ҲАР ҚАДАМ БО НУРИ ДОНИШ, ҲАР НАФАС ДАР ФАЗОИ СУЛҲ
Санаи нахустини моҳи сентябр Рӯзи дониш ҳамчун рамзи эҳтиром ба маърифат, арҷгузорӣ ба илму хирад ва таҷассумгари ормонҳои насли ҷавон дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Рӯзи дониш на танҳо оғози соли таҳсил, балки ҷашни бузурги маънавӣ ва сиёсӣ низ маҳсуб меёбад. Дар арафаи ҳамин фазои тантанавӣ ва пурифтихор суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чароғи роҳнамо мунаввару нурафшон ба дилҳо фараҳ ва ҳисси масъулият ва ба чашмҳои дилу сар барои нигоҳи нек ба ояндаи дурахшон нуру дармон мебахшад. Ҳар сухани Пешво рамзи масъулият, ормон ва ояндасозӣ аст, ки ба хонандагон неруи тоза ва ба шогирдону устодон илҳоми нав меорад.
Бахшида ба ин ҷашни муборак, ки Рӯзи дониш ва, ҳамзамон, Дарси сулҳ аст, Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва, бахусус зеҳни сунъӣ, хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст».
Пайванди ин андешаи пурмазмун ба зиндагии ҳаррӯзаи мо возеҳ аст. Агар дониш барои инсон на танҳо восита, балки шарти асосии бақо ва рушд гардад, он гоҳ ҷомеа низ солиму сарбаланд хоҳад монд. Ҳар нафаре, ки ба илму дониш рӯй меорад, бо калиди зарини маърифат дари имкону ормонҳоро мекушояд. Сухани Пешвои муаззами миллат моро ба андеша водор месозад: агар миллат хоҳад дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи арзанда дошта бошад, бояд ба фарзандонаш ҳамин калид - калиди дониш ва маърифатро бо ду дасти адабу илм супорад. Ҳар дарси омӯзгор, ҳар лаҳзаи тарбиявӣ, ҳар саҳифаи китоб бояд ба ҷавонону наврасон қувваи эътимод бахшад, то ӯ дар миёни печидагии асри рақамӣ роҳгум назанад.
Ҳамон тавре ки Сарвари давлат аз аҳамияти ҳаётан муҳим доштани дониш бо шоҳбайти “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ тақвият дода, ёдовар мешаванд, дарси зиндагӣ моро ба ин ҳақиқат мерасонад, ки маҳз дониш омили бақо ва муваффақияти миллат аст.
Сулҳ омилест, ки “равнақу шодиву барор оварад”, “шакарханди лаби кӯдакон ва ҳамоҳанги дили модарон” аст. Аз ҳамин рӯ, фарҳанги сулҳ бояд аз айёми кӯдакӣ реша давонад, то бо мурури солҳо ба дарахти пурбори ваҳдат табдил ёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар ҳамин нукта чунин баён доштанд: «Зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таълим ба масъалаи тарғиби фарҳанги сулҳофарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирӣ кардани таблиғоти кинаву адоват, тафриқаандозӣ ва зӯроварию хушунат аҳамияти махсус дода шавад».
Таҷрибаи талхи солҳои на он қадар дур гувоҳ аст, ки кинаву адоват чӣ гуна захмҳои ҷуброннопазир ба ҷомеа ворид месозад. Аз ҳамон рӯзгор бояд ҷавонон ибрат бигиранд ва дигар ҳаргиз нагузоранд, ки заминаи нофаҳмиву тафриқа ҷомеаро ба сӯйи вартаи гумроҳӣ бикашад.
Каломи Пешво ба он аст, ки агар имрӯз мо фарҳанги сулҳро омӯзонем, фардо дар ойинаи зиндагӣ мунаввар муҷалло хоҳад шуд. Агар имрӯз тухми ниҳоли дӯстиро дар дилҳо шинонем, фардо сояи осоиш бар сари ҷомеа густурда хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳар дарси мактаб бояд бо нури маърифат ҳамроҳ бошад ва ҳар сухани омӯзгор, ҳамзамон, паёми дӯстиву осоишро бирасонад.
