“ИНСОН ВА НАВИСАНДАИ НОДИР”
Китоби тозанашри Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад бо номи “Инсон ва нависандаи нодир” дар бораи шинохти шахсияти нотакрори устоди равоншод Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев аст.
Бешак, дигар муҳаққиқони соҳа паҳлуҳои гуногуни эҷодии ин нависандаи номварро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додаанд. Хотираҳои зиёди ҳамқаламон ва дигар шахсиятҳои маъруф низ дар борааш ба нашр расидаанд, аммо асари Абдулҳамид Самад дар ин маврид фарогиртар аст.
“Роҳи Фазлиддин Муҳаммадиев ба даргоҳи олами сухану адабиёт сода ва одист. Вай, хилофи он ки дар ҳолномаи аксар адибони маъруф мехонем, аз овони тифлӣ ва наврасӣ дар дил орзуи нависанда шудан надоштааст ва умуман хаёле ҳам намекардааст, ки рӯзе бо қаламу қоғаз сарукор мегирад, сарнавишташро ба сухану адабиёт мепайвандад”, – менависад Абдулҳамид Самад. Муаллифи китоб ҳақиқатро, он тавре ки ҳаст, менависад ва ба хонанда ошно месозад.
Абдулҳамид Самад аз он ҳам менависад, ки ин устод кадом мисраъву байтро замзама мекард.
Бо мутолааи сатрҳои “Фазлиддин”-и хушодобу хушзеҳн, ташнаи илму дониш, сухани падари ғамхорро ҳаргиз ба замин намегузошт, пайваста мехонду дониш меандӯхт. Худаш низ пайваста ин сатри устод Рӯдакиро замзама мекард:
Дониш андар дил чароғи равшан аст.
Ва боз ин байти ҳаким Низомӣ шиораш буд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз,
дармеёбад, ки муаллифи китоб нависандаро аз наздик ва бисёр хуб мешиносад.
Дар ин зимн муаллиф василаи ба мақсуду ҳадаф расиданро дониш меҳисобад, донишандӯзиро тарғиб менамояд.
Роҳи тайкардаи Фазлиддин Муҳаммадиев як роҳи сахту душвору мушкилгузар, вале ин барояш як мактаби бузурги сабру таҳаммул ва омӯзиши ҳақиқати зиндагӣ буд. Муаллиф дар ин хусус менависад: “Тақдир боз ӯро аз имтиҳони сахттаре гузаронд. Сутуни хонадон падари ғамхору меҳрубон аз олам гузашт ва ба гуфти худи устоди шодравон “гӯё ӯро дар биёбони бекас танҳо монд”.
Фазлиддин Муҳаммадиев дар ин рӯзнома, яъне “Ҷумҳурият” (он замон “Тоҷикистони сурх”) ба кор медарояд.
Абдулҳамид Самад навиштааст: “Ф. Муҳаммадиев солҳои дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор кардан ҳикояе ба нашр нарасонд, вале ӯ маҳз дар ҳамин даргоҳ чун зиёӣ рушду камол ёфта, масъулияти суханвариро бо тамоми нозукиҳояш дарк ва роҳи ояндаи фаъолияти худро интихоб кард”. Ба навиштаи муаллифи асар Фазлиддин Муҳаммадиев маҳбубиятро дар байни рӯзноманигорон аз рӯи кори ҳалолу хислатҳои наҷибаш пайдо кардааст.
“Рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият” – А.Р) барои писари содиқи худ майдони парвоз кушод, ба сӯи орзуву мақсадҳои наҷиб, парвоз ба хизмати халқу Ватан, парвоз дар майдони адабиёту ҳунар”.
Ҳамин тавр “Инсон ва нависандаи нодир”-ро метавон чун як таҳқиқоти арзишманди адиб пазируфт ва эътироф кард.
Китоб чанде пеш аз тариқи нашриёти “Шарқи Озод” ба табъ расид ва дастраси хонандагон гардид. Он туҳфаи арзандаест ба алоқамандони каломи бадеъ ва пажӯҳишгарони соҳа.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
