АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ. ЁДЕ АЗ ЮРИЙ РОМАНОВИЧИ АЗИЗ
Рӯзи сешанбе, 10-уми июн, ҳангоми ворид гаштан ба толори васеи Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чашмам ба акси рӯи мизи назди девор афтод, ки дар зераш дастаи гул меистод. «Боз кӣ фавтида бошад?», – аз дил гузарондам, зеро ин мизи бечора танҳо ҳамин вазифаро дошт, ки хабари марги рӯзноманигоре, корманди матбааеро мерасонд. Аз акс Макаренко Юрий Романович, бо ҳамон табассуми малеҳи маъсумона сӯи бинанда менигарист. 6-уми июн, рӯзи Иди Қурбон аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ рахти сафар бастааст. «Ҷояш ҷаннат бошад», – мегӯяму даст ба рӯй мекашам.
Борҳо хондаем, ки навиштаанд: «Ҳар шахс таърихи мушаххасест ва баъди даргузашташ таърихаш ҳам қатъ мегардад». Шояд чунин ҳам ҳаст, вале ёди ӯ дар дили аҳли байт, ҳамкорон, ҳампешаҳо ва, махсусан дӯстон, то ҳастанд, боқӣ хоҳад монд. Юрий Романович шахсе буд, девкор. Ӯро бо ҳамин сифаташ аз соли 1985, ки дар корхонаи рӯзномабарории «Шарқи озод» ба сифати усто кор мекард, мешиносам. Корхона нав буд, дастгоҳҳо низ. Рӯзе рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), «Коммунист Таджикистана» («Народная газета»), «Совет Тожикистони" («Халқ овози»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), «Адабиёт ва санъат»-у «Омӯзгор» ва ғайра бо теъдоди миллион нусха бо сифати баланд ба нашр мерасиданд. Мутаассифона, ба ин гурӯҳи заҳматкаш низ чашми бад расид. Аз нафаси шуми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бисёр коргарон, алалхусус рустаборон, аз Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» рафтанд. Вале Юрий Романович, ба зодгоҳаш Ҷумҳурии Қазоқистон барнагашт, зеро ба шаҳри Душанбе дил баста буд, дар ин ҷо бахташро ёфта буду ҳам обрӯи сазовор дошт ва ҳам коргарону рӯзноманигорон ҳурмату иззаташ менамуданд. Баръакс, акнун худаш ба омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ рафта мутахассисони ҷавонро ба кор даъват менамуд. Дар солҳои 1992-1995 ва минбаъд аксари кормандони нашриётро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медоданд. Юрий Романович ба онҳо кор ёд медод, ба шахсони ботаҷриба навкоронро вобаста мекард.
Имрӯз вазъи матбаа хеле хуб аст. Вақте ки 20 соли пешро ба ёд орем, алалхусус фаслҳои охири тирамоҳу зимистон ва аввали баҳорро, бадан ба ларза меояд. Толорҳои калони нашриёт чунон сард буданд, ки ҳатто дастгоҳҳо аз ҳаракат мемонданд, то гарм шудани чархҳои таҷҳизоти чоп даҳҳо килограмм коғаз талаф меёфт. Дар фаршҳои бетонӣ сардӣ аз мӯзаҳои соқбаланди мӯинадор ҳам гузашта, пойҳоро карахт мекард, панҷаҳо аз хунукӣ кабуд шуда, қаламро намедоштанд. Ана дар ҳамин гуна шароити сангин Юрий Романович бо ҳамкоронаш Ношак Наврӯзов, Шакарбек Шакарбеков, Саид Тураев, Абдуқаҳҳор Санаев, Искандар Ёров, Тоҷиддин Мирзоев, Мирзо Ҳасанов, Аброр Бобоев, Сардор Азизов, Вафо Гулбердиев ва дигарон рӯзнома, дафтар ва дигар маҳсулоти чопиро мебаровард.
Юрий Романовичи ғамхор ба ҷуссаҳои палтопӯши коргаронаш ба раҳм нигариста, ҳамеша мекӯшид, ки заҳмати онҳоро каме ҳам бошад, сабук намояд, аз ин рӯ, дар ҳуҷраи кориаш чойи гарм омода менамуд, шахси хунукхӯрдаро дар назди бухории барқӣ ҷой медод, ки мабодо шамол накашад.
Дар сурати шикастани қисме аз дастгоҳ бо ҳамроҳии челонгарон шабҳо меистод, бо маслиҳат ёрӣ мерасонд ва дар дарёфти қисмҳои эҳтиётӣ пайваста дар такопӯй буд. Сармуҳаррирони рӯзномаҳо исрор мекарданд, ки тезтар дастгоҳро ба ҳаракат орад, чопи газета кашол наёбад, хабарҳои муҳим, амру фармонҳои Сарвари давлат бояд ба хонандагон ва ташкилоту созмонҳои дохиливу хориҷӣ сари вақт бирасанд. Сармуҳандис сармуҳарриронро мефаҳмид, аз ин рӯ, то рӯзномаҳои расмӣ аз чоп набароянд, роҳи хонаашро пеш намегирифт.
Юрий Романович баъди хатми Институти полиграфии шаҳри Москва бо ихтисоси инженер-технологи истеҳсолоти полиграфӣ бо роҳхати раёсати корҳои КМ КПСС моҳи июли соли 1985 ба ихтиёри нашриёти КМ ПК Тоҷикистон, имрӯза «Шарқи озод», сафарбар гардид. Ҳамчун усто, мастери корхонаи газетабарорӣ ба фаъолият пардохт. Баъди ним сол устои калон ва пас аз соле роҳбари корхонаи газетабарории Комплекс шуд. Аз 26-уми марти соли 1999 то 1-уми феврали соли 2018, яъне то ба нафақа баромадан, сармуҳандис буд. Меболид, ки дастпарваронаш ҳама кордону ҳоҷатбарор шудаанд, таҷрибаи андӯхтаашонро ба навкорон меомӯзанд, шароити кор низ хеле беҳтар гаштааст. Акнун рӯзномаҳо сари вақт бо сифат нашр мешаванду ҳоҷат ба навбатдории шабона намондааст. Вай дар симои ҷавонони ҳампешааш ҷавонии худро дида шод мегашт. Ёдаш ба хайр.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН