«ЛУТФИ АШӮР САФАР». БАХШИ ДУВУМИ КИТОБ РӮИ ЧОП ОМАД

19 июн 2025, Панҷшанбе
12
Соли 2022 дар шумораи 41-42-юми рӯзнома паём расонда будем, ки тавассути нашриёти «Адиб» китоби нави шоир ва рӯзноманигори номвар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар «Лутфи Ашӯр Сафар» рӯйи чоп омад. Ҳаҷву хушгӯиҳои воқеии таркиби китобро писари шоир Гурез Сафар чандин сол ҷамъ оварда, ба хонандагону мухлисон дар шакли китоб пешниҳод карда буд. Инак, пас аз се сол бахши дувуми «Лутфи Ашӯр Сафар» бо зевари табъ ороста шуд.
Китоб лутфу зарофат ва ҳаҷвияҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафарро дар бар мегирад. Фарқи бахши дувуми китоб аз чопи пешин ин аст, ки дар он бори аввал ҳикояҳои пурзарофати аз зиндагии ибратбахши шоир ҷамъ омадаанд.
Дар шиносномаи китоб, ки 87 саҳифа аст, омада: “Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар дар он, ҳамчунин, чанд ҳикояи воқеӣ аз ҳаёту рӯзгори ин шоири зиндаёдро ҷой додааст, ки ин ҳикояҳо низ аз лутфу танзу ҳаҷв орӣ нестанд ва умедворем, ба мухлисон ва ҳаводорони эҷодиёти ӯ ҳикмате ё ибрате мебахшанд”.
Воқеан ҳам, дар китоб мебинем, ки ҳикояҳо барои танҳо хушҳол кардани атрофиён не, балки баҳри бартараф шудани камбудиҳо, бо назокат нишон додани хислатҳои зишт ва, дар маҷмуъ, ислоҳи ҷомеа хидмат мекунанд. Масалан, дар ҳикояи “Мухлиси ашаддӣ” як ҳаводори шеър аз шоир мехоҳад, ки китобашро тақдим намояд. Баъди шунидани посухи “Дар барам китоб нест” густохиро идома дода:
– Устод, адрестона намегӯед, ки омада бигирам?
– Не, бачам! – қотеона посух медиҳад Ашӯр Сафар. – Хонаи ман чиба меоӣ? Ту адреста бигӯ, худам онро гирифта, то даруни хоната меорам.
Ин, албатта, як ҳозирҷавобӣ аст, аммо, аслан масъалаи муносибат бо адиб ва аз фарҳанги харидани китоб фарсахҳо дур будани моро нишон медиҳад. Дар мо одат шуда, то китобро ройгон ба даст орем, ҳаргиз нахарем ва адибону муаллифон, гӯё вазифадоранд, ки асарҳои чопии худро ба ҳаводорон туҳфа намоянд.
Як сухани пуртаъсир гоҳо ҷойи сад тозиёнаро мегирад ва бесабаб нагуфтаанд, ки сухан ҳам заҳр асту ҳам подзаҳр. Ба ин хотир, агар ба мазмуну муҳтавои хушгӯйиҳои адиб таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки хислатҳои баде, ба мисли хабаркашиву гапчинӣ, беҳиммативу аз ҳисоби дигарон муфт хӯрдану гаштан, дӯстии забониву нониро бештар парастидан, тамаллуқкорӣ, дастбӯсиву хушомад, кибру ғурури ноҷо, аз пушти дигарон калонигарӣ кардан, нашинохтани ҳаққи нону намак ва садҳо амали ношоистаи инсон мазаммат мешавад. Дар назари аввал хонанда механдад, аз бофти воқеаҳои нодир, аз гапдонӣ, ҳозирҷавобӣ ва ё баръакс аз ғофилию нодонии қаҳрамонҳои як латифа завқ мебарад, аммо ин сатҳи аввал аст. Мисли гирдак ё чормағзе, ки пас аз шикастан мағзаш ба даст меояд, таркиби латифаҳо дарду доғҳои бешумор доранд.
Вақте сатҳи дуюм боз мешавад, ҳадаф равшантар ва симои гӯяндааш нуронитар ба чашм метобад. Мебинем, ки Ашӯр Сафар дар муҳити худ ойина аст, ойинае, ки мо бо ҳама нуқсу камол худро дар он мебинем.
Хулоса, боқии қазоват ва лаззатро ба хонандагони зирак вогузор мекунем, то мағз аз чормағзи «Лутфи Ашӯр Сафар»-и Гурез Сафар дарёбанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120