Ӯ ОМӮЗГОРИ АСИЛ БУД...
Соли 1979 ба мо, ки донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будем, мегуфтанд: “Агар аз имтиҳони Ҳусейнзода (мурод Шарифҷон Ҳусейнзода) баҳо гирифтеду гузаштед, Донишгоҳро хатм мекунед ва агар на...”.
Ин гуфта, дар баробари як ҳушдор будан, тарсро дар вуҷуди мо тавлид мекард. Ва, аслан, аз тарс бо эҳсоси масъулияти бештар ба дарсҳояш ҳозир мешудем. Шоҳид мегардидем, медидем, агар донишҷӯе бо сабаби узрнок ҳам дар як дарсаш иштирок намекард, хеле гаронаш меафтод; дар баробари таҳаммули сарзаниши устод, шунидани панду насиҳатҳои зиёд ва як навъ супоридани имтиҳони мавзуе, ки онро нашунидааст ва ҳамаи мавзуъҳои пеш аз он гузаштаи ин омӯзгори сахтгир.
Худо накарда ба ҳангоми дарси ӯ донишҷӯе хамёза мекашид. Дар ин ҳол ба ғазаб меомад. Шояд мепиндошт, ки аз асари вазнинии дарс ва хоҳиши қабул накардани суханони устод бар шогирд хоб ғолиб мешавад.
Пас аз чанд бори чунин таъкидҳову насиҳатҳо намудан хамёза бар ман низ ғолиб шуд. Сарзанишу насиҳатҳои ӯро гӯш кардам, аммо мисоли дигар шарикдарсонам хомӯш намондам, посух гуфтам. Гуфтам, ки “устод, фаҳмидам, ки ин амал писанди шумо нест, ман аз хоб сер шуда ба дарсатон омадаам. Ин ба эроди шумо иртиботе надорад. Ҳолате ё шояд беморие мебошад, ки ман пеши роҳи онро гирифта наметавонам. Агар усули пешгирияшро бидонед, бигӯед, то агар дарде бошад, ба он даво бубахшанд”. Шарифҷон Ҳусейнзода ин бор хомӯш монд, аммо забони ҳамаи шарикдарсонам бар ман дароз гашт. Гуфтанд: “Бо Донишгоҳ, бо мо бояд хайру хуш намоиву биравӣ”. Бе ин ҳам аз оқибати амалам дар андеша будам ва бо тарси зиёд ба дарси дигари устод омадам. Бе ин ки чун ҳама вақти дигар дарсро аз “ҳозиру ғоиб” шуруъ намояд, маро ба назди тахтаи синф баровард. Аз аввал то ба охир ҳамаи мавзуъҳои гузаштаашро пурсид. Ҷавоб додам. Гуфт: “Писарам, донишмандӣ, аммо чаро он рӯз он суханҳоро гуфтӣ?”.
Пас аз ним соли таҳсил нахустин имтиҳонро аз фанни назмшиносӣ гузоштанд. Устод Ҳусейнзода ҳар донишҷӯро ба оҳистагӣ, бо фурсати том имтиҳон мегирифт.
Инак, навбати ман, донишҷӯи “тагичашмкарда” ва ба қавле “саркашаш” фаро мерасад. Устод нахуст ба дафтари лексия (мавзуъҳои гузаштааш) бо диққат менигарад ва баъд ба дафтари қайдҳои асарҳои фармудааш барои хондан қонеъ мешавад ва иҷозат медиҳад, ки ба саволҳо посух бигӯям. Чанд саволи иловагӣ медиҳад ва ҷавобҳои қаноатбахшро мешунавад. Ба дафтарчаи имтиҳониям баҳои аъло мегузорад ва мегӯяд: “Офарин, писарам”. Пас аз он аз ҷой бархоста, то ба берун гуселам мекунад. Ин одати ҳамешагии устод дар имтиҳонҳо буд. Аз посухи шогирде қонеъ мегардид, ӯро ҳатман то ба берун аз синф гусел мекард.
Дар ҳимояи рисолаи хатмам низ ширкат дошт. Саволам дод: “Писарам, андешидаӣ, ки мавзуи интихобнамудаат “ташхис ва методи эҷодӣ” васеъ мебошад?. Агар онро дар яке аз методҳои эҷодӣ таҳқиқ мекардӣ, оё беҳтар набуд?”.
Пурсишаш чунон оромона, меҳрубонона буд, ки имкони худро аз даст надодан ва посух гуфтан пайдо кардам: “Мавзуъро ба ман доданд, худам интихоб накардам ва то кул ба таври умумӣ тасаввур нашавад, ба ҷузъ роҳ ёфтан душвор аст”.
Табассуме зебо кард ва хомӯш монд.
Он рӯз дар ҳимояи рисолаи яке аз шарикдарсонам бо устод Соҳиб Табаров баҳс карданд. Ҳар ду ҷониб бо далелҳо исбот менамуданд, ки “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат манзума аст ё достон. Баъди чанд сол ин баҳсро барои устод Соҳиб Табаров ёдовар шудам ва аз ӯ пурсидам, ки наандешидед, Шарифҷон Ҳусейнзода меранҷад?
– Не, – гуфт ва идома дод ӯ, – шумо баъдҳо мефаҳмед, ки олим аз баёни ҳақиқат ва ё баҳс ҳеҷ гоҳ намеранҷад, баръакс, шод мешавад. Мақоми олим бо инҳо поён намефарояд. Шарифҷон Ҳусейнзода, ки устодам ҳаст, медонам, дар ин гуна мавридҳо ҳаргиз одати ранҷидан надорад. Ӯ омӯзгори асил аст, ба касбаш садоқат дорад, нонашро ҳалол карда мехӯрад, бо кизбу дурӯғу туҳмат душмани оштинопазир аст. Ин ва дигар сифатҳои нек ӯро маҳбуб гардондааст. Саҳмаш дар шинохти адабиёт, тарбияи шогирдони асил зиёд мебошад. Кош ҳама мисли ӯ мебуданд. Барои дарёфташ ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба назди Мирзо Турсунзода, раиси вақти Иттифоқи нависандагон, рафтам ва гуфтам, ки мо – шогирдонашон асарҳо, рисолаҳо, китобҳои устодем, чӣ мешавад номзадии ӯро бе алтернатив гузоред? Мирзо Турсунзода ин пешниҳодро хуш пазируфт. Устодам Шарифҷон Ҳусейнзода ҳамон сол ин мукофотро соҳиб шуд.
Воқеан, ҳар кадом устоди сахтгир меҳрубону ғамхор низ мешавад. Ин ҳақиқатро дар симо, амали Шарифҷон Ҳусейнзода дидаму шоҳид шудам. Мепиндорам, ки аз насли хушбахти замонем, ки аз файзи дарсу суҳбати чунин мардони шариф ва ҳидояташон дар роҳи илмомӯзӣ, хештаншиносӣ баҳравар гардидем.
Абдулқодири Раҳим,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН