САБАҚҲОИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
![]()
Чанд андеша перомуни мақолаи доктори илми сиёсатшиносӣ, узви вобастаи АМИТ
С. Ятимов “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ” (“Ҷумҳурият”, 21 майи 2025)
Бо гувоҳи таърих ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадоме бо хирад, заковат, дониш ва мақому манзалаташон дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошанд.
Тоҷикон дар тули ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдборӣ мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон бозёфтҳои маънавии гузаштагони сарзамини хешро ҳифз карда, ба муқобили ноадолатиҳо мубориза бурдаанд.
Талошу муборизаҳои гузаштагонамон, ки дар таърих бо номи пешвоён ва саркардагонашон – Спитамен, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ёд мешаванд, барои худшиносӣ – дифоъ аз номус ва қадру эътибори инсонӣ ва миллӣ буданд.
Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки давлати худро бунёд намоянд.
Пас аз ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолияти душманони халқи тоҷик боз аз нав авҷ гирифт. Онҳо ба муқобили ташкили давлати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебаромаданд. Мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро инкор мекарданд. Дар чунин шароити душвор исботи мавҷудияти халқи тоҷик аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо намуд.
Маҳз ба ин ният, солҳои 1924-1926 дар саҳифаҳои матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихии халқи тоҷик ва ҷонсупориҳои равшанфикрони онро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ инъикос мекарданд, ки дар сафи пеши ин сарсупурдагон ва ҷонфидоён устод Садриддин Айнӣ меистод. Ӯ ҳаёти худро вақфи “тарғиби зарурати донишандӯзӣ, марифатноккунонии саросарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли руҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон” намуд, – навиштааст С. Ятимов.
Дар ин гуна вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид. Ба қавли худи ӯ “Ҳукумати Республикаи ҷавони Тоҷикистон” водораш намуд, ки тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро таълиф кунад ва аввалин маротиба ин навидро дар рӯзномаи “Овози тоҷик” (2-юми марти соли 1925) ба шакли мақолаи хурд нашр намояд.
Устод Айнӣ барои озодиву муаррифии халқу миллаташ мубориза бурда, бо вуҷуди барҷомондагӣ, азобу шиканҷаҳои сахти ҷисмонии мухолифонро кашидан ва ба зиндон афтодан, 75 зарби чӯб хӯрдан ва боз дигар озорҳову шиканҷаҳо дидан, наҳаросид, балки бо ғурури миллӣ ва ҳисси ватанхоҳию ватандӯстӣ, забондӯстиву ифтихори миллӣ доштан, барои ҳифзи фарҳанг, исботи ҳастии миллат тамоми хирад ва ақлу заковати худро дареғ надошт. Ӯ дар арсаи мубориза бо қалам қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиёну фардоиён роҳ кушод.
“Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ тафаккури халқи ҷафокашидаи тоҷикро бедор карда, дар замони инқилоб ба ташаккули худшиносии миллӣ асос гузошт.
Корномаи таърихии устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” ва тавлиди мақолаҳои илмӣ дар бораи шоирону нависандагони адабиёти форсу тоҷик - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ, Носири Хусрав, Восифӣ, Бедил ва дигарон тире буданд ба муқобили душманони миллат.
“Намунаи адабиёти тоҷик” дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хизматҳои барҷаста кардааст. Устод дар офаридаҳои худ бисёр масъалаҳои ҳаётӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро ба миён мегузорад ва бо мӯшикофиҳои хирадмандона таъриху тамаддуни қадима доштани тоҷиконро исбот менамояд. “Дар хоки Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи “тоҷик” бояд касе инкор надошта бошад. Куҳансол будани ин қавм низ тайи инкор нест,” - мегӯяд устод Айнӣ.
Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаҳои кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем.
Ҷамолиддин СИРОҶЗОДА ҚИЁМ,
директори МДТ “Литсейи №2
барои хонандагони болаёқат”-и
шаҳри Душанбе
