АЗ ИНТИХОБАМОН ИФТИХОР ДОРЕМ
Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ба бахти миллати қадиму соҳибтамаддунамон 28 сол боз он пойдор аст. Дар ин зимн, ба гузашта нигариста ва аз воқеоти он ибрат гирифта мешавад. Дар арафаи ин рӯзи нек хабарнигори рӯзнома бо Ғайбулло Авзалов, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқ вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ғелот” №171, ноҳияи Восеъ, оид ба ин мавзуъ ҳамсуҳбат шуд.
– Муҳтарам Ғайбулло Авзалов, Шумо аз ҷумлаи шахсоне ҳастед, ки шоҳиди истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ будед. Ҳоло, агар аз нигоҳи Шумо ба раванди истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки меъмори он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мурур кунем, кадом омилҳои пирӯзии миллӣ бар ҷанги таҳмилиро метавон дар миён гузошт?
– Барҳақ, миллат дар вартаи нестӣ қарор дошт. Душманони дохилӣ ва берунӣ дар амалӣ гардидани ниятҳои нопокашон даст ба кор шуда буданд. Натиҷа ин шуд, ки ибтидои истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ҷангии таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зад ва миллат дар ҳолати парешонӣ қарор гирифт...
Гузашта ҳамеша сабақҳои дурусту бузург дода метавонад, агар чашми ибратбин дошта бошем. Пеш аз он ки дар бораи ваҳдати миллӣ ва таҷлили он сухан бигӯем, аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ва аҳамияти бузурги таърихии он бояд ёдовар шавем.
Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия пеш аз ҳама дар он аст, ки вакилон бо эҳсоси шинохти масъулияти бузурги таърихӣ дар пешниҳоду интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) хато накарданд.
Нахустин сухани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ба миллати шарифи тоҷик ин буд, ки “ман ба шумо сулҳ меорам”. Дар он рӯзҳо, агарчи ин каломи Сарвари давлат ба дили мардум шуълаи умед бахшид, бисёриҳо вобаста ба вазъи душвор дар амал собит намудани ин қавлро аз воқеият дур медонистанд...
– Чаро?
– Чунки оташи ҷанг аланга мезад ва душманон ба ин оташ равған мерехтанду он доман паҳн мекард, хушку тарро месӯхт. Бар замми ин, шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ шуда буданд. Вазъи ногувори сиёсӣ, ҳукмронӣ, баҳамории гурӯҳҳову ҳизбҳоро монеъ мегардид.
– Шумо ёдовар шудед, ки вакилон дар шинохти Сарвари ояндаи давлат, вакил аз ҳавзаи интихоботии №172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои мудҳиш хато накарданд. Чунин интихоби огоҳона бо назардошти кадом далелу арзишҳо буд?
– Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин ҷаласаҳои Шурои Олӣ аз дарду мушкилоти мардум, роҳҳои ҳалли онҳо сухан мегуфтанд, албатта, бо факту далелҳои муътамад ва таҳлилҳои амиқ. Аз ҷумла, барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, зиёд кардани музди меҳнат, поён фаровардани нархҳои маҳсулот ибрози андеша мекарданд. Пешниҳодҳои судманде барои таҳкими худшиносии мардум, ҳувияти миллӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, пешрафту тараққиёти кишвар, эътидоли вазъи сиёсӣ дар миён мегузоштанд. Ба таври умум, метавон гуфт, ки дар миёни вакилон намояндае ба шумор мерафтанд, ки бештар дар андешаи мардум, ояндаи неку дурахшони мамлакат буданд.
Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ дар мушкилтарин давра тасодуфӣ набуд. Вакилон ба Сарвари интихобкардаашон бовар доштанд, ки вазъи сиёсии кишварро ором, алангаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар карда метавонад.
– Агар ба гузашта назар кунем, то Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ дар давоми ду сол чор роҳбари ҷумҳурӣ ба истеъфо рафта буд. Табиист, ки дар чунин вазъи печида на ҳар кас омода буд, то зимоми роҳбариро ба уҳда гирад, вале муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ин масъулиятро пазируфтанд...