Президенти кишвар дар мавриди ин ҳақиқат бо каломи пурнуру пандомез таъкид намуданд: «Ҳангоми Дарси сулҳ аз гузаштаи вазнин ва начандон дури халқамон ёдовар шуда, шогирдон, яъне наслҳои наврасу ҷавонро даъват бояд кард, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расанд ва ин сарвати бебаҳои зиндагиро, ки самараи азму талош ва фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони бонангу ор ва мардуми шарифамон мебошад, пос доранд».
Сулҳ зиндагии обод, фардои боэътимод ва побарҷойии миллат аст. Ҳар ҷавон бояд ба худ бигӯяд: «Ман посбони сулҳам ва ман масъулам, ки онро нигоҳ дорам». Бе сулҳу осоиштагӣ дониш андӯхтан, аслан, имкон надорад ва бе илму маърифат сулҳ пойдор намемонад.
Аз ин рӯ тақозои замон аст, ки таълиму тарбия бояд аз овони хурдӣ оғоз гардад ва муассисаҳои томактабӣ нақши заминагузорро иҷро кунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамин мушкил бо возеҳият иброз карданд: «Дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки, пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд».
Дар каломи Сарвари давлат масъалае баррасӣ мегардад, ки ҷомеаи мо бояд ҳушдор бошад. Агар кӯдак аз овони хурдӣ ба муҳити тарбиявӣ ворид нашавад, эҳсоси ҳамкорӣ, худшиносӣ ва одоби ҷамъиятӣ дар ӯ ба таври комил шакл намегирад. Дар ҳар кӯдак оламе пинҳон аст, ки танҳо бо меҳру тарбия кушода мешавад. Чунин ғамхорӣ муҳити осоишу фарҳанги солимро кафолат медиҳад. Ҳар як падару модар бояд дарк кунад, ки тарбияи фарзанд танҳо бо меҳри хонагӣ басанда нест. Таълиму тарбия аз синни хурдсолӣ, ки бо барнома ва усулҳои илмӣ роҳнамоӣ мешавад, метавонад кӯдакро барои рӯ ба рӯ шудан бо ҷаҳони муосир омода созад.
Аммо, агар муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин набошанд, ҳатто беҳтарин биноҳо ва васоили замонавӣ низ беасар мемонанд. Кӯдак на танҳо ба ҷойи бозӣ ва ғизои дуруст, балки ба омӯзгороне ниёз дорад, ки ҳар дарку ҳаракаташро ба сӯйи камол раҳнамоӣ кунанд. Пешвои маҳбуби миллат дар ҳамин маврид супориши мушаххас доданд: «Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳо дар ихтисосҳои томактабии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва дар оянда пурра таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд андешанд».
Суханони Сарвари давлат асос аст, ки омода кардани кадрҳои соҳибихтисос вазифаи аввалиндараҷаест, ки бо иҷрои он орзуи рушди соҳаи томактабӣ воқеият мегардад.
Ҳар як мактаби олӣ бояд масъулияти омода кардани мураббиёни томактабиро бар дӯш гирад. Ин супориши давлат баёнгари он аст, ки тарбияи кӯдак қарзи тамоми ҷомеа мебошад.
Сифати таҳсил мисли ойинаест, ки симои воқеии маърифатнокии донишандӯзонро нишон медиҳад. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълим на танҳо вазифаи мактаб, балки масъулияти миллӣ мебошад. “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд”.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид фармуданд, ки зарур аст меъёрҳои ягонаи муайянкунандаи сифати таҳсил таҳия шаванд, махзани рақамӣ барои арзёбӣ то соли 2044 таъсис ёбад ва имконият барои иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ фароҳам гардад, ҳамчунин, натиҷаҳои мониторинг пайваста баррасӣ шаванд.
Албатта, сифати таълиму тарбия дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама, ба қувваи омӯзгор вобаста аст. Аз ҳамин сабаб, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои шоиставу соҳибихтисос ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа дар сиёсати давлат қарор гирифтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далели мушаххас ёдовар шуданд, ки соли 2024 бар асоси тақсимот 3168 нафар хатмкардагони муассисаҳои миёнаву олии касбӣ ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд, вале то ҳол муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба беш аз 3 ҳазору 800 омӯзгор эҳтиёҷ доранд, яъне мушкил то ҳол комилан бартараф нагардидааст, ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои пеш камтар шудааст. Талаби замон он аст, ки бо тамоми роҳҳои имконпазир норасоии омӯзгорон бартараф гардад.
Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки машъалафрӯзи роҳи ояндаи ҷомеа аст.
Сухани Сарвари давлат моро ҳушдор медиҳад, ки таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ танҳо як вазифаи маъмурӣ нест. Ҷомеа ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад, вале замонҳо тағйир меёбанд ва ниёзҳо шакли нав мегиранд. Дар асри рақамӣ ва таҳаввули босуръати илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, омӯзгори дорои дониши муосир қувваест, ки метавонад мактабро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад.
Яъне, масъалаи кадрҳои омӯзгорӣ танҳо бо шумора ҳал намешавад. Зарур аст, ки сифати омодагии онҳо бо талаботи замон ҳамқадам бошад. Ҷомеа на ба омӯзгори одӣ, балки ба омӯзгори дорои ҷаҳонбинии васеъ ва малакаи муосир ва донандаи забони хориҷӣ ниёз дорад. Дар асри рақамӣ омӯзгор бояд на танҳо дониши фанни худро, балки усулҳои педагогикаи навин, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва роҳҳои муносиби таваҷҷуҳи хонанда ва забонҳои хориҷиро низ аз худ карда бошад.
Масъалаи муҳимми дигар, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба омӯзгорӣ дар ҳамин равияҳо мебошад. Онҳо бояд эҳсос кунанд, ки касби омӯзгорӣ арзишманд ва пурифтихор аст. Вақте ки ҷавони донишманду ҳушманд ба синфхона ворид мегардад, тамоми фазо бо неруи тоза пур мешавад.
Суханони Сарвари давлат ба ин моҳият аст, ки фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ калиди рушди иқтисоди миллӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳатто, амнияти давлат мебошанд. Агар ҷомеа дар ин соҳаҳо устоди тавоно дошта бошад, қадамаш дар арсаи ҷаҳонӣ устувор хоҳад буд.
Дар ин росто, ҳар қадар омӯзгор эҳтиром дошта бошад, ҳамон қадар руҳи ӯ қавитар мегардад ва бо неруи бештар ба таълиму тарбия машғул мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ёдовар шуданд, ки соли гузашта барои таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» супориш дода шуда буд ва имрӯз ин санад аз ҷониби Ҳукумат маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод гардидааст. Чунин иқдом баёнгари он аст, ки омӯзгор дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Қонуни махсус метавонад на танҳо ҳуқуқҳои омӯзгорро ҳифз кунад, балки масъулияту рисолати ӯро низ возеҳ намояд. Омӯзгор бояд эҳсос кунад, ки давлат ва ҷомеа пуштибони ӯст ва заҳмати ӯ қадршиносӣ мешавад. Таърихи тамаддун нишон медиҳад, ки ҳар миллате, ки ба устод мақоми олӣ додааст, дар роҳи маърифат ва пешрафт комёбӣ дидааст.
Сухани Сарвари давлат мо – омӯзгоронро водор месозад, ки ба касби худ бештар бо ифтихор нигарем.
Метавон гуфт, ки суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ моро, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба худогоҳӣ ва масъулияти бузург даъват мекунад. Ҳар ҷумлаи он ба қалбҳо неруи тоза мебахшад ва мисли чароғи роҳнамои маърифат роҳи омӯзгору насли ҷавонро фурӯзон месозад, мисли ҳалқаҳои як занҷири мустаҳкам ба ҳам пайваста, ҳамчун мутакко дар фатҳи кушоишу музаффарияти ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Он ояндаест, ки дар он китобу мактаб, омӯзгор, хонаводаву оила, кӯдакону наврасон, хонандаву донишҷӯ, сулҳу ваҳдат эҳтироми илму дониш, худшиносиву ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ қувваи ягона хоҳанд буд.
Мақсади ниҳоӣ тарбия кардани инсони хирадманд, худшинос ва созанда мебошад. Миллате, ки чунин фарзандон дорад, дар арсаи ҷаҳонӣ бо сари баланд қадам мезанад.
Мо, аҳли маориф ва илм, вазифадорем, ки ҳар сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем, бо дӯстиву ваҳдат, омӯзиши илму дониш, саъю талош ва кӯшиши дастаҷамъона Тоҷикистонро ба махзани ҳақиқии маърифат ва Ватани сулҳу ваҳдати абадӣ табдил диҳем.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 03.09.2025 №: 170
