"СУЛҲУ ОРОМИРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЭҲТИЁТ НАМОЕД!" НИДОИ ДИЛИ ЯК ТОҶИКИ АФҒОНИСТОН

26 июн 2025, Панҷшанбе
5
Хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” огоҳанд, ки мо бо Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, як тан аз рӯшанфикрону фаъолони мадании Афғонистон, ҳам дар студияи идора, ҳам дар рӯзнома борҳо суҳбат карда, мавқеъву андешаҳои худро манзури шумо намудаем. Ин бор ҳам суҳбати мо аз сарнавишти тоҷикон буд ва Ҷаҳиш бо оҳанги илтиҷо мегуфт, ки шумо – тоҷикони иззатманди Тоҷикистон, сулҳу оромиш ва ваҳдати ба душвориҳои сангин бадастомадаро бояд эҳтиёт кунед. Ҳамин адами ҳамбастагӣ, ҳамтаборӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ моро ба кӯи шӯрбахтӣ овард. Сарнавшти талху гирябори мо талхтарин ибрат барои шумост.
Ин аст, ки нахостем гуфтаҳои самимиву дилсӯзонаи ӯ дар суҳбати чанд тан аз дӯстон бимонад ва фишурдаи онро ҳамчун сабақ ва бонги бедорӣ пешорӯи шумо овардем.
Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш гуфтаҳои дӯстонаашро идома медиҳад: “Самараи сулҳ, ваҳдат ва оромиш Тоҷикистонро ба яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон табдил кардааст, ки ҳама барояшон паёми иззат ва офаринро медиҳанд. Бавижа, мо тоҷикони он сӯи Ому, ки ҳоло аз зодгоҳамон ба иҷбор дурем, амнияти Тоҷикистонро муъҷиза ва ганҷина медонем.
Духтарҳои ин кишвар донишу иззат ва ояндаи шарофатмандонаро фаро мегиранд. Ҷавонписарон дар фикри ояндаи бошукӯҳ барои марзу буми худ ҳастанд. Давлатмадорон дар фикри тарҳи ободонӣ ва сохтани сарнавишти кишвари пешрафтаанд. Оре, ин ҷо ҳама чи рӯи барномаҳои аҷдодӣ ва ба қавонини мутамаддини тоҷикони боғурур ва сарбаланд ба пеш мераванд”.
Номбурда шеъреро бо номи “Сарзамини ман”, ки аз хомаи шоири номвар ва шаҳиди Афғонистон Қаҳҳори Осӣ таровидааст, ёд кардаву афзуд: “Ба хона-хона Рустамем, Ба хона-хона Орашем, Барои рӯзи имтиҳон, Диловари камонкашем!”. Воқеан, он қадар имтиҳони ранҷу ҷудоӣ, маргу фироқ, ки мо – тоҷикони Афғонистон супурдем, барои кулли тоҷикон кофист. Намунаи таърих ва шукӯҳмандии аҷдодӣ варақ зада шавад ва наслҳои навини Тоҷикистон бо таърихи аҷдодӣ навозиш ва парвариш дода шаванд. Онҳо бояд шарофати одам буданро ба ҷону дил ҳис кунанд”.
Ӯ шоду қаноатманд аст, ки дар кишвари мо инсонҳо барои инсонияташон қадру қимат доранд, ҳеҷ зӯргӯие нест, ки оромиши мардумро барҳам бизанад ва ҳеҷ одамкуше нест, ки инсониятро дафн кунад. Бозорҳо расми оромиш доранд, дузде нест, ки ба хотири дуздӣ пул ё мол дасташ қатъ шавад. Дар ҷодаҳо ба сурати нурмол (муътадил) мошинҳои электронии саррофӣ фаъол аст. Ҳеҷ касе дар фикри тарҳи дуздӣ ва харобкорӣ нест. Мардум озодона дар фикри зиндагии озоди худ ҳастанд. Чашми мардум аз хӯрок ва зиндагии бобаракат серу дилпур аст. Занҳо садҳо километрро бо оромиши хотир ҳатто бидуни маҳрам (марде аз наздикони зан), сайругашт мекунанд.