– Бале, тавре ёдовар шудам, дили ин сиёсатмадори он замон ҷавону тавонманд бештар аз ҳама ба мардум, ояндаи кишвар месӯхт. Дар мавриди мушкилоти он замон ҳар қадар сухан бигӯем, кам аст. На танҳо вазъи сиёсӣ, балки вазъи иқтисодии кишвар низ дар он рӯзгор нигаронкунанда буд. Мардум бар асари раҳгумзадагӣ намедонистанд, ки ба кадом ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ эътимод намоянд. Ба сарварони шаҳру ноҳияҳо низ бовар намонда буд, зеро барои беҳдошти вазъ, зиндагии онҳо намеандешиданд, амалан ҳеҷ коре аз дасташон намеомад. Ана дар ҳамин гуна вазъ, ки хатари парокандашавии давлат ошкоро дар миён буд, шахси фидоие бояд сари кор меомад, ки манфиатҳои давлату миллатро дар авлавият қарор диҳад. Ин гуна шахс ва роҳбари боҷасорат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба иқболи мардуми тоҷик масъулияти бузурги роҳбариро ба дӯш гирифта, Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҷангу хунрезӣ раҳо ва мамлакатро ба шоҳроҳи тараққиёт ворид сохтанд.
– Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ устувор монданд ва он чи дар он рӯзгор гуфта буданд, амалӣ сохтанд, ки муҷиби саодати имрӯзи мо шуд. Алҳол дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуморо ҳамчун вакили он давра, шоҳиди дастовардҳои бузург, чӣ эҳсосе фаро гирифтааст?
– Эҳсоси шодмонӣ ва ифтихор аст, ки Сарвареро, ки мо – вакилон интихоб кардем, на танҳо орзуҳои мо, балки ормонҳои милливу мардумиро амалӣ сохтанд. Вакилон дар ҳамон замон дарёфта буданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, шахсияти фавқулода ва нисбат ба миллат ғамхор мебошанд.
Биёед як бори дигар ба ёд биёрем, дар баромади аввалинашон гуфта буданд, ки то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонанд, худро ором ҳис намекунанд. Агар лозим шавад, дар ин роҳ ҷони худро, ҳастии худро дареғ намедоранд. Бо ҷасорат ва боварии том гуфтани ин суханҳо дар он рӯзгор ҳаргиз осон набуд.
Сулҳу осоиштагӣ, дастовардҳои бузурги тасаввурнопазир моро маҳз ба туфайли Пешвои миллат ва сарварии хирадмандонаашон насиб гаштанд. Дар баробари он ки мо Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил мекунем, бояд ҳатман аз хидматҳои бузурги Сарвари давлат ёдовар шавем ва ин ёдоварӣ сабақомӯз бошад.
Наметавон аз хотирҳо баровард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба гурезаҳо ба ин маънӣ изҳор доштанд, ки биёед, Ватанамон, хонаву даратонро соҳиб шавед, обод намоед, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам, аммо як пора нонро бо ҳам мебинем ва амниятатон кафолат дода мешавад.
Ин пешниҳод ба қумондонҳои ҷониби ҷангҷӯ писанд наафтод, зеро аз ҳукмронӣ ва ғоратгарӣ мемонданд. Чунки, барои гурезаҳо дар кишварҳои хориҷӣ, на танҳо дар Афғонистон, лагерҳо таъсис дода буданд. Баъзе аз ташкилотҳои дахлдор барои онҳо маблағҳои калон, либос, ғизоҳои зиёд ҷудо мекарданд. Дар сурати баргаштани гурезаҳо қумондонҳои миллаткуш танҳо мемонданд ва аз таваҷҷуҳ бенасиб мегаштанд.
– Дуруст аст.
– Пешвои миллат Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо карданд, балки онро ба як кишвари ободу амн, пешрафта табдил доданд. Мардум, аз ин рӯ, Сарварашонро дӯст медоранд ва медонанд, ки барои ояндаи дурахшони онҳо заҳмат кашиданду мекашанд. Воқеан, азизи ҳар хонадон мебошанд. Мо ин ҳақиқатро ҳар лаҳза эҳсос мекунем, дар ҳар мулоқоташон бо мардум ба чашми худ мебинем.
Ин ҳақиқатро, ки ниёз ба собит сохтан надорад, бояд бигӯям, ки Пешвои миллат миллатамонро дар олам ба таври шоиста муаррифӣ карда, шуҳрат бахшиданд.
Бо ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, албатта, моро ояндаи дурахшонтаре дар пеш аст. Танҳо зарур аст, ки дар татбиқи нақшаҳои ояндасозашон дар ин замони пурталотум бояд канори ҳам бошем.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
