БОЗТОБИ ТАЪРИХ ВА УСТУРА ДАР СУРУДАҲОИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ

13 июн 2025, Ҷумъа
43
Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389) дар минтақае по ба олами ҳастӣ ниҳод ва умри пурбори худро ба сар бурд, ки дар рӯзгори қадим маҳди тамаддуни ориёӣ ва маркази давлатдории хонадони маъруфи Ҳахоманишиён (705-330 то милод) ба шумор мерафт.
Воқеан, дар масофаи 50 километр аз шимоли шарқи зодгоҳи шоир – шаҳри Шероз, Тахти Ҷамшед (Персепол, Персеполис) ё Чиҳил манор ё Садсутун, дар масофаи 5 километр аз Тахти Ҷамшед шаҳри Истахр ва тақрибан ба ҳамин масофа мавзеъҳои қадими таърихии ҳамҷавори Нақши Рустам ва Нақши Раҷаб, ҳамчунин, дар масофаи 70 километр аз шимоли шарқи Тахти Ҷамшед нахустин пойтахти давлати Ҳахоманишиён – Пасаргад, ки оромгоҳи Куруши Кабир дар он мавзеъ ҳанӯз побарҷост, воқеъ гардидааст.
Бинобар ин, шак нест, ки Ҳофиз аз айёми тифлию наврасӣ бо таърихи ин ёдгориҳои куҳан аз наздик ошно гардида буд. Ҳамин аст, ки дар сурудаҳои дилпазираш таърихи пешиниён ва шоҳону хусравони Аҷам бо таҳсину тамҷид ёд шудааст. Ин маънӣ дар “Соқинома”-и ӯ бо рангу ҷилои хос ба дид меояд:
Биё, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом,
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.
Бидеҳ, то бигӯям ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай.
Дар “Соқинома”, ҳамчунин, ба таърихи Турон, подшоҳии Афросиёб, Пирони вазир ва Шедаи писари Афросиёб, ки дар ҷанги Хоразм ба дасти Кайхусрави писари Сиёвуш кушта шуд, ишора рафтааст. Зимнан, ба қавли муаррихони таърихи қадим, Хоразм ва фармонравоии он дар дасти Кайхусрави писари Сиёвуш буд. Ҳамин сабаб гардид, ки Афросиёб писараш Шедаро ба ҷанги Кайхусрав ва фатҳи Хоразм фиристод, вале комёб нашуд:
Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.
Куҷо ройи Пирони лашкаркашаш?
Куҷо Шеда он турки ханҷаркашаш?
Дар “Соқинома” таъкид мегардад, ки гузашти рӯзгор на танҳо айвону қасри Афросиёбро ба бод дод, балки мазору дахмаашро ҳам аз ёдҳо бурд:
На танҳо шуд айвону қасраш ба бод,
Ки кас дахма низаш надорад ба ёд.
Ҳамон марҳала-ст ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.
Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар таърихи ҳамосии мо шоҳи Турон – Афросиёб бо асолати эронии худ ифтихор дошт ва Фирдавсӣ қавли ӯро дар бобати Тури писари Фаридун будани ниёяш дар “Шоҳнома” ёд кардааст:
Ҳама шаҳри Эрон сарои ман аст,
Ки Тури Фаридун ниёи ман аст.
Дар “Соқинома”, ҳамчунин, зарурати ёдкарди шоҳи Сосониён Хусрав ва муғаннии пуровозаи дарбори вай Борбад ва ба ин васила шодкарди равони ин бузургмардон таъкид гардидааст:
Муғаннӣ навое ба гулбонги руд,
Бигӯю бизан хусравонӣ суруд.
Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.
Дар сурудаҳои Ҳофиз, бахусус дар ғазалиёти дилангези ӯ, аз шоҳони пешдодӣ ва хусравони аҳди қадим бештар Ҷамшед – бо ду гуна: Ҷамшед ва Ҷам, ҳамчунин, ҷоми ҷаҳоннамои вай ёд шудааст:
Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Ё ки:
Гарат ҳавост, ки чун Ҷам ба сирри ғайб расӣ,
Биёву ҳамдами ҷоми ҷаҳоннамо мебош.
Ёдкарди фаровони Ҷамшед ва ҷоми ҷаҳоннамои ӯ дар сурудаҳои Хоҷа амри тасодуф нест. Чунин ба назар мерасад, ки Хоҷа аз хуфтани давлати бедори пешиниёнамон бо афсӯсу андуҳ ба тахти Ҷамшед муроҷиат фармуда, аз он мадад ҷустааст:
Гуфтам: “Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?”,
Гуфт: “Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт”.
