НАЗОКАТИ ТАБОБАТ

22 август 2025, Ҷумъа
20


Номи ӯ дар ҳуҷҷатҳо Назокат бошад ҳам, падараш бо самимият Сабоҳат гуфта садо мекард. Шояд ба он хотир, ки аввалин духтар баъди писар, нишонаи муҳаббат буду ҷигарбандаш. Духтари дигариро Латофат ном ниҳодаву Муҳаббат фарёд мекард. Ин ду дурдонаи садафи ҷонашро бо ин номҳои шоирона аз ҷон беҳтар дӯст медошт.
Марг амон намедоду дар сари бистари беморӣ ду духтари наврасашро хонд. Дастони онҳоро бӯсида, ба бародари бузургашон Абдуназар супурд ва васият кард, ки то ҳастӣ, ғамхори онҳо бош.
Сабоҳату Латофат дар зери боли муҳаббати бародар бузург шуданд, ҳар ду ҳам бо орзуву ормонҳои нек аз шаҳраки Ғончӣ ба Душанбе пайи таҳсил омаданд. Яке табиби ҳозиқи кӯдакон шудаву ба зодгоҳ баргашт, дигаре шоиру нависандаи номвар гардида, муқими пойтахт монд.
Сабоҳат замоне табиби кӯдакон шуд, ки ноҳияи дурдасти Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба соҳибони чунин пешаи нозук ниёзи шадид дошт. То он замон аз худи ноҳия танҳо Хурсанд Саъдуллоева мутахассиси маҳаллӣ буду дигар табибони ин соҳа аз шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи вилояти Суғд ҷалб мешуданд. Ин аст, ки бо омадани бону Сабоҳат ба бемористони марказии ноҳия боз пизишке дар ин соҳа афзуд, ҳаёт ва тандурустии садҳо кӯдаки ин диёр пос дошта шуд.
Ҳоло ӯ баъди шаст соли корӣ давлати пирӣ меронаду дар остонаи ҳаштодсолагист. Ҳанӯз ҳам пиру ҷавон тифлакони маъсуми дардкашидаи худро ба даргоҳи ӯ меоранд, маслиҳату машварати ӯро ғанимат медонанд.
Дар ин шаст сол дар ноҳия шояд касе нест, ки фарзанду набераашро ба пеши бону Сабоҳат овардаву сиҳат наёфта бошад. Онҳое, ки дар яксолагӣ гирифтори нотобӣ шудаву аз дасти ин пизишки номӣ тобу тавон ёфтаанд, ҳоло шастсолаанд. Хабар ҳам надоранд, ки замоне маҳз Сабоҳат ҷони онҳоро аз ранҷу азоб харидааст. Барои қаҳрамони мо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки насли нави миллати ӯ тандуруст бошад.
Сарнавишт қаҳрамони моро санҷид. Санҷиши ӯ ҷонгудоз буд, ӯро аз як ҷуфти якумрааш барвақт маҳрум намуд. Дӯсту душман интизор буданд, ки Сабоҳати табиб дигар ба худ намеояд, вале вай мазмуни умрро дар бахти фарзандон ва пешаи дӯстоштааш дид. Ҳар бор ба тифле дари умед боз мекард, ба зиндагӣ бармегардонд, гӯё ёри хешро зинда медид. Муҳаббаташро модарвор тақсими кӯдакони диёр сохт. Ҳар қадар ба дигарон некӣ мекард, ҳамон қадар дардаш коҳиш ёфтаву оромиши ботиниро дармеёфт.
Чи хуш буд, агар масъулони ноҳияи Деваштич дар зодгоҳаш ба хотири гиромидошти заҳматҳои 60-солаи як модари шифобахш маҳфили мондагоре меоростанд. Аз хидматҳояш ёд мекарданд, то барои табибони ҷавон рӯзгору корномаи вай намунаи ибрат мебуд. Аз чеҳраи нуронӣ, аз ожангҳои рӯй, аз сафедиҳои мӯй, аз дастони ларзони шифобахши ин модару табиби нозанин барои худ дарси одамият мегирифтанд ва медонистанд, ки пизишк будан, танҳо дармону дору, ташхису таҳлил нест, балки муҳаббат варзидан бо бани башар аст, меҳр бахшидан ба ҷони ранҷурон аст, табассуму суханҳои нармро шаддаи марҷони бемор намудан аст...

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.08.2025 №: 160