НАҚШИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ АРЗИШҲОИ ВАҲДАТГАРОИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

24 июн 2025, Сешанбе
19
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ воқеан ҳам ду мафҳум ва падидаи қудратманду беназире ҳастанд, ки таърихи муосири Тоҷикистонро ташаккул ва дар зеҳнҳо парвариш додаанд. Имрӯз ҳам тавассути ин арзишҳои меҳварии низомсоз устувории ҷомеаи мо дар рӯбарӯи чолишҳои муосир нигоҳ дошта мешавад, аъзои ҷомеа ба ҳам наздик мешаванд ва эҳсоси ҳамшарикияшонро дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват месозанд. Вале чунин саодати таърихӣ дар мавриди баҳрабардорӣ аз неъмати ваҳдатгароӣ на ба ҳамаи иштирокдорони саҳнаи таърихи башарӣ насиб гаштааст, ки яке аз намунаҳои таассуфбори онро мо тули чандин даҳсолаҳост, ки дар мисоли кишвари ҳамсояамон мушоҳида мекунем.
Агар аз ин фарози қисмати иҷтимоӣ ба таърихи тайнамудаи тоҷикон назар андӯзем ба осонӣ мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастагинопазир онро аз чашидани шаҳди саодати ин неъмати безавол бенасиб нагардонда будааст. Дар ҳар як зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафтатар шарафёб гаштаанд. Яъне, тавассути тамоюли ваҳдатгароӣ тоҷикон сареътару зудтар аз дигар мардумон доираи ҳамгароии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд.
Бо такя аз андешаи мазкур метавон гуфт, ки ваҳдат барои ба воқеият пайвастан ва иҷрои муносиби вазифаҳои иҷтимоию сиёсии худ ба арзишҳои муносиби ақидатӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хосе такя менамояд, ки вижагиҳои дарки махсуси вуҷуди олам, тасаввури ташкили ҷомеаи инсонӣ, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ аз зумраи онҳо мебошанд. Бахусус, бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди олами иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад монд. Агар муҳтавои манзараи диди олами аъзои ҷомеа анбоштаи тасаввуроти устуравӣ, динӣ ё назариёти илмӣ бошад, пас диди ӯ ҳам аз падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла заминаи ваҳдати унсурҳои ташкилдиҳандаи он ҳамин гуна хусусиятро ба худ мегирад. Инро чанде пеш профессор С. Ятимов низ дар яке аз мақолаҳои худ равшан дар мисоли дарки ташаккулёбии ҳаёти дунявии ҷомеа равшан нишон додааст.
Қазовату далелҳои зикршуда баёнгари онанд, ки ваҳдатро дар таркиби умумияти таърихие ҳамчун миллат ба даст овардан кори саҳлу осон не, балки хеле мураккабу сангин аст. Аз ин рӯ, нақши он барҳақ дар мустаҳкамсозии пояҳои давлатдории миллӣ хеле беназиру ивазнашаванда аст. Ин масъала низ бояд мадди назар бошад, ки ваҳдати дар фазои давлати миллӣ бадастомада, бовари байни мардумро, ки дар аввал ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ шуда буд, минбаъд устувору фарохтар сохт. Аз ин ҷиҳат, бо маҳорати нодир атрофи як ҳадафи умумии давлатсозии миллӣ ташаккул додани иродаи умумиллию бо ин усул ба даст овардани эътимоди байниҳамдигарии мардуми ин сарзамин яке аз хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат ба шумор меравад.
Хушбахтона, имрӯз арзишҳои марбут ба падидаи сулҳу субот алҳол дар тамоюли ҷаҳонбинии мардум ҷойгоҳи арзандаи худро ёфтааст ва таҳти таъсири онҳо доираи бовари иҷтимоии аъзои ҷомеаи тоҷик дар муқоиса бо марҳалаҳои пештараи рушди таърихии ҷомеаамон фарохтар шудааст.
Зарурати роҳандозии саъю талоши ваҳдатгароии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пештара аст, балки дар мавриди кунунӣ он бамаротиб меафзояд, зеро шиддати муқовимату рақобати кишварҳо ошкоро бештар ба чашм мерасад. Дар муқобили чунин муқовиматҳо ҳамон ҷомеае метавонад аз худ истодагарӣ нишон диҳад, ки агар дар баробари соири омилҳо пойдевори мустаҳками ваҳдати миллӣ дошта бошад. Баръакс, заъфи чунин неру боиси фурӯпошии босуръати низомҳои сиёсию иҷтимоӣ мегардад, ки солҳои охир мо шоҳиди зуҳури чунин падида дар як қатор мамолики дунёи муосир гаштем. Дарки эҳтимоли минбаъд ҳам афзоиш ёфтани чунин ангезаву падидаҳои хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро ба он водор месозад, ки нерую захираҳои ҷомеаро барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди босуботи Ватани маҳбубамон ҳарчи бештар равона созем.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода,
номзади илмҳои фалсафа
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123