БА ИН МАРДИ ХУДО ШУКРОНА БОЯД КАРД…
(Бозтоби саҳми Пешвои миллат дар эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ашъори адибони тоҷик)
Аввали солҳои 90-уми асри ХХ бар асари бозсозии Михаил Горбачёв, ки оқибатуламр давлати абарқудрати СССР-ро барҳам зад, Тоҷикистон низ чун дигар ҷамоҳири шуравӣ, ба озодӣ расид. Аммо неруҳои аксулозодӣ, аксулинқилоб, аксулистиқлол, пеш аз ҳама руҳониёни аз исломи ноб бехабар, бозмондаҳои босмачиҳо ва демократҳои гумроҳ, дар муқобили руҳи миллӣ, неруҳои солим, дунёгаро қарор гирифтанд ва барои сохтмони давлати исломӣ, аморат, хилофат камари ҳиммат бастанд. Бархе аз аҳли қалам, зиёиёни оқибатноандеш ва аввалбину эҳсосӣ ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа, ҷанги шаҳрвандиро доман заданд. Албатта, дар ин фоҷиа неруҳои беруна даст доштанд.
Хушбахтона, дар ин даврони сахту сангин Худои бузург ба бахти тоҷикон марди худогоҳу адолатоин – Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд, ки киштии дар гирдобафтодаи тоҷикро аз дарёи бало бо дасти тавонои хеш кашид ва онро аз нестшавӣ наҷот дод. Аз ин рӯ, хидмати ин мард, дар наҷоти миллат ва кишвар аз неруҳои аҳриманӣ, хеле бузург аст. Маҳз ҳамин мард буд, ки мухолифинро бар сари мизи музокира нишонд ва охируламр мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем.
Ба андешаи муаллифони китоби “Меъмори ваҳдат” Султони Мирзошоҳ ва Шодон Ҳаниф: “Рӯзи аз Москва баргаштани Раиси ҷумҳур, 27-уми июни соли 1997, фурудгоҳи шаҳри Душанбе идона оро ёфта буд. Фавҷ-фавҷи мардуми шаҳр бо дилу дидаҳои шодоб аз хурсандӣ ва садоқат ба Сарвари миллати худ ба истиқболу шодбахшии Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов омада буданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассумҳои орифонаи Эмомалӣ Раҳмонов нур меборид. Гӯё имрӯз Офтоб дар вусъати осмони миноии шаҳри Душанбе пурнуртар медурахшид. Он рӯз мардум аз пешвои худ нур ва сафоро ҳадя гирифта буд! Нури зиёбахши Сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад. Ва он лаҳзаҳо ин байти Лоиқ вирди забонҳо буд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги шармандавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад”.
Маълум аст, ки баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, хусусан имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, обрӯю эътибори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзудан гирифт. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба фаъолияти ӯ баҳои баланд ва арзанда медоданд. Бавижа, адибон дар ашъори худ ӯро баҳри хидматҳои бузургаш барои миллат ва кишвар ҳамду сано мегуфтанд. Агар мо ҳамаи он шеърҳое, ки адибон ба шахсият ва фаъолияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд, ҷамъоварӣ ва тадқиқ намоем, дар чандин рисола намеғунҷанд. Лиҳозо, мо ба баррасии бархе аз он шеърҳо дар осори шоирон дар ин замина иктифо менамоем.
Устод Аскар Ҳаким яке аз ҳамин гуна адибонест, ки дар шеъри “Номаи фахру сипос” (Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон), ки дар шакли маснавӣ навиштааст, аз “азми побарҷо”-ю “ҷасоратҳои беҳамто”-и Сарвари кишвар бо эҳсоси баланд, бо ифтихори вижа изҳори ташаккур мекунад:
Шоҳи шоҳон кам набуд дар рӯзгор,
Шоҳи инсон буд, аммо камшумор...
Ман нагуфтам ҳеҷ гоҳе мадҳи паст,
Ҳар чӣ гуфтам, фахри шоир будааст...
