ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА РУШДИ БЕСОБИҚАИ БАДАХШОН

26 июн 2025, Панҷшанбе
39
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) яке аз минтақаҳои стратегӣ ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо вуҷуди шароити ҷуғрофии мураккаб ва дурдастӣ, ба шарофати татбиқи сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рушд мекунад.
Дар солҳои охир, бо сиёсати дурусту пайгиронаи давлат вилоят ба марҳалаи нави тараққиёти устувор ворид шуд. Воқеият нишон медиҳад, ки дар давоми якчанд соли ахир корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар минтақа бо маром идома доранд. Сохтмону бозсозии шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум идома ёфта, бо пурра ба истифода додани он Бадахшон ба як минтақаи муҳими иртибототи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд.
Дар доираи Барномаи давлатии рушди ВМКБ барои солҳои 2021-2025, сохтмон ва таъмири роҳҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Роҳҳои муҳимтарини Хоруғ – Қалъаихумб – Дарвоз ва Хоруғ – Мурғоб – Кулма (то сарҳади Чин) бо маблағгузории дохилӣ ва ҳам хориҷӣ таъмиру таҷдид гардиданд. Лоиҳаи сохтмони роҳи Душанбе – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ба яке аз нахустин долонҳои транзитии байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.
Ҳоло Хоруғшаҳр ба як маркази муҳими баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ қарор гирифтааст. Сохта шудани боғҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ, иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, инчунин, марказҳои муосири хизматрасонӣ шаҳодати равшани ободкорӣ ва тарҳи дурусти шаҳрсозӣ мебошанд. Ин раванд танҳо ба маркази вилоят маҳдуд набуда, марказҳои маъмурии ноҳияҳо низ рӯ ба рушд ниҳодаанд. Бунёди биноҳои маъмурӣ, китобхонаҳо ва марказҳои ҷавонон аз тавсеаи инфрасохтори иҷтимоиву маъмурӣ дар сатҳи маҳаллӣ шаҳодат медиҳад.
ВМКБ дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад. Бо дарназардошти манзараҳои нотакрор, кӯлҳои баландкӯҳ, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии минтақа, туризм ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок мавриди таваҷҷуҳи давлат ва бахши хусусӣ қарор гирифтааст. Дар ин самт меҳмонхонаҳо, хонаҳои истироҳатӣ, марказҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ дар минтақа таъсис ёфта, ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунанд. Туризми дохиливу хориҷӣ дар минтақа рушд меёбад. Имрӯз ҳар фарди кишвар озодона метавонад ба тамоми шаҳру навоҳии вилоят рафтуомад намуда, аз манзараҳои дилфиреби Бадахшон дидан карда, лаззат барад. Дар баробари ин, барномаҳои ҳифзи муҳити зист низ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, барқарорсозии кӯлҳо, нигоҳдории гулу набототи маҳаллӣ, парвариши ҳайвоноти нодир ва дигар иқдомҳои муҳитизистӣ бо дастгирии давлат ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд.
Бо баракати сиёсати созандагии Пешвои миллат ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа Бадахшон симои хешро ба самти рушди устувор тағйир медиҳад ва ба як минтақаи муҳими кишвар табдил меёбад. Албатта, ҳар мушкили ҷойдошта дар шароити оромӣ ва суботи иҷтимоӣ роҳи ҳалли хешро пайдо менамояд. Мутмаинем, ки дар чанд соли оянда бо амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят, Бадахшон ба яке аз минтақаҳои муҳими иқтисодии кишвар табдил хоҳад ёфт. Зеро дар ин минтақа, аз як тараф, захираҳои саршори табиӣ мавҷуд аст, ки бо ба роҳ мондани истихроҷу истеҳсол имконияти зиёди рушди иқтисодиро ба миён меоварад ва, аз тарафи дигар, мардуми минтақа, ки аз назари интилектуалӣ ва донишу маърифат ҳанӯз дар даврони шуравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд, ба тамоми неру рӯ ба омӯзиш ва илму маърифат меоваранд ва ҷойгоҳи сазовореро ишғол хоҳанд намуд.
И. ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126