Дар суннати куҳани мардуми мо расме буд, ки ҳангоми бодагусорӣ пешиниён ба ёди онҳо, ки дар базм ҳузур надоштанд, ҷуръае бар хок мерехтанд, чунонки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар дафтари аввали “Маснавии Маънавӣ” мегӯяд:
Як қадаҳ май нӯш кун бар ёди ман,
Гар намехоҳӣ, ки бидҳӣ доди ман.
Ё ба ёди ин фитода(й) хокбез,
Чунки хурдӣ, ҷуръае бар хок рез.
Ҳамин маънӣ аз байти зери Ҳофиз ҳам зимни ёдкарди шоҳони пешдодию каёнии Ҷамшеду Кайхусрав ба мушоҳида мерасад:
Бияфшон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли дил бишнав,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав фаровон достон дорад.
Номи бунёнгузори дини қадими зардуштия – Зардушти Испантамон, ки Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” аз қавли зардуштиён мегӯяд, бори нахуст дар Балх зуҳур кард, дар “Соқинома”-и Ҳофиз ёд шудааст:
Биё, соқӣ, он оташи тобнок,
Ки Зардушт меҷӯядаш зери хок.
Ин нукта ҳам пӯшида намонад, ки гӯё Ҳофиз ба Абуалии Сино ва таълифоти пизишкии ӯ иродати тамом дорад ва гунаи мухтасари китобҳои “Ал-Қонун фи-т-тибб” ва “Китоб-уш-шифо”-и ӯро дар байти зер ёдовар шудааст:
Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид:
“Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи “Қонун”-и “Шифо” рафт”.
Дар сурудаҳои Ҳофиз бархе шаҳру мавзеъҳои таърихии Хуросони бузург, аз ҷумла Самарқанду Бухоро ва Хоразму Хуҷанд, ёд шудаанд:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Ё:
Ҳофиз, чу тарки ғамзаи хубон намекунӣ,
Донӣ, куҷост ҷойи ту, Хоразм ё Хуҷанд?
Ибораи “турки самарқандӣ” дар ғазалиёти Ҳофиз ба ду гуна: танҳо (“турки самарқандӣ”) ва ҷамъ (“туркони самарқандӣ”) ба маънии маъшуқаи зебои бераҳми форсизабон корбаст гардидааст:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”.
Ва:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд,
Сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.
Тавзеҳан, мисраи дувуми байти аввал тазмини сурудаи маъруфи устод Рӯдакист ва дар байти дувум ба шеъри дилошӯби Ҳофиз рақсидану нозидани “сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ”, бегумон, бастагӣ ба форсидонию форсигӯйии ин хубон дорад. Албатта, дар робита ба забони форсии тоҷикӣ будани забони аҳли Самарқанд дар рӯзгори Ҳофиз ҷойи тардид нест. Гузашта аз ин, дар он рӯзгор забони модарии мо то ба Ҳинду Кашмиру Банголаву Чин доман густарда буд. Чунонки худи Ҳофиз “шаккаршикан” шудани “тӯтиёни Ҳинд”-ро баракати “ба Бангола” рафтани “қанди порсӣ” қаламдод кардааст.
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Аз суннатҳои қадиму таърихии мардуми мо дар ашъори Ҳофиз Наврӯз ва васфу бузургдошти он ҷойгоҳи хос дорад:
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ...
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биомӯзӣ...
Дар маҷмуъ, паёми Ҳофиз ба мо аз таърихи гузаштагон ва ёдкарди чеҳраҳои маъруфи устура ва таърих таъкиди ин ҳақиқат аст, ки танҳо фирефтаи гузаштаи пурифтихори “аз гавҳари Ҷамшеду Фаридун” набояд буд, балки гавҳари зотии худро ошкор ва ба маърази назарҳо бояд гузошт:
Тоҷи шоҳӣ талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой,
В-ар худ аз гавҳари Ҷамшеду Фаридун бошӣ.
Ин паём воқеан ҳушдорест, ки мо – тоҷиконро дар рӯзгори истиқлол ва давлатдории миллӣ ба зоҳир кардани гавҳари зотӣ ва ба ин васила расидан на танҳо ба асли худ, балки ба имрӯзсозию фардосозии шоиставу боиста фаро мехонад.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
Санаи нашр: 12.06.2025 №: 116