ҲИКМАТИ МИЛЛАТ ВА ВАТАН ДАР АФКОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Масъалаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар низоми тафаккури сиёсӣ, фарҳангӣ ва фалсафии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми вижа дорад. Ҷаҳони муосир, ки бо равандҳои пуршиддати ҷаҳонишавӣ, муҳити таназзули арзишҳои маънавӣ тавсиф мешавад, аз ҳар як миллат тақозо мекунад, ки пояҳои ҳувият, фарҳанг ва истиқлоли фикрии худро бо тафаккури виҷдонии устувор ҳимоя намояд.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари сиёсӣ, балки ҳамчун мутафаккири милливу фалсафӣ баромад мекунанд. Осорашон, махсусан китобҳои «Ватани худро дӯст доред», «Истиқлол» ва «Забон – ҳастии миллат», намунаи равшани афкори муосири миллӣ буда, дар онҳо мафҳумҳои ватандорӣ, виҷдон, хирад, худшиносӣ, забон ва истиқлол бисёр рӯшан матраҳ шудаанд.
Дарки ватандорӣ дар ин осор бо онтологияи виҷдон, эҳсоси масъулияти таърихӣ ва эҳёи ҳувияти фарҳангӣ тавъам мебошад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки инсон фақат дар муҳити маънавии хеш, дар канори забон ва хотираи таърихӣ метавонад озод, соҳибшаъну маърифатманд бошад.
Ватандӯстӣ, тибқи тавсифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо як эҳсоси ирсӣ ё ҳисси маҳдуди биологӣ нест. Он як ҷузъи мураккаби ҳастии маънавии инсон аст, ки дар зеҳн, виҷдон ва амали фардӣ реша дорад. Сарвари кишвар ин мафҳумро чунин шарҳ медиҳанд: «Ватанро дӯст доштан маънои дӯст доштани таърих, забон, фарҳанг ва мардумро дорад».
Худшиносии миллӣ дар тафаккури Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шинохти таърих ё хидмат ба фарҳанг аст, балки шакли волотарини ҳастии маънавии инсон дар ҷомеа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Халқе, ки худро намешиносад, бо ҳар боде меларзад».
Таъкид мекунанд, ки миллат вақте боқӣ мемонад, ки забони модариаш, таърихи гузашта ва фарҳангашро шиносад ва ҳифз кунад. Бинобар назари ин абармарди арсаи сиёсат, худшиносӣ танҳо маърифат нест, балки асоси иродаи ахлоқии фард дар муносибат бо миллат ва давлат мебошад. Инсон вақте ватандӯст, масъул ва мутаҳаррик мешавад, ки худшинос бошад. Худшиносӣ аввал қудрати маънавист, баъдан масъулият ва рисолат.
Асарҳои Пешвои миллат на танҳо маҷмуаи суханрониҳо, балки фалсафаи миллӣ дар амал мебошанд. Дар онҳо арзишҳои ҳикмати ватандӯстӣ, худшиносӣ, ахлоқи виҷдонӣ ва муқовимати фарҳангӣ бо як низом пайваст шудаанд. Пешвои миллат ҳамчун шахсияти таърихӣ, хирад ва иродаро бо худогоҳии миллӣ ҳамоҳанг кардаанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар асри XXI бо суръати бесобиқаи рақамисозӣ, табодули фарҳангҳо ва густариши шабакаҳои иттилоотӣ ҳамроҳ шудааст. Ҳарчанд ҷаҳонишавӣ имкониятҳо эҷод мекунад, вале дар баробари он, хатарҳои фаношавии ҳувияти миллӣ ва фарҳангиро низ ба миён меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бозсозии фалсафаи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавиро як вазифаи виҷдонӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ меҳисобанд.
Ватандӯстӣ дар осори Пешвои миллат ҳамчун пояи ҳастии маънавии инсон ва ҷомеа таъриф шудааст. Он як виҷдони ботинӣ, иродаи ахлоқӣ ва маърифати масъулият аст. Дар маҷмуъ, суханрониҳо ва китобҳои ин бузургмардро барои шинохти таърих, забон ва фарҳанги худ бо ҳадафи ташаккули ҳувияти мустақил ва муқовимат ба хатарҳо метавон омӯхт.
Фалсафаи Пешвои миллат, фалсафаи сулҳу гузашт дар асри ҷаҳонишавӣ ҳамчун модели миллӣ-виҷдонӣ ва фалсафаи муқовимати маънавӣ ташаккул меёбад. Пешвои миллат дар воқеъ нақши роҳнамои маънавиро доранд.
Далер КОМИЛОВ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
Ҷамшед БОЙЗОДА, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146
