ТУЛУИ ОФТОБИ БАХТ
То ҳол ҷузъиёти он рӯз аз хотирам нарафтааст. 15-уми марти соли 2010. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар оғози корҳои барқарорсозии боғу токзор ва сохтмони нақби мошингузари "Чормағзак" ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Аз субҳ осмон пурабр буду вазиши шамол ҳам соат ба соат шиддат мегирифт. Абрҳо сиёҳтар шуда, қатраҳои борон аз осмон фурӯ мерехтанд. Ин ҳолат, қабл аз маросими бошукӯҳе, табъи ҳозиринро хира мекард. Вале вазъи ташвишовар дер давом накард, ҳамин ки корвони мошинҳои Сарвари давлат ба мавзеи даромадгоҳи шимолии нақб расид, ҳаво ҳам тағйир кард, ба фарози осмони деҳаи Чормағзак нурҳои Офтоб дурахшид. Ҷилои нурҳо аз сафедии кор мужда медод. Ман низ дар қатори ҳазорҳо тамошобин ба афсункории табиат бо чашми ҳайрат нигаристам ва аз дил гузарондам, ки ин ҳама аз файзи қудуми Пешво аст.
Дар фазои тантанавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони иншооти муҳими коммуникатсионӣ – нақби "Чормағзак" (ҳоло "Хатлон") оғоз бахшиданд. Пас аз ин осмон гӯё механдид, ки аз паси абрҳои акнун моил ба парокандагӣ гармии Офтоби баҳорӣ бар чеҳраҳо эҳсос мегашт. Аз боду борон асаре намонда буд.
Ҳамон вақт дидани ин манзара мани мактабхонро водор ба андешидан намуд. Аммо суханони Пешвои миллат дарки инро барои ман осон намуд. Ҳанӯз Сарвари давлат аз оғози роҳбариашон барои хизмати халқу Ватан ва иҷрои масъулият таъкид ба дилу нияти нек мекарданду мекунанд. Ва дигар барои ман маълум гашт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар азму талош ва хизмат ба халқу Ватан, ободкориву созандагӣ, ки Худо раҳнамояш шуд, аз сари сидқ хидмати халқ ба ҷо меоранд. Ва ҳамеша бо нияти нек ба сӯи фардои дурахшон гомҳои устувор мегузоранд. Он рӯз табиат ҳам ба нияти неку сидқи Сарвари давлат ҳамнаво гашт, ки тулуи дигарбораи Хуршед падид омад...
Муҳимтар аз ҳама, он рӯз ташрифи Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат сокинонро бағоят хурсанду шодмон карда буд, то ҳадде “аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд”. Мардуми атрофи ин минтақа, хусусан занону духтарон, хеле шод гаштанд, зеро дар ин боғу токзоре, ки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, барои зиёда аз 500 нафар, бахусус бонувон, ҷойи кор муҳайё шуд. Мардум шодмонӣ мекарданд, ки минбаъд аз боғу токзоре самар хоҳанд гирифт, ки қудуми фархундаи Пешвои миллат онҷо расидаву бо дастони пурфайзашон ниҳол шинондаанд.
Ин манзараи бо ҳам омадани мардум ва Роҳбари хирадманду ободкор саҳнаи хеле диданию хотирмон буд. Чи гуна метавон эҳсоси хушбахтӣ накард, ки Роҳбари давлат дар киштзори шумо ниҳол шинонанду “баракат ба касбу коратон” гӯён дуо диҳад..
Ғайр аз ин, он рӯз Пешвои миллат ба хотири санги асос гузоштан барои сохтмони нақбе омада буданд, ки роҳи мардумро ҳамвору кӯтоҳ ва борашонро сабуку амнияту бехатарии минбаъдаи сафарашонро дар ҳама фаслҳои сол таъмин мекард. Дар ҳамон дидор Пешвои миллат зимни суханрониашон гуфта буданд, ки бунёди нақби “Чормағзак” масофаи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Кӯлобро нисбат ба роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар маҷмуъ қариб 100 километр кӯтоҳ мекунад.
Ман он ҳамаро бо чашми худ медидам. Медидам, ки мардум чи гуна аз ташрифу иқдомоти созандаи Пешвои миллат хурсанданд. Сиёсаташонро дастгирӣ мекунанду ҳамвора аз пасашон мераванд. Бахти миллати тоҷик аст, ки Худо болои сараш раҳбареро софдил мустақар намуд, то пайваста ба халқу Ватанаш содиқона хизмат кунад.
Зимни ҳамон сафар Сарвари давлат гуфта буданд: “Корҳое, ки мо оғоз кардаем, аз ҷумла сохтмони роҳу нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ, ба манфиати халқу Ватани азизамон, наслҳои имрӯзу оянда, инчунин барои раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронда шудаанд.”
Ҳанӯз дар ёд дорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди дилсӯзӣ ба мардум мегуфтанд: “Ҳамаи ин иқдомот ба хотири боз ҳам фаровон намудани дастархони мардум ва ободу пешрафта гардондани Ватани азизамон мебошад.”
Зимни ҳамон ташрифи Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат барои худ кашф намудам: ин ҳама мартабаву шуҳрат, муҳаббату самимият ва эътиқоди баланди мардумро соҳиб гаштан барои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳлу сода ба даст наёмадааст. Дар паси ин муваффақияту рӯсурхӣ паси сар намудани ҳазорҳо мушкиливу роҳҳои пуршебу фароз нуҳуфтааст. Барои ба чунин муҳаббату бовари мардум мушарраф гардидан, аввало ба қавли шоир Гурез Сафар “Бояд, ки чу Пешво Худодод шавӣ” ва баъдан заҳмату талошҳои шабонарӯзии содиқона лозим меояд. Яъне, Пешвои миллат ҳамеша барои ободии диёру боло бурдани сатҳи зиндагии мардум заҳмат кашиданд, то ин мартаба насибашон гашта. Пас аз мушоҳидаву дидаҳо, хулоса карданиям, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бе тардид, нурест рӯшангари роҳи мо. Офтобест ба бахти тоҷикони олам.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138