Боз ҳам шоирона суҳбаташро идома мебахшад: “Шабҳо накҳати оромиш медиҳанд. Шаҳрҳо атри осудагӣ доранд. Булбулон дар ҷодаҳои шаҳр оҳанги сулҳ месароянд, кӯдакон бо гулдастаҳо ба оғӯши мактаб мераванд ва омӯзгорон бо суруди меҳр ин гулғунчаҳои Ватанашонро, тифлони ҳамдиёронашонро парвариш медиҳанду адаб меомӯзонанд. Рӯз ба рӯз ҷодаҳо ва теппаҳо шакли сайқал ва ободиро ба худ мегиранд. Дар ҷое, ки ман кор мекунам, ронандаи мо аз қавми ӯзбек аст. Як рӯзе дар ҷода равон будем ба тарафи ман нигоҳ карду гуфт: “Аҳмадҷон медонӣ, ки ҳеҷ ҷои дунё ба андозаи кишвар ва зодгоҳи худ оромиш надорад. Ҳар гоҳе ки дӯстону ҳамсинфонам аз Тошканд ба Тоҷикистон меоянд, ба ғурур ва ифтихор барояшон мегӯям, ки бибинед кишвари мо чӣ гуна оромӣ, ободӣ, сулҳ ва осоиш дорад. Ҷодаҳои мо ҳамвору мумфарш ва чароғҳои шаҳри мо нури осоиш доранд. Ҳамеша мегӯяд, ки бештар аз даҳ кишвари Осиёро дидам, аммо ҳеҷ ҷое мисли Тоҷикистон дӯстдоштанӣ нест”.
Дар ҷараёни ин сифаткарданҳои ронандаи мо ман хеле дар дунёи умед ғарқ шудам . Гуфтам, Худоё мо магар дар куҷои ин дунё ҷой дорем, ки модаронамон дар хона банда ва хоҳаронамон чашми умед барои кушодани мактабу донишгоҳ ҳастанд.
Ҳатто умедҳо ва орзуҳое, ки ба дигар шаҳрвандони ҷаҳон муҳим ва қобили баҳс нест, чун мактабу донишгоҳ рафтан як амри одӣ аст, барои мо як руъёст.
Бештар аз панҷ миллион ҷавонони мо имрӯз дар мулкҳои дигар овораву бесарпаноҳанд ва ба ояндаи худ умед надоранду роҳат нафас намекашанд. Падарону модарон ҳатто як бор орзуи дидори фарзандон ва сарҷамъии аҳли хонаводаи худро ба сари як дастархон доранд. Мешавад гуфт, ки ҳатто ин ҳасрат зиндагиро барояшон хотима медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳама дар фикри зиндагӣ кардан ҳастанд ва дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ барнома ва ё тағйири нав мехоҳанд, вале мо мардуми Афғонистон дар андешаи нафас кашидан ва зинда мондан ҳастем.
Паёми ман барои ҳаммиллатҳоям, тоҷикони боғуруру сарбаланди Тоҷикистон, тоҷикистониён ин аст, ки ҳеҷ гоҳ нагузоред, то ҳеҷ душману ҳарифе иттиҳоду сулҳи шуморо зарар расонад. Ба ҳеҷ ваъда, чарби душман ва ҳилаҳои душманони рӯбаҳмиҷоз дода нашавед. Имрӯз тамоми миллатҳои дунё аз рӯйи қавонини забониву ҳувиятӣ барои худашон ҳукумат ва қавонин сохтаанд”.
Дар поёни суҳбат Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш хулосаи муҳимеро дар миён гузошт, ки, воқеан ҳам, барои андешидан аст: “Шумо ҳам, ки имрӯз соҳиби Ҳукумат ва давлати боиқтидор ҳастед, арзиш ва эътибори худро ҳифз кунед. Мо – тоҷикони Афғонистон ва порсизабонони дунё ба ин боварем, ки Шумо ягона такягоҳи тоҷикони имрӯз ва меросдори порсии куҳан ҳастед ва Ҳукумату давлататон, истиқлолу ваҳдататон дар тамоми арсаҳои милливу байналмилалӣ таърихи бошукӯҳи худро ҳифзу арзишдорӣ мекунад.
Поянда бод миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ки, посдори ҳувият ва шарафи тамоми порсизабонони ҷаҳон аст!”.
Ёддошт: Суҳбати видеоии моро аз ин суроға пайгирӣ кунед:
Мусоҳибаи “Вақте мард мегиряд”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126