МАН ОН ДАРЁЧАИ ШӮХАМ... БА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ ҲАБИБУЛЛО ФАЙЗУЛЛО

19 июн 2025, Панҷшанбе
20
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
Ҳабибулло Файзулло пас аз 35 соли зиндагӣ, яъне соли 1980, дар як садамаи нақлиётӣ чашм аз ин дунё барбаст. Басо чашмҳоро он замон ва баъд аз он кушод. Бовари кас намеомад, ки ба ин зудӣ реҳлат бикунад.
Аслан, бисёре аз шоирони боистеъдод дар синни ҷавонӣ оламу одамро тарк кардаанд. Ба қавли А. Блок, шоири шаҳири рус, “то ба мо ин гуна буд дунё”.
Бо ин ҳама аз рафтани як соҳибистеъдод, як шоири тавоно мардум, дӯстдорони каломи бадеъ, каломи мавзун афсусҳо мехӯранд.
Шоир як одами одӣ нест, туҳфаи табиат аст, ки на ба ҳар миллат ба ҳар вақт медиҳад.
Магар тасаввури шаҳрҳои бедарахт ва бар асари он фоҷиаҳои парандагон осон аст? Дардафзо нест? Одамиро ба андешидан вонамедорад?
Фақат шоир аст, шоири асиле чун Ҳабибулло Файзулло, ки забони табиатро медонад. Ба қавли Иқбол:
Аз он дорад маро мурғи чаман дӯст,
Мақоми нағмаҳои ӯ шиносам.
Гоҳо шоир айни табиат, айни кӯҳ, айни як дарёчаи шӯх меояд, балки бо он мепайвандад:
Ман он дарёчаи шӯхам,
Зи қалби кӯҳсорон сар кашида мавҷҳои ман,
Чу тифлони навомӯзе раҳи тифлона
мепӯянд,
Ба гӯши сабзаву себаргаҳо афсона мегӯянд,
Парида аз фарози сангҳову роҳ меҷӯянд,
Намуда такя бар деворҳои соҳили тангам,
Маро соҳил чу гаҳвора навозиш мекунад
ҳар дам,
Ба умеде, ки бар водӣ расонам тифли
покамро.
Агарчи дар баҳорон гоҳ-гоҳе хира шуд
рангам,
Баландӣ ёфт оҳангам,
Мазан, эй раҳгузар, сангам.
Ман он дарёчаи шӯхам,
Ки аз кӯҳ ибтидо дорам.
Маро дар даштҳои ташналаб ором мебинӣ,
Ба мисли оҳувони ром мебинӣ...
Чиҳилу панҷ сол боз ҳеҷ раҳгузаре ҳам бар ӯ санге назадааст. Маргаш як зиндагии беҳтаре, пурарзиштаре ба ӯ бахшидааст.
Агарчи ӯ худ намегӯяд, аммо дигарон ин ҳақиқатро ошкор сохтанд, ки ӯ шоирест боистеъдод, соҳиби нигоҳи хоси шоирона ва дарки дурусти табиат, одаму олам.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон: “Ман Ҳабибуллоро дар сурати қаҳрамони лирикии ошиқ ва меҳрпарвар мебинам, ҷӯянда ва созандаву боҳунар. Шоир бебокона дари дил ба рӯи хонанда мекушояд, бо нияти аз ниҳоли умр ба хони сухану маънавият меваҳои хушранг, тару тоза ва лазиз афшондан”.
Соҳиб Табаров, узви вобастаи АМИТ: “Тафовути ашъори лирикии Ҳабибулло Файзулло, аз ҷумла шеърҳои ҷудогонаи гражданӣ ва фалсафии ӯ аз дигар шоирони ҷавон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ӯ ба муҷаррадбаёнӣ, пардапӯшона ифода кардани фикр, бо мавҳум тасвир намудани образҳои шеърӣ роҳ намедиҳад, балки мавзуъ, идея, мақсаду амал ва тарзи баёни шоиронаро хеле аёну конкрет ва хеле равшан ба қалам медиҳад, ки дар натиҷа мавзуъ ва идеяи шеърҳои ӯ дар якҷоягӣ бо шакли баланди шеърӣ пурмазмуну ҷилодор мегарданд”.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон:
Умре ба раҳи пасту баландии ҷаҳон
Пастӣ написандиду сари боло дошт.
Ҳабибулло Файзулло на танҳо худ Ватанро бо ҷону дил, самимона дӯст дошт, балки ин тухмро, тухми меҳри Ватанро дар дилҳо кошт:
Ватан, дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст.
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам
Шавад иншо ба рӯи дафтари дил.
Ситода рост гӯё кӯҳсораш
Ба мисли посбоне бар дари дил.
Мебинем, ки Ватан ошиқона тасвир мешавад ва ин ҳунар аз касе бармеояд, ки онро мисли як ошиқи содиқ дӯст медорад. Ин гуна тасвир ва муҳаббат дар шеър камтар аз дигар шоирони асил ба чашм меояд. Бешак, Ватан низ фарзандони асил, вассофони ҳақиқиашро дӯст медорад ва онҳоро ҳамеша чун азизу маҳбуби мардумаш муаррифгар мешавад.
Осори ӯ дар умри каму кӯтоҳаш зиёд аст. Маҷмуаҳои шеъру манзумаҳои “Қатраи борон”, “Дунёи ҷавонӣ”, “Афсонаи дарё”, “Дидори орзуҳо”, “Чилчанор”, “Зи нав зинда шавем”, “Обшори Офтоб”, “Куллиёт”, “Лутфи боронӣ”, “Паём”, “Ёдгори дил”, “Гулчини ашъор”, “Куллиёт” (2-юм нашр) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. “Яблонка” ва “Бол”, маҷмуаҳои шеърии ӯ, бо забони русӣ ба табъ расидаанд.
Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фоҷиаи “Медея”-и Эврипидро дар тарҷумаи ӯ рӯи саҳна гузоштааст.
Ӯ хидматашро дар умри кӯтоҳи худ бо сарбаландӣ ва садоқати бепоён барои Ватани азизаш, адабиёти тоҷик ба анҷом расонд. Ба ин хотир ва шарафи бузургаш акнун дӯстдорони каломи бадеъ, хидмати шоири асилу нотакрори миллатро ба ҷо меоранд. Ин нукта низ боиси тазаккур аст, ки то ба ҳанӯз ҳунару истеъдод ва асрори эҷоди Ҳабибулло Файзулло ба таври пурра ва фарогир кашф нашудааст. Албатта, ба ин масъалаи муҳим низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад ва он ба дурустӣ анҷом мепазирад.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120