ҶИЛОИ ВАҲДАТ Ё МЕҲРНОМАИ МАРДУМИ САРБАЛАНДИ БАДАХШОН АЗ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

01 июл 2025, Сешанбе
16
Ваҳдати миллии тоҷикон василаи ҳамбастагии мардум аст. Он бо заҳмату машаққатҳои бемисл, аз ҷумла бар ивази қурбониҳои зиёд, бо нархи ҷони фарзандони бонангу ораш, ба даст омадааст. Барои мо – халқи куҳанбунёди тоҷик – 27-уми июни соли 1997 рӯзи таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ин рӯз Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, ваҳдати миллӣ устувору пойдор гардид. 28 сол аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст. Маҳз кӯшишу талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки решаи истиқлолу ваҳдати миллии мо мустаҳкаму дарахташ пурбор гардид. Дар рафти тантанаҳои ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мо андешаи чанд тан аз сокинони вилоятро оид ба иттиҳоду ҳамбастагӣ пурсон шудем.
Саодатқадам ДАВЛАТАЛИЕВ, омӯзгор аз ноҳияи Ванҷ
– Ваҳдат ҳамдилӣ ва иттиҳод аст, ки бе он пешрафти ҷомеа, рушду нумӯи давлату миллатро тасаввур кардан имконнопазир аст. Маҳз сулҳу суботи комил аст, ки дар муддати начандон тулонӣ мо ба пешравиҳои бузурги таърихӣ ноил гаштем. Меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги дохилӣ маҳз баҳри иттиҳоди миллат ва ваҳдату ҳамбастагии халқаш буд. Ҳамчунин, дар ин замина барои бедории ҷомеа фазои мусоиде ба бор омад.
Мо шоҳиди онем, ки ҷаҳони имрӯза дар гирдоби ангезаҳои сиёсӣ қарор дорад, даргириҳои имрӯзаи давлатҳои Сурияву Ироқ бояд барои мо дарси ибрат бошад. Ин гуна моҷароҳои бемаънӣ, ки миллатро ба арсаи ҳалокат меандозанд, бори дигар моро ҳушдор месозанд, ки дасти ҳамдигарро гирифтаю бо ҳам муттаҳид бошем, зеро пирӯзии мо дар тифоқии мост.
Худогӯ БАЛАҶОНОВ, директори Маркази тарзи ҳаёти солими ноҳияи Ванҷ:
– Фазои орому осуда, осоиштагӣ, сулҳу суботро барои мо ваҳдату истиқлоли деринтизорамон эҳё намуд. Он рӯзҳои мудҳишро, ки мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дидаем, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт миллати тоҷик набинад, зеро ҷанги бемаънии дохилии мо қариб буд миллатро ба нобудӣ расонад. Бахти баланди халқи тоҷик буд, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд сулҳу суботро дар Ватан пойдор намоянду миллати парешонгаштаро ба ҳам оваранд.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ амалҳои созандаю бунёдкорона дар сартосари мамлакат авҷи тоза гирифт. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст баҳри иттиҳоди миллат ва ваҳдати комил талошҳои зиёде намуданд, ки таърихи давлатдории мо чунин амали некро дар хотир надорад.
Акнун моро зарур аст, ки ба қадри ин зиндагии осуда расем, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем, барои рушду нумӯ, пешрафту ободӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша талош намоем.
Фаррух ФАРМОНБЕКОВ, омӯзгор аз ноҳияи Ишкошим:
– Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ин ҳукми тақдир буд, вале нигоҳ доштани он қаҳрамонии худи миллат аст. Дар саргаҳи ин раванд фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Сарвари давлат тавонистанд ҷони ҷавонашонро рӯйи каф гузошта, ба кишвар сулҳу субот оранд ва миллатро аз парешонӣ раҳо бахшида, ба давлатдории навин асос гузоранд.
Азизмо НАЗАРМАМАДОВА, омӯзгор аз ноҳияи Ишкошим:
– Замони ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорам. Ҳар гоҳе бо зарурате ба пойтахт ва ё баръакс ҷониби Бадахшон роҳ пеш мегирифтем, гӯё аз дӯзах мегузаштем. Роҳи Сағирдаштро мухолифони саллаву ришдор гирифта буданду якояки моро пурсуҷӯ мекарданд. Ҳеҷ умеде ба оянда надоштем, вале баъди он ки бо заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ барқарор шуд, яку якбора зиндагӣ ранги дигар гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма сохта шуда, равобити дӯстӣ миёни миллати тоҷик маҳкаму устувор гардид.
Имрӯз Бадахшон амнтарин гӯшаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дунё буда, ҳамчунин, ба минтақаи сайёҳиву ҷаҳонгардӣ табдил ёфтааст, ки ин ҳама аз баракати ваҳдати миллӣ мебошад.
Раҳматшо ҚУРБОНШОЕВ, директори Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа:
– Ваҳдати миллӣ барои миллати мо нур овард. Ба шарофати ваҳдат дар Тоҷикистон неругоҳҳои азиме сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки итминон аст дар ояндаи наздик Тоҷикистонро дар олам ба яке аз мамолики бузурги тавлидкунандаи барқ табдил диҳанд. Бунёди сохтмони азими аср – НБО «Роғун», ки ҳатто ҳукумати вақти шуроҳо дар бунёди он оҷиз монда буд, бомаром идома дорад, дар гӯшаву канори мамлакат чунин неругоҳҳои хурду бузург ҳар сол сохта мешаванд. Ба истифода додани НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҳам аз баракати ваҳдат аст. Умед аст, ки ба истифода додани он масъалаи таъмини барқ дар ВМКБ пурра ҳал мегардад.
Мавҷуда МУДИНОВА, сокини ноҳияи Ванҷ:
– Сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, ба мо – модарон дили пур ва оромиву осудагӣ бахшид. Ман имрӯз бовари комил дорам, ки фарзандони ман зери осмони соф, бе ҷангу ҷидол ба воя мерасанд, камол меёбанд ва ояндаи неке онҳоро интизор аст.
Барои ин ҳама мо аз Асосгузори ин сулҳи безаволу бешикаст, Сарвари азизи давлати озодамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем. Пешвои муаззами миллат гиряҳои моро ба хандаҳои бардавом табдил доданд.
Хушвахт ИСКАНДАРОВ, нафақахӯр:
– Ман 95-солаам. Тули ин солҳо бисёр баландиву пастиҳоро дидам. Таъми сериву қаҳтиро бисёр чашидаам. Дар ин муддат дарк кардам, ки аз сулҳу ваҳдат дида дигар чизе азизтар набудааст. Маҳз тавассути Сарвари давлати сулҳофаринамон мо ба оромиву осудагӣ, ба зиндагии шоиста расидем. Дар дами пирӣ акнун бовар дорам, ки фарзандонамон дар паноҳи сулҳу ваҳдати комил зиндагии хуше хоҳанд дошт.
Баҳри ин ҳама ба фарзанди барӯманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос мекунам, маҳз бо талошҳои ин фарзанди миллатдӯст мо ба ин рӯзгори нек расидем.
Мураттиб М. САНГМАМАДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129