ДАРКИ ҲАҚИҚАТИ ВАҲДАТ Ё ҲАДИСИ ШУКРОНАИ ҶАВОНДУХТАРЕ АЗ ҲИСОР
Мо, насли нав, ки бештарамон 17 ё 18 сол дорем, дар замоне зиндагӣ ва таҳсил мекунем, ки дар ҳар қадам ободист, шабҳо ҳам мисли рӯз орому сокитанд, дар ҳар қадам дари дуконҳои калон, тарабхонаҳо, ошхонаҳо боз аст. Мо лаҳзае ҷангу кашмакаш ва нодориву гуруснагиро надидем. Дар чунин ҳол қиссаҳои талхи бобоям дар бораи шабу рӯзҳои вазнини мардум, гуруснагӣ, беморӣ ва дарбадарӣ бароямон мисли афсона менамоянд.
Бобоям бо табассум ҳайрати маро мушоҳида мекунаду меафзояд: “Духтаракам, барои он саргузашти пурмоҷарои мо барои ту чун афсона метобад, ки ту бо додару хоҳараконат дар олами афсона зиндагӣ доред. Замоне ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳар дару девор печида буд, аз Ҳисор то Душанбе, ба як масофаи кӯтоҳ омадану рафтан хатар ба ҷони одам дошт, мо ҳам расидани оромиву осудагиро афсона мепиндоштем. “Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад, Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?” – гуфта дар дил фиғон доштем...”.
Мо, воқеан ҳам, тасаввур карда наметавонем, ки чи гуна метавон аҳли як хонавода якбора душмани ҳам шаванд, ба ҷони ҳам, ба хуни ҳам ташна гарданд. Чи гуна одам метавонад хонаи ҳамсоя, ва ҳатто, падару модари худро, дар маҷмуъ, Ватани худро ғорат кунад. Вале бобоям бо далелҳои равшан, бо гуфтани воқеаҳои дар ҳудуди шаҳри Ҳисори имрӯза, ки он замон ноҳия буд, исбот мекунад, ки ҳамин гуна даҳшату ваҳшат ҳукмфармо будааст. Бобоям ин суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро такрор мекунад: “Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг, тадриҷан, шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллион нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд”.
Дар ҳақиқат, агар мо ранҷу азоби гузаштагонро дар роҳи давлатдорӣ, азхудгузаштанҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи аз нобудӣ эмин доштани ин сарзамин фаромӯш кунем, моро фоҷиаҳои дигар думболагир хоҳанд шуд.
Боз ҳам бобоям табассум мекунаду даст ба дуо мекушояд: “Илоҳо, афсонаи зебои сулҳу ваҳдат ва истиқлол давом ёбад ва ҳақиқати пурфоҷиае, ки онро мо бо чашмони сар дидем, мисли қисса, ривоят пазируфта шаваду такрор наёбад, вале сабақҳои омӯзандаи он барои ба қадри имрӯзи зебо расидан, поянда бошанд!”
Фараҳноз ҒАНИЗОДА,
гирандаи стипендияи президентӣ, хонандаи
синфи 11-уми Гимназияи хусусии “Кафолат”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН