ФАРЗАНДИ НЕК БОҒИ ПАДАР...
Падару модар бо сад орзую ҳавас фарзандро ба воя мерасонанд ва умед доранд, ки дар пирӣ фарзанд дасти онҳоро мегирад ва нигоҳубин мекунад. Падар ва модар тамоми дороӣ ва ҳастии худро ба фарзанд мебахшанд, то ин ки ӯ ҳамчун номбардори Ватан ва ифтихори волидон ба воя расад.
Агар диққат дода бошед, падарону модарон ба дукону бозор рафта, ҳангоми харид фикри фарзандони худро карда, барои худ чизе намехаранд ва дар навбати аввал, эҳтиёҷоти оиларо ба назар мегиранд. Агар фарзанд гурусна бошад, аз тамоми роҳҳо истифода бурда, маводи ғизоиро барои фарзандон таъмин менамоянд. Агар фарзанд бемор шавад, дили падар ва модар ба дард меояд ва онҳо тайёранд, ки ҳамаи ранҷ ва азоби фарзандро ба худ қабул кунанду фарзандашонро аз дарду ранҷ раҳо кунанд. Хулоса, падару модар то охири умри худ дар фикри фарзандони худ мебошанд. Падарону модарон ягон маротиба нороҳатии худро ба фарзандон нишон намедиҳанд. Бемор, ки шаванд ҳатто шабҳо аз дарди сахти худ садо баланд намекунанд. Камбудии худро ба фарзандон нишон намедиҳанд, доимо худро таскин дода, мегӯянд хуб ҳастем, шароитамон хуб аст, ягон мушкилӣ надорем. Онҳо фикр мекунанд, ки фарзандонро бо ин мушкилоти худ ташвиш медиҳанд. Фарзандон низ бо ҷавоби додаи онҳо, ки “хуб ҳастем” қонеъ гардида, аз паси кори худашон мешаванд. Ҳадафи ман аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки фарзандон новобаста аз ҷавоби додаи волидайн, бояд кӯшиш кунанд, ки дили онҳоро ба даст оранд; ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисти онҳо ҳаракат кунанд; дар ҳеҷ ҳолат набояд фарзандон аз ёрӣ додан ба падару модари худ сарпечӣ кунанд, лозим бошад, тамоми дороии худро барои саломатии волидайни худ бахшанд. Агар доро набошанд, роҳеро ҷуста барои табобат ва шароити хуби падару модарон кӯшиш намоянд. Бо ин рафтор моли фарзандон кам нагардида, баръакс зиёд мешавад ва баракат мекунад. Асло фаромӯш намекунам панди падарам Ғанихоҷа Шариповро, ки дар яке аз китобҳои худ бо номи “Меҳри Ватан” чунин овардааст: “Агар одам танҳо барои як худаш зиндагӣ кунад, метавонад қасри тилло созад, вале ин ягон маъно надорад. Одам бояд бо падару модар, бародарон, апаю хоҳарон, хешу табор ва дӯстон зиндагӣ кунад ва ба якдигар кумак расонад”.
Падарону модарони азиз Шумо болои фарзандони худ ҳаққи бисёр ҳам бузург доред ва шумоён боиси эҳтироми зиёди мо – фарзандон ҳастед. Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки мо – фарзандон мушкилӣ дорем, зиндагии вазнин дорем, дастамон намерасад. Шумо барои мо – фарзандон неъмати бебаҳо ҳастед. Мо фарзандон уҳдадор ҳастем, ки қарзи фарзандии худро дар назди шумо иҷро намоем. Чуноне ки мегӯянд: “Падару модар ризо, Худо ризо”.
Шарифзод Ҷамшед ҒАНИХОҶА,
мушовири калони бахши
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ
