“ШАВШУВИ ОБИ ДАРЁ”

01 июл 2025, Сешанбе
17
Масъалае, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҳамонсола дар Ҳисор, Турсунзода ё ноҳияи Рӯдакӣ гузарад, ҳал шуда буд. Он бояд дар шаҳри Ваҳдат мегузашт. Пагоҳии баҳор зинатафзо. Шаҳр бо парчамҳои рангину гулдастаҳои тару тоза ороста. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешдаро дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат рӯ ба офтоб. Гӯё офтоби пагоҳ ба истиқболашон рух менамуд, пойандози ҳазорранг мегустурд. Хотирашон болида, одамони зиёд тарафашон омадан мехостанд, “Шумо меҳмони олиқадр, марҳамат, хуш омадед, Наврӯз муборак”, мегуфтанд.
Дар роҳ пиразани нобиное пайдо шуд, дасташ дар дасти духтараке, ҷониби бино қадам монд, нагузоштанд. Нигоҳи Сарвари азиз ба ӯ. Тарафаш ба роҳ даромаданӣ шуданд, гуфтанд, ки гузоранд биёяд. Ӯ бо оҳу нола мегуфт, ки хонаҳояш гаштаанд, бо аберааш бесарпаноҳ, дар таги девор мондааст. Хонааш дар Роҳатӣ, дар лаби дарё, шавшуви оби дарё ба ӯ мефорида, ҷонашу шавшуви оби дарё. Ҷаноби Олӣ хандиданд. Пиразан хомӯш монд, баъд сар боло кард, гуфт:
– Бачам, овозут ба овози Эмомалӣ Раҳмон монанд, мемурумтае, боз ҳавай набошӣ.
– Бале, модар, ман Эмомалӣ Раҳмон, – гуфтанд.
– Э мемурумтае, наход ту Эмомалӣ Раҳмонӣ! Туя Худо овардай!- Вай худро ба пеши пойҳои Ҷаноби Олӣ партофтан хост, нагузоштанд, ӯро доштанд, сару рӯяшро сила намуданд, ба собиқ раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин фармуданд, ки ба ӯ ва аберааш хона ёфта диҳанд, баъд Президентро бохабар намоянд. Раиси шаҳр хомӯш монд, чи мушкиле буда, ки ҷавоб гуфта наметавонистанд. Пас аз лаҳзаҳо гуфтанд, ки талаби кампири нобино дигар.
– Чӣ талаб? – Пурсиданд бо ҳайрат Ҷаноби Олӣ, раиси шаҳр гуфт, ки ӯ ҳавлӣ доштааст, хона ва ҳавлиаш дар лаби дарёи Кофарниҳон, дар Роҳатӣ. Дару деворҳои хонааш, ки дар ким-кадом солҳои пеш сохта будаанд, ҳама вайрону валангор. Пиразан аз ягон ҷои дигар хона гирифтан намехостааст.
– Чаро? Барои чӣ? – Пурсиданд Ҷаноби Олӣ.
– Бачам, Эмомалӣ Раҳмон, мемурумтае, ту намедонӣ. 10-12 сола будум, ки мана шӯ доданд, ба ин хона оварданд, лаби дарё. Ҳамин шавшуви оби дарё ба ман мефорад, умрам дар ҳамин лаби дарё гузашт. Хона гуфтуму дар гуфтум, шум (шавҳарам) куҷое гум шуду дигар наомад, аз дидоруш безор будум. Бачаҳом калон, як чи меёфтагӣ шуданд. Уно ҳам баромада рафтанд. Дар ҳамин хонаи якумраҳакум мондум, ба шавшуви оби дарё гӯш мекунум. Як абераҳакум Фотима қатимай, кадом бойбачаҳо харидори хонаҳои ман, ҷои лаби дарёро нағз медидаанд, ман мурум ҳам, аз шавшуви оби дарё намеравум. Худо туро, бачам, барои ман овардай, хонаҳома соз кун, гӯй соз кунан.
Президент кампирро шод намуданд, гуфтанд, ки хонаҳояшро созанд, “кампир модари ман”, – зикр намуданд.
– Э, мемурумтае, дар лаби дарё, шавшуви оби дарёро мешунавуме, мемурум. Тура дуои нек мекунум. – Кампир рост шуда Президентро мебӯсид.
Ман баъд гоҳе ба хабаргирии модархонди Ҷаноби Олӣ мерафтам. Медидам, ки ӯ болои як санги азими лаби дарё нишаста. Шавшуви оби дарёро гӯш медиҳаду дуои ҷони ҷигарбандаш Эмомалӣ Раҳмонро менамояд. Мехост умраш бардавом, беинтиҳо, давлатдориаш то ба абад, то ҳастии олам бошад.
Кароматуллоҳи МИРЗО, Нависандаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129