ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН ҲАМ ҚАРЗ ВА ҲАМ ФАРЗ АСТ!

19 июн 2025, Панҷшанбе
46
Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҷаҳони имрӯза, ки илму техника ва технологияҳои муосир бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд, ҷавонон ва наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд ва худогоҳиву худшиносии миллӣ назар афкананд. Дар замони муосир, ки ҷаҳон дар марҳалаи рушди босуръати технологияи иттилоотӣ қарор дорад, волидайн низ дар тарбияи насли наврас мақоми махсус касб мекунанд.
Ман ба падарону модарони азиз муроҷиат карда, гуфтанӣ ҳастам, ки шумо, бешубҳа, шоистаи эҳтироми беандозаи мо, фарзандон, ҳастед. Дар кадом ҳолате, ки набошад, фарзанд бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои кашидаи волидайн бирасад. Агар фарзанд тамоми умр ба падару модари худ хизмат кунад, ба якшаба ранҷи кашидаи модар дар сари гаҳвора ва ба заҳматҳои хастагинопазири падар баробар шуда наметавонад. Оид ба эҳтироми падару модар панду ҳикматҳои зиёд мавҷуданд, вале дар як мақолаи фишурда ҳамаи онҳоро ёдовар шуда наметавон. Аммо бо қаноатмандӣ ва ифтихор метавон гуфт, ки сиёсати инсонпарваронаи имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри эҳтирому дастгирии падару модар ва мақоми онҳо дар ҷомеа нигаронда шудааст. Бештари суҳбату баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзуъ бахшида шудааст.
Президенти кишвар пайваста зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба нақш ва мақоми волидайн изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид медоранд: “Падару модари худро дӯст доред, онҳоро эҳтиром намоед. Аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шавед, хизматашонро ба ҷо оваред, дуои неки онҳоро гиред ва ҳаргиз озорашон надиҳед”.
Мутаассифона, имрӯз на ҳама фарзандон ба қадри ин суханҳо мерасанд. Баъзан фарзандон падару модари худро меранҷонанд ва рафторе мекунанд, ки боиси нигаронии онҳо мегардад. Шояд ин на барои он бошад, ки фарзандон падару модари худро дӯст намедоранд. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо эркагӣ мекунанд, баъзан фикр мекунанд, ки ҳоло ҳам кӯдак ҳастанд, шояд омилҳои рафтору кирдори атрофиён таъсир мегузорад, ки бо баъзе амалу кирдорҳои беандешаи худ волидайни хешро меранҷонанд.
Гарчанде фарзандони мо дар рушд ва инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, илм ва техника ҳамқадам бошанд ҳам, лекин дар баъзан ҳолатҳо аз панду насиҳатҳои бузургон бебаҳра мондаанд.
Падару модар дар ҳаёти кӯдак нақши муассир доранд. Аз ин нуқтаи назар, рафтору кирдор ва муносибати волидайн нисбат ба фарзанд ба ояндаи он таъсири амиқ дорад. Ҳамон қадар, ки волидайн меҳрубону мушфиқу хушрафтор бошанд, албатта, фарзанди онҳо низ аз хулқи накуи инсонӣ ба ҳадди лозим баҳравар мегардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Забони покиза дошта бошед!”, “Қалби пок дошта бошед!”, ки ин таъкиди Пешвои миллат бисёр ҳикмати бузургро фарогир аст. Дар иртибот ба ин гуфтаҳои Сарвари давлат мо бояд забони худро аз таҳқир кардан, суханҳои носазо гуфтан, хашму ғазаб кардан, алфози қабеҳро ба забон овардан нигоҳ дорем.
Як дуои модар эмин дорад аз
садҳо хатар,
Бигзаронад аз миёни сад балоят
безарар.
Як дуои модар аз сад ганҷи
Қорун беҳтар аст,
Ҳар дуои ӯ чу туморе бувад,
к-орад зафар.
Шарифзод Ҷамшед ҒАНИХОҶА,
мушовири калони бахши
ёрдамчии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120