарҳангофар ва тамаддуни қадим дошта бояд дар ёд дошта бошад, ки Ислом дини қалам, илм, ҳаёт ва наҷот мебошад”. Он ба ваҳдату иттифоқӣ, инсондӯстӣ ва ёрӣ ба ҳамдигар даъват мекунад. Мо – зиёиён, вазифадорем, ки, пеш аз ҳама, худамон барои дигарон намунаи ибрат гардида, дар сафҳои пеши ватандорӣ қарор бигирем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардондани ватанамон ҳидоят намоем. Пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро гирифта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатиамон пайваста кӯшиш кунем.
Айниддин СОМИДДИНЗОДА,
омӯзгори Мактаби президентӣ барои кӯдакони
болаёқат дар шаҳри Хоруғ
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
