ШАКЛГИРИИ МОДЕЛИ МИЛЛИИ СУЛҲ Ё ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ДАР ФАЛСАФАИ СИЁСАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

26 июн 2025, Панҷшанбе
19
Таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои сарнавиштсози худро дар давраи пас аз истиқлол таҷриба кард, ки бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 алоқаманд аст. Ин низои мусаллаҳонаи дохилӣ, ки дар пайи халои сиёсию маъмурӣ ва танишҳои идеологӣ ва геополитикӣ ба вуҷуд омад, ҷомеаи тоҷикро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ кашид. Зери таъсири бевоситаи омилҳои дохилию хориҷӣ, низоъ ба сатҳи фоҷиаи миллӣ расид ва таҳдид ба ҳастии давлати навтаъсиси Тоҷикистон гардид.
Дар чунин шароити буҳронӣ, зарурати пайдо шудани раҳнамои миллие, ки тавонад ба марҳалаи нооромии сиёсӣ нуқта гузорад ва ҷомеаро ба сӯи сулҳу субот роҳнамоӣ кунад, беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешуд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар як марҳалаи бисёр ҳассос ва буҳронӣ сурат гирифт. Дар он замон, Тоҷикистон дар ҳолати фурӯпошии сохторҳои давлатӣ, шикасти низоми сиёсӣ ва шиддати ҷанги дохилӣ қарор дошт. Соҳиб шудан ба мақоми аввалини давлатӣ дар чунин шароит на танҳо масъулияти сангин, балки баёнгари омодагии шахсият барои фидокорӣ ва рисолати таърихӣ дар назди миллат буд.
Ба андешаи таърихшиносон дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихсоз зоҳир гардид, ки соли 1992 бо иродаи халқ ва масъулияти сиёсӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ сарфи назар аз ҷавонӣ дар сиёсат ва душвории вазъ, иқдомоти бузург барои манъи хунрезӣ ва эҳёи пояҳои давлатдориро ба роҳ монд.
Бо ташаббуси ӯ музокироти сулҳ байни ҷонибҳои даргир оғоз гардид, ки ба муколамаи миллӣ ва дар ниҳоят, ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 анҷомид. Саҳми Пешвои миллат на танҳо дар таҳия ва татбиқи ин созишнома маҳдуд намешавад, балки ӯ ҳамчун кафили амалии он боқӣ монд ва дар ҳар зинаи раванди баъдинизоӣ – аз таъмини амният то бозсозии иқтисодӣ ва таҳкими ҳамгароии иҷтимоӣ – иштироки бевосита дошт.
Зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкори сиёсии мардуми тоҷик тадриҷан ба сӯи ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, афви умумӣ ва тарки хушунат тағйир ёфт. Мақоми Пешвои миллат ба унвони рамзи сулҳу субот, ақли сиёсии муосир ва пайвандгари насли ҷангдидаву ҷавон табдил ёфт.
Модели миллии сулҳи тоҷикон ба се унсури асосӣ такя мекунад:
• Тафаккури миллӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ: яъне бар асоси арзишҳои фарҳанги таърихии таҳаммулгароӣ.
• Сиёсати ҳамгароёна ва шомилсозӣ: иштироки тамоми неруҳои сиёсӣ, аз ҷумла мухолифин, дар низоми давлатӣ.
• Фаъолияти мушаххаси Пешвои миллат: таҷрибаи роҳбарии шахсият дар шаклгирии тафаккури ваҳдатсоз ва равандҳои ҷомеасозӣ.
Мутахассисони соҳаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, таърихшиносӣ ва сиёсати муосир ин равандро ҳамчун падидаи махсусе мебинанд, ки тавонист дар фазои нооромии пасошуравӣ намунаи устувори мусолиҳа ва давлатсозии навро ба ҷаҳони илм пешниҳод намояд.
Ба андешаи пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ, яке аз сабабҳои асосии муваффақияти ин сулҳ дар муҳити дохилии Тоҷикистон ниҳон аст. Фарҳанги таърихии таҳаммулгароӣ ва суннатҳои ҷомеаи тоҷик, ки бар пояи ҳамзистии мазҳабӣ ва этникӣ устувор буданд, барои қабули сулҳ ва бахшиш заминаи мусоид фароҳам карданд. Бо ҳамин далел, пажӯҳишгарони маъруф, аз ҷумла Ширин Акинер, Эдмунд Ҳерзиг ва Славомир Ҳорак, сулҳи тоҷиконро ба унвони таҷрибаи таълимии нодир барои кишварҳои рӯ ба буҳрон тавсия додаанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки омехтаи омилҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва шахсиятӣ дар Тоҷикистон ба як «модели миллӣ» табдил ёфтааст, ки дар муқоиса бо механизмҳои беруна ва зӯргузаронӣ, бештар устуворӣ ва қобили қабул барои ҷомеаҳо дорад. Ин таҷриба имрӯз ба унвони «намунаи тоҷикӣ»-и сулҳофарӣ дар таҳқиқоти байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи иродаи сиёсӣ ва фарҳанги муколама ба даст омад, имрӯз ҳамчун мероси арзишманд ва таҷрибаи муваффақ дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Бо ин далел, бо эътимод метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули консепсияи сулҳ ва фарҳанги ҳамзистӣ на танҳо хоси заминаи сиёсати миллӣ, балки дорои аҳамияти башарӣ мебошад.
Рухшона ВОСИФҶОНЗОДА,
директори Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон – «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К. Д. Ушинский», аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126