ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Тули ин солҳо давлат ва ҷомеа роҳи пуршебу фарози таърихиро паси сар намуда, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои истиқлоли давлатиро устувор карда, заминаҳои рушди босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварданд.
Роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳатто марҳалаи аввали соҳиб гардидан ба ин неъмат барои миллати тоҷик осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардида, дар ин айём соҳибихтиёрии кишвар ва истиқлоли давлатӣ зери суол рафт ва хатари пош хӯрдани давлати навтаъсис ба миён омад.
Маҳз дар ҳамин марҳалаҳои ҳассоси барои миллат ва давлат сарнавиштсоз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. Замоне ки дар кишвар касе ҷуръати ба даст гирифтани қудрати сиёсиро надошт, ин абармарди таърих ва шахсияти шоиста қатъи назар аз ҷавонии хеш, ҷони хешро ба гарав гузошт ва роҳбарии давлату роҳнамоии халқро ба уҳдаи хеш гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради воло ва азми қатъӣ миллатро аз вартаи нобудӣ берун оварда, пояҳои давлатдориро устувор намуданд ва истиқлоли миллиро таҳким бахшиданд.
Пас аз интихоб шудан ба роҳбарии давлат дар соли 1992, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ таъкид карданд: «Ман ба халқи худ сулҳ меорам...». Ин ваъда минбаъд на танҳо шиори сиёсӣ, балки барномаи аслии фаъолият ва самти роҳбарии давлат гардид.
Пас аз талошҳои пайваста ва музокироти тулонӣ, билохира 27-уми июни соли 1997 ҳуҷҷати дигари сарнавиштсоз Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдод на танҳо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, балки заминаи устувори сиёсиро барои рушди давлат ва таҳкими истиқлол фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки истиқлоли давлатӣ бе рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комил намешавад. Аз оғози солҳои 2000-ум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ислоҳоти амиқи иқтисодиро роҳандозӣ карданд. Дар ин асос, барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор қабул, роҳандозӣ ва амалӣ шуданд.
Пояи ҳеҷ давлатеро бе рушди маориф, маънавият, фарҳанг ва илм устувор нигоҳ дошта намешавад. Инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаҳоро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор доданд. Ҳамин буд, ки бо бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, марказҳои илмӣ, фарҳангӣ, китобхона, осорхона, муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пояҳои истиқлоли давлатӣ устувор гардид.
Худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба хотираи таърихии миллат яке аз шартҳои асосии ҳифзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии кишвар аст. Миллате, ки ба гузаштагонаш арҷ мегузорад ва панди онҳоро сармашқи кораш мекунад, дар ҳамаи арсаҳои ҳаёт муваффақ мегардад. Бо ин мақсад, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ бахшида шуд. Эҳёи ҳунару анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ва мақоми расмӣ додан ба ин арзишҳои нодири фарҳангӣ, хидмати бузургу беназири ин шахсияти таърихсоз мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо арзишҳои фарҳангиро эҳё намуданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавиро дар кишвар тақвият бахшиданд. Дар ин баробар, ба таърихи давлатдории тоҷикон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷашнҳои 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1100-солагии Давлати Сомониён ва 3000-солагии Ҳисор намунаи равшани арҷгузорӣ ба мероси таърихии миллат ва ҳувияти миллӣ буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми гузаштагонро густариш доданд.
Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифтанд, ки ба устувории сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, обрӯю эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард. Чандин пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пазироӣ ва эътироф қарор гирифта, бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул шуданд, ки ин ташаббусҳо мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуданд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки таҳкиму тақвият ёфтани истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик натиҷаи ҷонбозиҳову талошҳои шахсияти таърихсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи худ кишварро аз вартаи ҷангу нобудшавӣ наҷот бахшида, ба давлати сулҳмеҳвар ва кишвари рӯ ба рушд табдил доданд.
Саҳми назарраси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ на танҳо дар таърихи муосир, балки дар сарнавишти ояндаи миллат низ нақши сарнавиштсоз хоҳад дошт. Имрӯз, ки соҳибихтиёрии кишвар ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат пойдору устувор гардидааст, наслҳои оянда низ ҳамчун арзиши муқаддас аз ин мерос баҳра хоҳанд бурд.
Раҳмон Исломиддин Хайриддин, директори Агентии "Тоҷикстандарт"
Санаи нашр: 05.09.2025 №: 172
