ТУҲФАИ МАРДИ ФАРЗОНА.НАКҲАТИ ГУЛИ ХОНАДОНИ УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ

15 июл 2025, Сешанбе
68


Ҳар кас, ки аз осори хуҷаста ва китобҳои бисёрсаҳифагии профессор Усмонҷон Ғаффоров огоҳ шудаву варақ зада бошад, аввалан ба муаллиф офарин мехонад ва гумон ҳам намекунад, ки дар пушти ин ҳама корҳои азим бонуи ин пажӯҳишгари хушназар меистад. Бале, дар пасманзари нигаҳдошти корҳои хубу шоистаи пажӯҳишӣ, китобхонаи бузург, ганҷинаи дастхатҳову намунаи матбуоти садсолаи тоҷики Усмонҷон Ғаффоров ҳамсари вафопешаи ӯ Туҳфанисо Ғаффорова ҳаст. Воқеан ҳам, ин бонуи нағз туҳфаи илоҳии ин марди бузург буд.

Ин модари фаррухрисолат ҳоло дар Хуҷанд давлати пирӣ меронад. Чанде пеш меҳмонаш шудем. Писари бузурги устод Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳам ба мо пайвастанд ва як суҳбати дилнишине доштем.
Туҳфанисо ҳанӯз ҳам дар фироқи ҳамсари худ месӯзад, бо ба забон овардани номи ҳамсараш ашк дар чашмонаш падид меояд, бо вуҷуди набудани устод, чароғи хонаву китобхонаашро рӯшан медорад ва дар бораи ҳар коғазпора, хома ва асбобу анҷоми кулбаи Усмонҷон Ғаффоров бо муҳаббати тамом суҳбат мекунад.
Бовари кас намеояд, ки китобхонаи устод дар як хонаи дуҳуҷрагӣ 10 ҳазор китоби нодир, дастхатҳои пурарзиш ва 550 папкаи алоҳида доир ба бузургони миллат дорад. Ба ҷуз аз нармкурсиҳо ва мизи хӯрокхӯрӣ ҳама ҷо китоб ҳаст. Ин ҳамаро Туҳфанисо чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардаву мекунад.
Рӯзгори ин зани хушназар ҳам барои ибрат аст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро, ки ҳоло ба номи устод Садриддин Айнӣ аст, хатм карда, корро дар радиои Тоҷикистон оғоз кардааст. Овози махмалине дошта. Баъдан ба Хуҷанд баргашта, дар радиои вилоятӣ ҳам фаъолият намуд. Омӯзгор ҳам буд муддате. Ҳатто як замон котиби кумитаи иҷроияи Ҷамоати деҳоти Хистеварз буд, ки раисии онро Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев бар дӯш дошт.
Аммо муҳимтарин хидмати ин бону кашидани ранҷи як олими номвари тоҷик дар баробари ӯ будааст. Бо хотираҳои саршор аз хумор нақл мекунад: “Устод ҳамеша дар сафар, ҷустуҷӯ буданд, шабҳо дар хона ғарқи хониш, дар аз рӯ баста, менавиштанду менавиштанд. Дилам месӯхт ва баробари он кас ман ҳам намехуфтам”.
Субҳи дигар Туҳфанисо дастхатҳои устодро ҷамъ меовард, танзим ва саҳифабандӣ менамуд. Кӯдаконро ба боғча ва мактаб гусел намудаву дар мошинаи чопӣ ҳуруфчиниро оғоз мекард: “Дастхати устодро фақат ман мехондам. Азбаски хеле саросема ва зуд менавиштанд, бештари калимаву ҷумлаҳо нохоно меомаданд, дар ҳошияҳои коғаз қайдҳои махсус доштанд, гоҳе ба пушти коғаз ишора шуда буду онро танҳо ман медонистам, аломатҳоро ҳам ман мегузоштаму мавқеашонро мешинохтам. Калимаҳои каммафҳумро аз фарҳанг медидам. Он кас ҳам дилпур ба ҳар шева навиштан мегирифтанд, хотирашон ҷамъ буд, ки Туҳфанисо меёбаду мехонад (табассум мекунад). Хулоса, баъди хондану ҷобаҷо кардани ман Гулҷаҳон Турсунова ном хонум омада, дастхатҳоро мебурду барои чоп ва китоб сохтан омода мекард. Агар дида бошед, дар бештари китобҳо номамро ҳамчун мусаҳҳеҳ сабт кардаанд. Устод марди одил ҳам буданд”.
Бино ба гуфтаи профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, шаҳписари устод, касе мисли модараш китобхона ва ганҷинаи шаст сол ҷамъовардаи падарро нек намедонад: “Модар хостаҳои қиблагоҳамро аз ишорати чашм мефаҳмид. Модар донад, ки падарам дар сари кадом мавзуъ мақола менависанд, ба таври худкор асару рисола ва китобҳову дастхатҳои даркориро оварда, рӯи мизи кории ӯ мегузошт. Намегузошт, ки падар аз ҷо бархеставу китобу сарчашма ҷӯянд ва дар равиши корашон халале расад, фикрашон парешон гардад”.
Аввалин китоби устод Усмонҷон Ғаффоров “Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон” дар соли 1975 чоп шуда, 96 саҳифа дошт. Минбаъд корҳои пажӯҳишгар густариш ёфта, то 804 саҳифа мерасад (Шаҳбози осмони сухан. 2007). Дар ҳуруфчинӣ ва таҳриру тасҳеҳи бештар аз 50 китоби олим маҳз ҳамин зан саҳм дорад, ки офаринаш бод!
Бояд гуфт, ки Туҳфанисо дар баробари омӯзгор, ровии радио ва донандаи рози корҳои пажӯҳишӣ будан, ҳамзамон, 57 сол боз модари порсо, момои хушиқбол, ҳунарманд ва пазандаи моҳири ин хонаводаи хуҷаста ҳам ҳаст. Ҳазорон меҳмонони ватаниву хориҷии устодро хуш пазируфта, хуш гусел кардааст. Дар ин баробар, устод Усмонҷон ҳам шоҳбонуи хонаводаашро дӯст медошт, ҳамроҳ ба сафарҳои дур мебурд, муҳаббаташро изҳор менамуд. Мо шоҳидем, ки ҳеҷ гоҳ “эй”, “занак”, “очаш” намегуфт, бо нармиву эҳтиром чунин хитоб мекард: “Туҳфанисо!”. Бигзор, ба ҳар марди андешаварз ва эҷодкор Парвардигор чунин бонувони хушахлоқ ва сабуру роздонро насибу рӯзӣ гардонад!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137