ҲИКОЯИ ВОҚЕӢ АЗ ҲАМСАФАРӢ БО ҶАНОБИ ОЛӢ "КАБКИ ХУДАШОН..."

26 июн 2025, Панҷшанбе
13
Роҳи бозгашти Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафар бо ағбаи Чормағзак сурат гирифт. Ба назди бунёдгарони роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон - Қӯрғонтеппа расида буданд, рӯзи таърихӣ, чор километри роҳи оҳан ба истифода дода мешуд. Дар вагон адибон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, банда ҳамроҳашон. Бахти беназир, филм ба навор мегирифтанд, баҳри воситаҳои ахбори умум акс мебардоштанд. Он рӯз барои роҳиоҳаниён ид, тӯй. Давоми хурсандӣ боз дар ағбаи Чормағзак, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат ба як пиёла чой даъват шуданд.
Катҳо дар миёни гулу гиёҳ, хоргулҳо. Садои фуғ-фуғи чархҳои дӯғкашӣ. Занҳо дӯғ мекашиданд. Хумчаҳо пури дӯғ, онҳо суп-сурх, лоларанг, меҳмонҳо коса-коса дӯғ меошомиданд. Халтаҳои чака сари шохаҳои дарахтон овезон. Ҷое, ки Ҷаноби Олӣ бо ҳамроҳон нишаста буданд, сербуттаю сергултар, баландинамо. Қафасҳо дар атрофашон зиёд. Дар онҳо ҷонваракони хурд ё бузург, ҳатто мухак ном бачаи гунҷишк, ки ба назар наметобад, маскунанд. Баъд қафасҳои ба назар намоён, кандакорӣ, зарҳалину ойинабандӣ. Дар онҳо бедонаю шегол, шеголҳои ранг ба ранг: зард, зарди тиллоӣ, сурх, кабудтоб, булбулу ҳутҳутак, кабкҳо бештар, қаҳ-қаҳаашон баланд.
Ҳама парандаҳо ба дуриҳои дур, ба зери осмони беҳудуд, ба Офтоб, ки оламро зеб медод, ба села-села парандагон, ки ҷониби теппаҳои сабзпӯш дар парвоз буданд, назар доштанд. Ҷамъе, ки ҳама дар орзу, орзуи раҳидан, дар пеш як роҳ, роҳи гирди қафас, он аз куҷо то куҷо? Беохир. Чи шаб, чи рӯз, аз он боз давидану давидан, афтодану хестан, сӯхтан, пухтан, боз ҳамон ба ҷое нарасидан, ҳолашон раҳмовар. Дили Ҷаноби Олӣ месӯзад, хам мешаванду дари қафасҳоро мекушоянд, дари қафасе кушода ё нимкушода, аз он садо, парвози бо дилу ҷон, бо дилу нияте, ки аз мушкилӣ мераҳидагӣ барин. Лек ноумедӣ. Канӣ касе, ки ба додашон расад, онҳоро аз қафас раҳонад.
Ба воқеае дармонданд, ки тасаввур надоштанд. Боз як кабк. Кабк дар қафас, кабки калон, парҳояш гулдор, чандинсола. Нигоҳи кабк ба он касу аз роҳ монд. Чашм ба чашм афтод, ҳамдигарро шинохтанд. Ва, ҳатто кабк тарафашон гашт, сӯяшон шитофтанӣ, аз лаҳзаҳое, ки Ҷаноби Олӣ ҷониби қафасҳои кабк қадам ниҳоданд, кабк парешон. Бӯи марг ба димоғаш. Ин дафъа ҳам аз он кас ба кабк озодӣ расид, дари қафасро кушода монданд. Дар фикре, ки чи ҳолат рух медода бошад, дари қафас лаҳзаҳо боз. Шояд кабк ҷониби Офтоб, рӯ ба осмони софу беғубори нилгун пар мекушояд, мераваду меравад. Кабк аз қафас ба берун пар кушод, баробари тори сар, ба замин фуромад, омаду ба китфи Ҷаноби Олӣ нишаст. Худашон ва ҳама дар тааҷҷубу ҳайрат. Кабк дар бағали Ҷаноби Олӣ. “Кабки худам”, - гуфтанд Ҷаноби Олӣ ба он зеҳн монда.
Воқеае ба хотирашон расид.
Дар Ҳисор будаанд, меҳмони хонадоне. Ӯ кабк доштааст, кабкҳо дар қафас, қафасҳо дар шохаҳои дарахтони миёни ҳавлӣ, ки аз зерашон ҷӯйчаҳои об равон. Қаҳ-қаҳи кабкҳо баланд, садои ширин. Дар оғил ҳам кабк нигоҳ медоштаанд. Инчунин, кабки ба одамон ноошно. Чанд кабки сур, якеаш боз ҳамон кабки сури мегуфтаи соҳибхона. Ҷаноби Олӣ кабкҳоро аз қафасҳо раҳо намуданд, аз оғил ҳам, он кабк дар озодӣ. Вале аз дарвоза намебаромад, онро ба кӯҳ бурданд, даме нагузашта вай боз дар хона. Ҷаноби Олӣ кабкро меҳрубон. Чӣ меҳрубоние? Худашон медонистанд. Дасташон дар сару рӯйи кабк, рӯй ба рӯи он. Аз талошҳо, аз меҳрубониҳояшон кабк тағйир ёфта. Ба мисле ба Ҷаноби Олӣ ром, дар бағал, дар болои китфашон. Фармуданд, ки дари оғилро набанданд. Ҷои хоклӯтак, омӯхтагӣ, роҳати кабк. Дари кушодаи оғил ба рӯи вай. Баъд кабку чӣ рӯзу рӯшноие?
Сухан гуфтанд аз халосии кабк, дигар ҳарфе пурсида натавонистем. Аз забони ҷавон ҳам, ки кабк аз они ӯ буда, гап набаромад...
Кароматуллоҳи МИРЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.06.2025 №: 124