ТОҶИКИСТОН ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ. БОЗ ЯК ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН
25-уми июли соли 2025 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (A/79/L.94) қабул гардид. Қабули ин санад падидаи нави дипломатӣ ва иқдоми муҳими стратегии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Он нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ акнун як фанноварии ҳушманд набуда, бештар аз ин, муҳаррики пешбарандаи рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ гаштааст.
Коршиносон қабули ин Қатъномаи муҳимро таҳкимбахшандаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсии байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Қатъномаи мазкур аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ (24-уми сентябри соли 2024) сарчашма мегирад, ки зимни он Президенти кишвар бо боварии комил таъкид доштанд: «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд. Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Ин пешниҳод ба зинаи амал баромад. Акнун Қатъномаи СММ иқдоми стратегиро ба ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ табдил дод. Ташаббусе, ки аз иродаи сиёсӣ, нигоҳи дурбинона ва эҳсоси масъулияти глобалии Пешвои миллат сарчашма мегирад.
Зеҳни сунъӣ имрӯз ҳамчун як соҳаи пешрафтаи илмӣ ва амалии қарни XXI дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешавад. Аз таҳлили маълумоти ҳаҷман калон то идоракунии хатарҳои иқлимӣ ва беҳтарсозии низоми тандурустиву маориф, минбаъд ҳама ба тавонмандиҳои зеҳни сунъӣ ё ба истилоҳ ҳуши маснуӣ такя мекунанд.
Махсусан барои Осиёи Марказӣ, ки бо мушкилоти муштараке чун тағйирёбии иқлим, дастрасии нобаробар ба технология, муҳоҷирати аҳолӣ ва ниёз ба рушди иқтисодии фарогир рӯ ба рӯ аст, зеҳни сунъӣ метавонад имкониятҳои комилан нав эҷод намояд. Қатънома ин воқеиятро ба расмият шинохта, ба кишварҳои минтақа имкон фароҳам овард, ки бо ҳам пайванд гардида, як ҳадафи муштаракро пайгирӣ кунанд.
Пешниҳоди ин Қатънома аз ҷониби Тоҷикистон далели дигари саҳми фаъол ва ташаббускори кишвари мо дар масоили байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ҳанӯз рӯ ба рушд, бо таҳияи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 нишон дод, ки дарк ва таҳлили воқеиятҳои ҷаҳони рақамӣ дар маркази диққати Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Зимнан, пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар Қатънома сабт шудааст, яке аз иқдомҳои муҳими амалӣ мебошад. Ин марказ бояд ба маркази ҳамоҳангсозии сиёсати рақамӣ, омӯзиши мутахассисон, дастгирии стартапҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ мубаддал гардад. Дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ бо таҳияи барномаҳои миллӣ ба ин талошҳо пайвастаанд.
Боиси хушнудист, ки чанде пеш дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе, ки бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва пешоҳанг дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ мебошад, IT-Парки шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар IT-Парки шаҳри Душанбе муҳити заминасози ташаккули ғояҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди иқтисоди миллӣ тақвият дода мешавад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, айни замон дар ҳудуди пойтахти кишвар 82,5 дарсади ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият бурда истодаанд, ки бешак, аз мавҷудияти иқтидори баланди неруи инноватсионӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барномаҳои стратегӣ ва иқдомоти дастгирии иқтисоди рақамӣ ва технологияи нав роҳандозӣ гардида, аҳамияти ин соҳа дар рушди устувори кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст. Бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2026-2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуд.
Роҳбарияти олии кишвар шароити заруриро барои рушди экосистемаҳои инноватсионӣ ва соҳаҳои рақамӣ фароҳам овардааст, ки ин ба таҳкими рақобатпазирии иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Мисоли равшани ин раванд соҳиб гардидани мақоми аъзои доимии IT-Парк аз ҷониби 11 ширкати ватанӣ мебошад. Ин дастовард нишон медиҳад, ки пешрафтҳои технологӣ, такмили сифати маҳсулот, беҳтар гардидани хизматрасониҳо ва болоравии рақобатпазирӣ босуръат идома доранд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва ташаккули инфрасохтори марбут ба он ба ҳисоб меравад.
Ҳамгироии соҳаҳои мазкур метавонад заминаи муҳити созанда ва самарабахшро барои таҳия ва татбиқи навовариҳои илмӣ-технологӣ фароҳам оварад. Хусусан, дар партави ташаббуси Президенти кишвар оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, муҳити мусоид ва имкониятҳои фаровон ҷиҳати ҷалби беш аз 100 ширкати нав ба ҳайси аъзои доимии IT-Парки шаҳри Душанбе фароҳам шудааст. Ин иқдом метавонад ба рушди саноати миллӣ ва тавлиди дастовардҳои нав такони ҷиддӣ бахшад. Ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот яке аз механизмҳо ва стратегияҳои муҳим барои ноил шудан ба рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби дигар ин чораҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон танҳо пешниҳоди идея накарда, нақшаи мушаххаси татбиқи онро ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст.
Яке аз самтҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ мебошад. Дар вилояти Хатлон, ки қисми зиёди аҳолии он дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ фаъолият мекунанд, зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили маълумоти аграрӣ, пешгӯии иқлим, идоракунии обёрӣ ва беҳсозии самаранокии истеҳсолот нақши муассир бозад. Инчунин, бо ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар таҳлили бозор, муайянсозии равандҳои истеъмолӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ, имкониятҳои нав барои соҳибкорон ва стартапҳо фароҳам мегардад. Ин раванд метавонад ҳам рақобатпазирии маҳаллӣ, ҳам содироти маҳсулоти ватаниро афзоиш диҳад.
Албатта, барои татбиқи муваффақонаи зеҳни сунъӣ зарур аст, ки инфрасохтори рақамӣ рушд ёбад, мутахассисони соҳа омода ва муҳити ҳуқуқиву институтсионалӣ такмил дода шавад. Ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ метавонад заминаи муҳим барои рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ дар кишвар ва минтақаҳо гардад.
Бо истифодаи оқилона ва стратегӣ аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ, Тоҷикистон метавонад ба марҳалаи нави рушди инноватсионӣ ворид гардад ва барои сокинони худ, бахусус дар минтақаҳо, шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам оварад.
Қатъномаи A/79/L.94 нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи наве аз ташаббускории байналмилалӣ ворид шудааст. Агар солҳои пеш ташаббусҳо дар масоили об ва иқлим буданд, имрӯз кишвар дар мавзуи муосири рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар сафи пеш қарор дорад.
Тавассути қабули ин қатънома, Тоҷикистон на фақат барои худ, ҳамчунин, барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ имкони сохтани як экосистемаи рақамӣ ва устуворро таъмин мекунад. Дар чунин шароит даъват ба ҳамкорӣ, тақвияти ҳамгироии минтақа ва истифодаи мақсадноки зеҳни сунъӣ ҷавоби сари вақт ба чолишҳои асри XXI мебошад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо татбиқи босамари ин Қатънома ва фаъолсозии Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон ба яке аз марказҳои байналмилалии рушди рақамӣ табдил хоҳад ёфт.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”,
Санаи нашр: 01.08.2025 №: 149
