ЗАФАР НОЗИМ
Ӯ ба унвони як ҳунарманди мардумӣ дар ҳамаи маҳалҳо ва манотиқи Тоҷикистон ба истиқболи гарми мухлисон ва дӯстдорони мусиқии асил рӯ ба рӯ мешуд. Ӯ яке аз сутунҳои санъати овозхонии тоҷик буда, шуҳрат ва мақомеро, ки ба даст овард, самараи истеъдоди нодир ва худододаш мебошад. Мавсуф дар умри пурбаракати худ рисолати як ҳунарманди асилро иҷро кард. Бешубҳа, нақши ин ҳунарманди маҳбуб ҳам дар рушди санъати тоҷик, ҳам дар ҳифзу покизагии забони тоҷикӣ сутуданист.
Зафар Нозим, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Ситораи Президент дараҷаи III, Дӯстӣ ва Шараф, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 2-юми июни соли 1940 дар деҳаи Сақови ноҳияи Ҳоит (водии Рашт) таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна (соли 1958) муҳассили Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) мешавад. Ҳамон сол дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ як чорабинии калони фарҳангӣ доир шуд. Дар он намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҳунари чандин кишварҳои дунё, ки ба ифтихори 1100-солагии устод Рӯдакӣ ба Душанбе омада буданд, ҳузур доштанд. Зафар Нозим дар он чорабинӣ суруди «Имрӯз не, фардо биё»-ро замзама мекунад, ки мақбули ҳамагон мешавад. Дере нагузашта ин суруд аз тариқи радио садо дод ва Зафари ҷавон дар Душанбеву атрофи он машҳур шуд.
Соли 1959 ректори вақти Донишкада ба Зафар Нозим маслиҳат медиҳад, ки аз пайи сайқали ҳунари сарояндагӣ шавад, зеро бо маҳорате, ки дар ин ришта дорад, метавонад ба дарди мардум даво бахшад. Ҳамин тавр, Зафар Нозим узви ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон гардида, умри худро ба санъат мебахшад.
Ӯро берун аз Ватан ҳам хуш истиқбол мегирифтанд ва ба ҳунари волою садои форамаш каф мекӯфтанд. Дар Ӯзбекистону Эрону Афғонистон мухлисони зиёд дошт.
Сурудҳои марғубаш, аз қабили “Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Рафтам ба ҷустуҷӯят», «Зулайхо», «Модар», «Эй кишвари ман», «Ғамгусори ман» то имрӯз вирди забонанд.
Зафар Нозим бо он ки соҳиби сабку садои хоси худ буд, ҳамчунин, як равия ва як мактаби наверо дар соҳаи овозхонии тоҷик ба вуҷуд овард. Аввали солҳои 80-ум Зафар Нозим дастаи ҳунарии фолклории «Ганҷина»-ро таъсис медиҳад. Аз тамоми манотиқи кишвар овозхонҳои баистеъдодро ҷамъ карда, савту сурудҳои мардумиро эҳё намуд.
Ӯ худ оҳанг эҷод мекард ва сурудҳояш аз шоирони классик аст. Чизи дигаре, ки Зафар Нозимро маҳбуби ҳамагон кард, ин баҳра гирифтан аз мактаби мусиқии овозхони номвари тоҷик Акашариф Ҷӯраев мебошад.
Зафар Нозим аз ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки сарояндагони зиёдро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт. Имрӯз писараш Ҷовидон Нозим шоҳроҳи падарро идома медиҳад.
Устод аз пайи шуҳрат талош накардааст, балки истеъдоди нотакрораш ба ӯ шуҳрат бахшид. Ҳанӯз дар 24-солагӣ сазовори унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва 34-солагӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд. Соли 2002 ӯ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2009 бошад, бахшида ба 70-солагияш ва 50-солагии фаъолияти эҷодияш бо ордени Ситораи Президент дараҷаи III мушарраф гардид. Соли 2013 ба ифтихори ӯ яке аз кӯчаҳои пойтахтро ба номаш гузоштанд.
Имрӯз Зафар Нозим миёни мо нест, лекин номи ӯ, сурудҳои ӯ дар таърихи санъати тоҷик асрҳои аср зинда мемонанд.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.08.2025 №: 153
