АЗ АСОЛАТИ АДАБИЁТ ТО ҲИМОЯТИ АЙНӢ. ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ “ҶУСТОРЕ ДАР АҲВОЛ, ОСОР ВА ҶАҲОНБИНИИ ЗУФАРХОН ҶАВҲАРИИ ИСТАРАВШАНӢ”

11 июн 2025, Чоршанбе
30
Бо номи Зуфархон Ҷавҳарӣ (1960-1945) аз даврони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ё худ солҳои 80-уми асри рафта ошно будам. Баъзе аз порчаҳои шеърии ӯ дастрасам мешуд ва мутолаа мекардам.
Дар бораи рӯзгораш, ранҷу азобаш, маҳорати шоириаш ва ба сабки Бедил эҷод карданашро аз орифу донишманд Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ дар шаҳри Кӯлоб маълумот пайдо намудам. Ин шахсияти маъруфи адабӣ чанд рӯз дар Истаравшан дар хонаи Зуфархон Ҷавҳарӣ дар солҳои пурошӯбу таъқиботаш зиста ва аз донишу эҷодаш файзҳо бардоштааст.
Дуруст аст, ки замони зиндагии ӯ талаботи нав ба навро дар назди адибон мегузошт. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи зиндаёд Соҳиб Табаров мебошад, ки навиштааст: “Вақти сар кардан ба тадқиқи давраи ташаккули адабиёти советии тоҷик вазъиятро, ки ҳангоми оғози ин ҳаракати тез ва пурсамари адабиёти мо мавҷуд буд, омӯхтан шарт аст ва ба адабиёте, ки “адабиёти ҷадидӣ” номида шудааст, назар андохтан ногузир лозим меояд (С. Табаров. Таърихи адабиётро объективона омӯзем 11 Садои Шарқ, 1965, №10.- C.146).
Баъдҳо хондам, мавриди танқиди сахт, ки ба ҳаёту мамоти ин эҷодкор иртибот дошт, қарор мегирад. Барои гунаҳкор сохтанаш ин мисраи ӯро иқтибос мекунанд:
Нӯги қаламам ду шох дорад.
Ба ӯ бо лаҳни тунд муроҷиат мекунанд, ки гӯё дар ду мавқеъ аст ва бояд якеро ошкоро эълон дорад.
Барои шоири донишманду ҳақиқатшинос дар се давра мувофиқи талаботашон эҷод кардан, дар баробари ин зиндагӣ кардан бе ниҳоят душвор буд.
Бархе аз шоирон аз тарси ҷон ба ин се давра сохтанд ва дар натиҷа аз камоли эҷодии онҳо нишоне намонд. Ба ҳангоми муқоисаи давраҳо ва маҳсули эҷоди ин гурӯҳ муҳаққиқу шеършинос хуб дармеёбад, ки тафовут аз Замин то Осмон аст. Хушбахтона, Зуфархон Ҷавҳарӣ медонист, ки он чи дар адабиёт мемонад, шеъри асилу баландғояву баландмазмун аст.
Чанде пеш китоби академик Кароматулло Олимов бо номи “Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ” дастрасам гардид. Воқеан, он як кори мондагори илмӣ, пажӯҳиши пурарзиш мебошад. Ба китоб Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, сарсухани пурмуҳтаво ва фарогир навиштааст.
Барҳақ нигоштааст: “Дар Бухоро дар назди олимону шоирони он ҷо дарс хонда, бо истеъдоди баланд ва заҳмату тоқати бемонанд, илмҳои фалсафа, таърих, сарфу наҳв, забонҳои арабӣ ва туркӣ, нақшакашӣ ва мантиқро меомӯзад ва бо дониши худ дӯстону устодонашро дар ҳайрат мегузорад.
Тамҳиди Самарқандӣ, ки яке аз фузало ва донишмандони бузург будааст, дар мактуби худ Ҷавҳариро “сарҳалқаи даврон” донистааст.
Хуш адоёбу адофаҳму адодон шудаӣ,
Чашми бад дур, ки сарҳалқаи даврон шудаӣ".
Мавзуъҳои таҳқиқоти Кароматулло Олимов “Баъзе аз мулоҳизаҳо оид ба вазъи адабӣ ва таърихии давраи зиндагӣ ва лаҳзаҳои ҳаёти Зуфархон Ҷавҳарӣ”, “Мероси адабии Ҷавҳарӣ ва мазмуну моҳияти он”, “Мавқеи ғазал дар эҷодиёти Ҷавҳарӣ”, “Мавқеи қасида дар осори Ҷавҳарӣ”, “Марсия дар эҷодиёти Ҷавҳарӣ”, “Андешаҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва ахлоқии Ҷавҳарӣ” ва ғ. мебошанд.
Муаллиф дар мавриди баҳоҳои ғаразолуди муҳаққиқон ба эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ чунин нигоштааст: “Устод С. Айнӣ, албатта, аз баҳоҳои ғаразолуди ба Ҷавҳарӣ додаи адабиётшиносони пролеткулт огоҳ буд. Ӯ аз мавқеи усулӣ, донишмандона ва холисона ба эҷодиёти Ҷавҳарӣ баҳо дод ва бар хилофи онҳое, ки номувофиқии шаклҳои классикиро барои ифодаи мазмунҳои нави давраи шуравӣ дар осори Ҷавҳарӣ муболиға ва ашъорашро тумтароқ ҳисоб кардаанд, “ба сифати як шоири советӣ ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати мазмун хеле чизҳои оммафаҳм” додааст гуфта, баҳо доданаш, барои таҳқиқи воқеъбинонаи осори Ҷавҳарӣ роҳ додаанд”.
Кароматулло Олимов дар зимни баёни қудрати шоирии Ҷавҳарӣ ин чанд мисраи ғазали ӯро (аз 11 байт) интихобан меорад, то ба хонандаи шеърфаҳм маълум гардад:
На дар фикри гулам, не дар хаёли
сарву шамшодам,
Гирифтори туам, аз қайди ҳар андеша озодам.
Шикоят нест чуз сози тасаллӣ дар
ғамаш варна
Дуиро дар муҳаббат куфри мутлақ
гуфта устодам.
Сухан аз гавҳарам мавҷест васфи лозими зотӣ.
Ки Назмизодаам, маънинажодам,
фитратэҷодам.
Ҳамин тавр, Зуфархон Ҷавҳарӣ шоиру донишманди тавоноест, ки бисёр кам мавриди таҳқиқи дурусту густарда қарор гирифтааст. Асари тозанашри Кароматулло Олимов бисёр паҳлуҳои зиндагӣ ва эҷоди олимонаи ӯро баррасӣ карда, ба хонанда ошкор сохтааст.
Фикр мекунам, ки таҳқиқи беҳтару бештари Зуфархон Ҷавҳарӣ барои таърихи адабиёти миллат муҳим мебошад. Ин кори неку муҳим бояд сари вақт анҷом пазирад, то баъдҳо пардаи афсонаҳоро ба рӯи ҳақиқатҳо накашанд.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115