РАҲМИ ПАРВАРДИГОРИ МО ОМАД...

24 июн 2025, Сешанбе
22
Дар раванди ҷаҳонишавӣ дунё гирифтори нооромиҳо ва баҳсу моҷароҳои гуногуне гардида истодааст, ки ин падида оромиву осоиштагӣ ва суботи миллатҳо ва кишварҳоро халалдор месозад. Дар ҷомеаи имрӯза кам давлатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандонашон бо калимаҳои "сулҳ", "ваҳдат", "дӯстӣ", "рафоқат" ва муродифи онҳо ошноӣ дошта, дар асоси ин маҳфумҳо ҳокимияти давлатиашонро бунёд карда бошанд.
Вожаи ваҳдат аслан ҳамрешаи калимаҳои иттиҳоду муттаҳидӣ буда, ҳанӯз асрҳо муқаддам дар эҷодиёти бузургони адабиёти классик ва муосири тоҷику форс истифода шудааст, ки аз сулҳпарвариву иттиҳоди халқи тоҷик дарак медиҳад.
Дар нимаи дуюми асри ХХ аллакай моҳияти ваҳдат рӯ ба таҳаввул ниҳода, маънои васеътареро дар худ ҷой намуд. Дар таърих солҳои 50-60-уми асри ХХ ҳамчун солҳои рӯ ба тараққӣ ва сулҳгароии миллатҳо ёдоварӣ мешавад, зеро маҳз дар давоми ин солҳо чандин мамлакатҳои Африқо ба истиқлол расида, бо дигар кишварҳои ҷаҳон сулҳро барқарор карданд ва ин давраро Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, сафири сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода дар ин байташ хеле зебо тасвир кардааст:
Сулҳ бо имзои моҳо – мардумони офтоб,
Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб.
Ваҳдат занҷиреро мемонад, ки миёни қавмҳо, миллатҳо, давлатҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳамбастагӣ ва дӯстиеро пайваст месозад.
Пойдории ҷаҳони имрӯза, бақои миллатҳо ва ҳамкориҳои босуботи давлатҳои ҷаҳон аз вуҷуди ваҳдату рафоқат дарак медиҳад. Ҳанӯз асрҳо муқаддам, инсоният кӯшиш ба харҷ медод, то мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаро бо роҳи сулҳ ва субот ҳал намояд. Ин раванд, хушбахтона, мазмуну моҳияти худро гум накардааст ва ҳанӯз миёни миллатҳо ва давлатҳо ҷой дорад. Ваҳдат як робитаи устувор аст ва доираи он маҳдуд нест ва ҳар он кас, ки ин ҷодаро пеша кунад, бешубҳа, ба баҳористони сабзтарини ҳаёт мерасад.
Ваҳдати миллӣ чист? Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Барои ба вуҷуд омадану шакл гирифтан, пойдор ва, хусусан, бегазанд гардидани ваҳдат халқ ва миллат бояд ин ягонагиро дар ҷисму ҷони худ аз кӯраи сӯзони асрҳо бигзаронад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд ва, пеш аз ҳама, таҳаммулпазиру содиқ ба миллату давлати худ бошад.
Мардуми тоҷик дар таърихи тулонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна буҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонааш тавонистаанд, ки истиқлолу озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.
Агар ба таърих назар афканем, пас аз парокандашавии давлати Сомониён миллати тоҷик соҳибистиқлолии худро аз даст дода буд, аммо ваҳдати миллии худро тавонист нигоҳ дорад ва ин ваҳдатро кӯшиш мекард бо дигар қавму миллатҳо низ барқарор созад. Мо аз азал миллати сулҳдӯстем ва ваҳдату ягонагӣ шиори мо буд. Мутаассифона, пас аз пошхӯрии ИҶШС ва қабули Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати мо гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашт. Мамлакат дар марзи нобудӣ қарор гирифт.
Мардуми Тоҷикистон ба нури умеде эҳтиёҷ дошт, то торикиву зулматро аз сарашон бардорад ва дубора ба зиндагиашон рӯшанӣ орад. Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз, ки сарнавишти миллату давлати тоҷикон ҳал мешуд ва мо нақлашро аз бузургон шунидаву аз саҳифаҳои таърих хондаем, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифта, бо боварии том ва ҷасорати тоҷикона аз минбари баланд, садо зад; “Ман ба шумо сулҳ меорам!”. Ин фарзанди содиқи халқу миллат, бо вуҷуди ҷавону дар арсаи сиёсат навқадам буданаш, ба сари нангу номуси ватандорӣ омада, амнияту сулҳу суботро ба Ватан баргардонд - Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои халқи тоҷик мебошад, ки дар зулмати кинаву адоват ва муборизаҳои бесару сомон чун нури зулматкуш фурӯзон шуда, ба сарзамини аҷдодии худ сулҳ овард.
Имзои ин Созишномаи таърихӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва, дар толори Георгийи Кремл Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин санади муҳиму басо таърихӣ хурсандиву нишоти мардуми тоҷикро ҳадду канор набуд ва ҳама оғӯши бародарона кушода, ҳамдигарро ба канор мегирифтанд.
Ин лаҳзаҳоро аз мисраъҳои шеъри устод Лоиқ эҳсос мекунем, ки басо гуворо гуфтааст;
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад,
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Шуруъ аз ин лаҳзаҳо дар кишварамон ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешавад.
Чи тавре ки Пешвои муаззами мо дар як суханрониашон зикр кардаанд: ”Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Воқеан ҳам, маҳз паймони ваҳдати миллӣ буд, ки заминаи шукуфоии миллати моро муҳайё кард ва Тоҷикистонро ба имрӯзи равшан овард. Маҳз аз баракати ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбеи гулгунқабо дар рӯзномаи “Глобал фейс” ҳамчун амнтарин шаҳр дар шабонгаҳ эътироф шудааст.
Ваҳдати миллӣ барои халқи мо арзишмандтарин, волотарин, зеботарин ва муҳимтарин дастоварде ҳаст, ки на ҳар халқу миллате ба ин ганҷ соҳиб мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик тавонист бо ташаббус ва ҷонфишониҳои фарзонафарзандони худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатеро бунёд созад, ки ҳар хишти он аз дӯстиву рафоқат ва сулҳу салоҳ гузошта шудааст.
САФАРЗОДА Носир Нодирҷон,
ёрдамчии судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123