Фахри ман буд азми побарҷои ту
В-он ҷасоратҳои беҳамтои ту.
Гуфтӣ: “Ин таъриху ин фарҳанги туст,
Ҳеҷ медонӣ, ки сад ман санги туст...”.
Баъд аз ин донистамат ҷону ҷигар,
Чун туӣ, дидам, Ватанро чорагар...
Аз қазоям сакати дил шуд раво,
Ҳиммату меҳри ту кард онро даво...
Ман ба дарди дил даво мекофтам,
Умри нав аз ҳиммати ту ёфтам...
Устод Мирзо Файзалӣ аз шоирони дигарест, ки ашъори зиёд ва хуб дар ин замина гуфтааст. Хусусан, шеъри “Марди Худо”-и ӯ аз ҳар лиҳоз ҷолиб мебошад. Ӯ дар ин шеъраш, ки 10 бандро фаро мегирад, аз фоҷиаи кишвар, мушкилот, парешонӣ, хорию зорӣ, яъсу навмедӣ, нокомию номуродӣ, оҳу нолаи миллат ва билохира, ба доди онҳо расидани ин марди Худо – Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона қисса менамояд ва мардумро ба шукрона кардан фаро мехонад:
Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард,
Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона
бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.
Ӯ ба ҳамин мазмун дар ҷои дигар чунин мегӯяд:
Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,
Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,
Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,
Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Низом Қосим низ дар шеъри “Эмомалӣ Раҳмон”, ки аз 8 банд иборат аст, Сарвари маҳбуби давлатро чунин меситояд:
Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,
Барои родмардиро намудан, марди род омад,
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,
Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад...
Ҷавонмардона бар по хест ӯву азми майдон кард,
Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард,
Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,
Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард...
Ӯ дар шеъри “Наврӯзи Данғара”, тавассути санъати талмеҳ, ба Пешвои миллат унвони “Рустами Дастони Данғара”-ро арзонӣ медорад, ки, барҳақ, унвони барозанда аст бар ин наҷотбахши миллату кишвар:
Наврӯз мерасад зи гулафшони Данғара,
Гулзори ваҳдат аст гулистони Данғара...
Эй дашти дилвасеъ, бубин бо дили васеъ,
Нангу ғурури Восеъи Хатлони Данғара...
“Шаҳнома” оваред, ки гӯяд ҳакимвор
Аз нангу ори Рустами Дастони Данғара.
Хайрандеш аз дигар шоирони мумтози мост, ки дар ашъораш аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат барои халқу кишвар, бавижа таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, суханони дархӯри аҳамият, барозанда ва ибратбахш гуфтааст. Аммо мо танҳо аз шеъри “Тоҷиксолор”-и ӯ чанд пораро бармегузинему бас. Аз ҳамин чанд пора низ маълум мешавад, ки Хайрандеш шоири хайрхоҳ аст ва ба хайр аз ҷонбозиҳои Пешвои миллат ёд менамояд:
Эмомалиё, ба амри Ҳақ бархостӣ,
Ориёиёна оламе оростӣ.
Неку гӯяд Абдулмаҷиди Достӣ:
Истораи ғолибӣ, фурӯғи ростӣ...
Эмомалиё, Исмоили Сомонӣ
Девори Бухорост, фараш Яздонӣ.
Девори бузурги тоҷикони дунё
Имрӯз туӣ бад-ин баландирфонӣ.
Мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон ба сохтмони НБО “Роғун” маҳз дар замони истиқлол ва бо саъю кӯшиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшиданд. Дар сохтмони он Президенти кишвар на танҳо саҳми фаъол гирифт, балки “худ савори булдозери вазнин, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо яку ним соат, ба пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳ ҳусни оғоз бахшид. Ин манзараро шоири маъруфи тоҷик шодравон Бозор Собир, ки дар он ҷо ҳузур дошт, чунин шоирона ба қалам дод:
Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.
Албатта, ин гуфтори ягонаи устод Бозор Собир нест, ки дар мавриди корнамоиҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта, ки мо онҳоро ба хониш гирифтем. Дар ин замина, овардани шеъри машҳури дигари ӯ ба номи “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро” айни муддаост:
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон.
