ЮСУФ ИСҲОҚӢ. САҲМИ ШАХСИЯТ ДАР МУАРРИФИИ ТИББИ ТОҶИК БА ҶАҲОНИЁН
Пизишк ва пажӯҳишгари намоёни тоҷик Юсуф Исҳоқӣ фаъолияти кориро соли 1954 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино оғоз мекунад. Соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри мори гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя кард. Мавсуф чор сол (1960-1964) сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии №4 буд.
Таҳти роҳбарии илмии ӯ 13 пажӯҳишгар, аз ҷумла аспирантҳо, рисолаи номзадӣ ва 2 корманди калони илмӣ, рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Номбурда қариб чил сол ба донишҷӯён дарс дода, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва озмоишӣ гузарондааст. Бояд қайд кард, ки дар баробари дастовардҳои барҷастаи илмӣ, симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмонгарии ӯ ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар даври сарварии ӯ ДДТТ байни 880 мактаби олии ИҶШС яке аз беҳтаринҳо шинохта шуда буд.
Ҳамзамон, пажӯҳишгари барҷаста ҳам буд. Масалан, китоби «Детская оториноларингология» (Душанбе, Маориф, 1977, 398 с.)-и ӯ, ки якҷо бо Л. И. Калштейн, собиқ мудири кафедраи оториноларингологияи ДДТТ, иншо шудааст, барои табибон ва донишҷӯёни мактабҳои олии тиббии собиқ ИДМ ҳамчун дастури рӯимизӣ солҳо инҷониб хидмат мекунад. Китоби «Руководство по оториноларингологии» (М.: Медицина, 1994 ва нашри дуюми он соли 1997), ки Ю. Б. Исҳоқӣ бо ҳаммуаллифии профессорони номдори шуравӣ И. Б. Солдатов, Л. Б. Дайняк, Ю. Б. Митин навишта буд, барои аҳли соҳа аҳамияти қомусӣ дорад.
Устод Исҳоқӣ дар байни табибон бо одамияти баланд, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли Исҳокӣ дар байни ҷомеа обрӯ ва мавқеъ дошта бошад. Тадқиқоти илмии Исҳоқӣ ниҳоят фарох буда, ба масоили гуногуни соҳаи тиб: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳангоми бемориҳои гӯшу ҳалқу бинӣ, этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ бахшида шудааст. Дар омӯзишу пажӯҳиши Ю. Б. Исҳоқӣ масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулу ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкӯҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулую бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Юсуф Исҳоқӣ ҷарроҳиҳои мураккабтаринро худаш мегузаронд.
Ӯ як рӯшанфикри воқеӣ буд. Зиёие, ки барои ӯ манфиати миллат, давлат ва илм болотар аз тамоми манфиатҳо буд. Ин шахсият на фақат олими машҳури кишвар, балки ҳамчун донишманди намоёни ҷаҳон дар риштаи оториноларингология шинохта гардид. Асарҳои Исҳоқӣ дар тибби Тоҷикистон, дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ ва ҷаҳон аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад.
М. И. МАҲМУДНАЗАРОВ,
номзади илмҳои тиб
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138
