КУРУШИ КАБИР. АЗ АРҶГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАЪРИХ ТО ИФТИХОРИ МАНУ МО

04 август 2025, Душанбе
26
Барои мо – омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ, донистану доштани матни комили Эъломияи Куруши Кабир, ки дар баъзе сарчашмаҳо онро Устувонаи Куруш ҳам мегуфтаанд, хеле муҳим буд. Ин аст, ки мақолаи "Устувонаи Куруш. Матни комили онро хондаед?" (15.7.2025, № 137)-ро дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” хеле хуш пазируфтем. Мо вазифадор будем, ки, пеш аз ҳама худамон, донем, ки дар он устувона бо хатти замонҳои гузашта 2550 сол пеш аз ин чи навишта шудааст.
Баъди он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ниҳодҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод созанд, шавқи аҳли ҷомеа ба ин ёдгории таърихӣ аз пештара бештар гардид.
Дар дарсҳои озод, махсусан дар рафти дарси таърих баъзе аз хонандагони кунҷков савол медоданд, ки, аслан дар Эъломия чиҳо навиштаву таъкид гардидаанд. Албатта, барои посух ба ин савол донистани матни маншури Куруш бо хатти кириллӣ хеле зарур буд. Ин мушкилро барои мо мақолаи “Устувонаи Куруш. Матни комили онро хондаед?” хеле осон намуд.
Дар баробари изҳори миннатдорӣ ба корманди рӯзнома Қурбон Мадалиев, инчунин, ба омӯзгори ДМТ Қироншоҳ Шарифзода ҳам ташаккур мегӯем, ки дар таҳияи даҳ моддаи аввали "Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир" саҳм доранд.
Вақте даҳ моддаро хондем, дар вуҷуди мо ҳисси ифтихор ангеза ёфт, зеро асрҳо пеш аз ин, дар замоне ки бахши аъзами одамони дунё дар қабилаҳои мухталиф ва дар ғорҳо мезистанд, ниёгони мо на танҳо тамаддун сохтаанд, балки сарқонуни воқеии замонашонро, ки бо замони мо ҳам созгорӣ дорад, эҷод кардаву пайи амали он шудаанд.
Танҳо ишорат ба моддаи 2 кофист, то донем ин маншур барои қавмҳои ориёӣ не, балки барои бани башар офарида шудааст: “Ҳар кас метавонад бидуни ҳеҷ гуна бартарибахшӣ, бавижа аз назари нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва, ҳамчунин, миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, таваллуд, ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва ҳамаи озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир зикр шудааст, баҳраманд гардад. Ба илова, ҳеҷ бартарибахшие ба амал нахоҳад омад, ки вобаста ба вазъи сиёсӣ, идорӣ ва ҳукми байналмилалии кишваре ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад”.
Сипосгузории алоҳида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, ҷиҳати муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд.
Ин ташаббус боз як марҳалаи навест дар шинохти бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таърихи бой ва фарҳанги қадима дар сатҳи байналмилалӣ. Дастгирии мероси таърихии шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Куруши Кабир, на танҳо як амали рамзӣ, балки далели рӯшан аз арҷгузории роҳбарияти олии кишвар ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Мунира ОТАЕВА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
МТМУ № 10, ноҳияи Деваштич
Санаи нашр: 04.08.2025 №: 150