Ҳамчу дасту панҷаи шахшули деҳқонбачаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат.
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хатти тақдири миллатро.
Дар ин ҷо аз ватанномаҳои Беҳрӯзи Забеҳулло низ набояд фурӯгузор кард. Бинобар ин, мо аз ситоишномаҳои ӯ танҳо як шеърро интихоб менамоем, ки “Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ном дорад ва дархӯри мавзуи мост:
Эй хайрхоҳи халқи Худо, меситоямат,
Ҳар дам кушода дасти дуо меситоямат.
Дар дасти туст парчами озодиву зафар,
Фармонравои дидадаро, меситоямат.
Ҷон дар раҳи саодати миллат ниҳодаӣ,
Дар “ошёни меҳру вафо”, меситоямат.
Дар Ғарбу Шарқ номи ту вирди забони мост,
“Бингар, ки аз куҷо ба куҷо” меситоямат.
Эй раҳнамову раҳбари маҳбуби тоҷикон,
Шоистаӣ ба мадҳу сано, меситоямат.
Ногуфта намонад, ки қариб тамоми шоирони мо ваҳдати миллӣ ва меъмори он - Эмомалӣ Раҳмонро дар осорашон васф кардаанд. Шоироне чун Салимшо Ҳалимшо, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Назри Яздонӣ, Давлат Сафар, Ворис, Нуруллоҳи Ориф, Алимуҳаммад Муродӣ, Парда Ҳабиб, Сайёд Ғаффор, Шаҳрия, Муфаззали Аҷамрод, Муродалӣ Собир, Сафар Амирхон ва дигарон, ки мо маҷоли аз ҳамаи онҳо мисол оварданро дар даст надорем. Аз ин рӯ, сухани худро ба баҳои баланде, ки устод Бозор Собир ба Пешвои миллат дар як навиштааш додааст, ба поён мебарем, ки гуфта: “Ризошоҳ Паҳлавӣ шахсияте буд, ки пас аз 1100 сол ба даст омад. Ӯ буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зону зада гуфт: - Куруши бузург, хоби абад хуш бод, ки мо бедорем! Ӯ буд, ки муҷассамаи азими Буалиро ниҳод. Ӯ буд, ки бар пештоқи оромгоҳи Фирдавсӣ бо хатти худ навишт: Бузургшоиро, узр мепурсам, ки бештар аз ин натавонистам. Ӯ буд, ки ҳамаи осори қадимаро ҷилд-ҷилд нашр намуд. Ӯ буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод... Алғараз, Эрони асилро аз зери хокистару мурдареги ҳазорсола берун овард. Инак, дар паҳлуи ӯ танҳо ва танҳо Президенти муҳтарами мо, Эмомалӣ Раҳмонро метавон дид. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад. Аз мазори Камоли Хуҷандӣ мушти хоке оварда, ба бузургдошти ӯ мақбара ва боғу музей бунёд намуд. Бинои Китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст. Ҳамчунин, Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва садҳо иншооти бузургро анҷом дод. Аз ҷумла, шоҳроҳу нақбу Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро, ки республикаро комилан саноатӣ хоҳад кард. Барои ӯ ҳеҷ масъала ҷузъӣ нест. Масалан, маъракаҳои маъмулӣ, либоси мактабӣ, либоси донишҷӯӣ ва ҳоказо. Ва ниҳояти ин ҳама бозсозиаш ваҳдати миллист. Тоҷикистони навин, ба ҳар сӯе, ки нигарӣ, ба ӯ тааллуқ дорад, ҳамчун Эрони Ризошоҳ Паҳлавӣ. Ин шахсиятҳои фавқулода падарони миллатанд”. Оре, дуруст мегӯяд, онҳо “падарони миллатанд”. Ба қавли шоир:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Ҷамолиддин САИДЗОДА, адабиётшинос
Санаи нашр: 05.08.2025 №: 151