МАЪРИФАТИ ИТТИЛООТӢ. ЧАРО ЧУНИН ДАРС НАБОШАД?
Асри иттилоот тақозо мекунад, ки инсоният аз лиҳози идеологияи солим ба он созгор бошад. Дар акси ҳол заъфи фаҳмиши сиёсӣ ё ноогоҳӣ аз макру нозукиҳои замони мағзшӯӣ, хусусан дар фазои маҷозӣ, ҳар касе ба фиребҳои таблиғотӣ гирифтор хоҳад шуд.
Раванди рушди технологияи коммуникатсионӣ фазои иттилоотро боз ҳам мураккабтар мегардонад. Агар даҳ сол пеш дар фазои иттилоотии ҷомеаи кишвар рӯзе чанд иттилоъ пахш мегардид, ҳоло ҳар рӯз садҳо ва зиёда аз ин ахбор ба ҳар навъу тариқа дастраси мардум мегардад. Аммо дилхоҳ расона аз рафти ҳодисаву ҷараёнҳо ба манфиати сарпарасти худ истифода мебарад. Ҳатто як рӯзноманигори зархарид тариқи сомонаи иҷтимоӣ ҳангомасозӣ карда метавонад. Яъне, ҳар хабар ё гузориш ба хости гурӯҳе тарҷеҳ меёбад. Чунин манфиатҷӯӣ ба воситаи иттилоот аз назари аксари мардум, бахусус қишри ҷавон, ниҳон мемонад. Ин раванд то рафт густариш меёбад. Мутаассифона, баъзе ҷавонон, ки аз найрангҳои пушти парда ноогоҳанд, ба ҷилваи сухани ифротгароён ва бозингарони сиёсӣ дода мешаванд. Ин ҷо албатта, сабаби бунёдӣ – кам будани дониши зарурӣ дар бораи олами ҳастӣ аз лиҳози маънавӣ ва ҳам моддӣ мебошад, ки марбут ба кори мактабҳои миёна аст.
Аммо мо дар матлаби зер мехоҳем яке аз сабабҳои дигар – маърифати иттилоотиро шарҳу тавзеҳ диҳем, зеро ҳоло дар мафкурасозии ҷомеа иттилоот ҳукмрон аст. Аз ин рӯ, омӯзиши маърифати иттилоотӣ барои наврасону ҷавонон дар ҳоли ҳозир зарурати ниҳоиро касб мекунад. Ҳамон гуна ки вобаста ба зарурат мафҳумҳое мисли "маърифати ҳуқуқӣ", "маърифати экологӣ", "маърифати молиявӣ", "маърифати динӣ", "маърифати оиладорӣ" ва ғайра истифода мегарданд, дар асри иттилоот зарурат ба роҳандозии омӯзиши маърифати иттилоотӣ пеш омадааст.
Ҷавон ҳамчун аз истифодабарандаи фаъоли интернет ҳангоми истифодаи маълумот, бозиҳо, машғулиятҳо, хизматрасониҳо ва гуфтугӯҳои интернетӣ ба маърифате ниёз доранд, ки барояшон меъёру андоза, дарки воқеият ва зарурати истифодаро дар фазои маҷозӣ бифаҳмонад. Ҳамзамон, қисми муҳими маърифати иттилоотӣ – ин фарқ гузоштани иттилоъ ё далели саҳеҳ аз иттилоъ ё далели бофтаю дурӯғ мебошад. Яъне, фарқ нагузоштани иттилои расмӣ аз овозаю ҳангома, сарфаҳм нарафтан ба далелҳои номувофиқу бофта дар иртибот ба ҳодисаҳо, вазъи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон аз надоштани маърифати иттилоотӣ далолат мекунад. Ба осонӣ мағзшӯи гардидани қисме аз ҷавонон маҳз ба маърифати иттилоотӣ надоштани онҳо рабт дорад.
Асосан, сухан дар бораи он меравад, ки агар ҷавонон дар бораи ҳилагариҳову бозиҳои сиёсии пушти хабарҳо мавҷуд буда огоҳ бошанд ва дурустии иттилоотро дар сатҳи як инсони муосир ташхис намуданро омӯзанд, ба овозаҳо камтар бовар мекунанд. Дар байни онҳо таблиғ бояд шавад, ки иттилооти саҳеҳ – ин маълумоти расмии ниҳодҳои давлатӣ ва изҳороти мансабдори давлатист. Дурустии иттилоотро дар шакли матн, навор, сабт, гуфтори шахс ва ё акс ҳадди ақал аз рӯи нишонаҳои зерин бояд донем:
- сарчашмаи хабар як нафари воқеист ё масъули давлатӣ,
- кӣ гуфт ва чаро ?
- аз тарафи чанд нафар тасдиқ ё тарафдорӣ шудааст?,
- санаи пахши навор ё сабту акс бо макону замон, мавсим ва аломатҳои дигар мувофиқат мекунад?,
- рақамҳое, ки дар гуфтор, навор ё сабту матнҳо дар интернет зикр мешаванд, бояд расмӣ бошанд, на ҳавоӣ,
- ғарази шахсӣ ё гурӯҳию миллӣ,
- яктарафаю ҳадафмандона нест?
- гузориши манфии расонаи хориҷӣ боваркарданӣ нест,
- чӣ будани ҳадафу ақидаи сарпарасти расонаи хориҷӣ ё рӯзноманигори зархарид...
Бар замми ин, мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон ҳангоми истифодаи интернет манфиатҳои миллӣ ё эътибори давлату миллатро дарк намекунанд ва ба чунин расонаҳои хориҷӣ ё журналистони хориҷӣ кӯркӯрона тақлид карда, дар саҳифаҳои шахсии худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳоро бо номҳои воҳиманок мегузоранд. Ин кори содалавҳонаи онҳо боиси ҳангомасозиҳо дар фазои иттилоотӣ мегардад.
Ҳамзамон, донистан зарур аст:
– этикаи аксу наворгузорӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои шахсӣ,
– манфиати давлату миллат ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ;
– бо чӣ зарурат мо навор ё акс мегузорем, ё онро бозинтишорӣ (поделится) мекунем?
– риояи забони давлатӣ ва монанди ин;
- парҳез аз таҳқир.
Ба фикри мо, агар шахси замони муосир ҳадди ақал аз рӯи чунин нишонаҳо иттилооти шунида ва ё хондаашро ташхис карда тавонад, пас ӯ то андозае дорои маърифати иттилоот буда метавонад. Ин ҷавшани маънавӣ дар ростои ҳама гуна таблиғот зеҳни ӯро ҳимоя мекунад. Набудани маърифати иттилоотӣ дар байни қисме аз шаҳрвандон сабаб мегардад, ки дастоварду ободонии бо хуни дил, бар ивази ҷонсипаркуниҳо бадастомадаро, баъзан нодида мегиранд.
– Ҳамзамон, гирдоварии маълумоти илмию таҷрибавӣ доир ба маърифати иттилоотӣ дар такя ба зарфияти собиқадорони соҳаҳои матбуоту телевизион, мақомоти марбута ва олимону мутахассисони ҷомеашиносию сиёсатшиносӣ таҳияи дастурамали маърифати иттилоотӣ барои ҷавонон ё дарси алоҳида дар ин бобат дар мактабҳову донишгоҳҳо зарур омадааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