ДӮСТ ОН БОШАД, КИ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ...
ИСТИҚБОЛИ АФҒОНИСТОНИҲО АЗ ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН
Дар остонаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, 8-уми сентябр бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларзаи шадид осебдидаи Афғонистон ёрии башардӯстона равон шуд. Ин иқдоми башардӯстонаро мардуми Афғонистон қатъи назар аз миллату қавмашон аз чорсӯи дунё хуш пазируфта, сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арза доштаанд. Дар ин фишурда чанде аз онҳоро бозтоб хоҳем кард.
Камолиддин Хуррамӣ аз вилояти Мазори Шарифи Афғонистон менависад: "Ташаккур ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Ҳиммати баланд ва мардонагии Шумо дар ҳар замон дар канори мардуми мо – Афғонистон истодани Шумо боиси эҳтиром ва сипосгузории бепоёни мост. Бо Шумо сарфароз бод миллати тоҷик!".
Эҳсон Хусравӣ, шаҳрванди Афғонистон ҳоло муқими шаҳри Москваи Федератсияи Россия, бо муҳаббат ин ҳарфҳоро мекорад: “Ман ҳамчун як афғонистонӣ, аз ёриҳои башардӯстона ва бародаронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ба мардуми осебдидаи вилояти Кунар самимона изҳори сипос менамоям. Ин ёрирасониҳо нишондиҳандаи пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонии ду миллати ҳамреша ва ҳамзабон мебошад. Дар лаҳзаҳои душвор чунин ҳамбастагӣ на танҳо марҳаме бар дардҳои мардуми аз заминларза зарардида аст, балки умед ва эътимоди тозаеро дар дилҳо зинда месозад”.
Ҳашматуллоҳ Акбарӣ чунин менигорад: “Ба унвони як ҷавони тоҷик аз сарзамини Афғонистон сипос ва қадрдонии амиқи худро аз Роҳбари бузург ва фарҳехтаи миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бародарони нексиришт ва бомаърифати тоҷикистонӣ иброз медорам. Мояи шодмонист, ки дар ҳамсоягии худ, миллати фарҳехта, огоҳ, босавод ва беозор дорем. Халқи азизу арҷманди Тоҷикистон, шуморо аз самими дил дӯст медорем ва аз меҳру муҳаббати ҳамешагиатон як ҷаҳон сипосгузорем!”
Раҳмон Саодат аз вилояти Бомиёни Афғонистон изҳор медорад: “Ба Ҳукумат ва мардуми шарифи кишвари Тоҷикистон, ки бо ёрии башардӯстонаи худ захмҳои мардуми осебдидаро шифо мебахшанд, изҳори сипос мекунем. Ин ҳамдардӣ ва дастгирии бародарона равобити амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонии ду ҳамсояи таърихиро бозгӯ мекунад. Мо умедворем, ки ин дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳамеша устувору мустаҳкам хоҳад монд”.
Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, бошандаи вилояти Парвони Афғонистон ҳоло муқими кишвари Тоҷикистон, дар саҳифааш ин меҳрномаро гузошта: “Чанд рӯзи пеш бинобар рух додани зилзилае ҳамватанони мо ҷону моли худро аз даст доданд. Мардуми Афғонистон аз ҳар гӯшаву канори кишвар бо ҷамъоварии ёрмандиҳои андак шитофтанд ва фақат тавонистанд ҷонбохтагонро дуруст ба роҳи охират гуселонанд. Вале дар сатҳи байналмилалӣ танҳо кишвару мардуме, ки ҳамеша дар ин рухдоди табиат додраси мардуми ранҷдидаи Афғонистон будааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми хирадмандашон буданд. Онҳо дар замони ниёзмандии воқеӣ ёрӣ расонданд. Дар ин офат ва ҳолати вазнини фикриву равонӣ Тоҷикистон як бори дигар собит кард, ки ҳамсояи Афғонистон аст. Ёд дорем, дар рӯзҳои сахти зилзилаи Ҳирот ҳам танҳо кишваре, ки ба сатҳи байналмилалӣ зиёдтарин ёрмандии моливу иқтисодиро тақдими ҳиротиёни мо кард, Ҷумҳурии хайрхоҳи Тоҷикистон буду ҳоло ҳам бузургтарин ҳаҷми ёрии байналмилалиро барои Афғонистон кардааст. Зинда бод инсоният ва шарафдории мардуму Роҳбари муаззаму донишвари мардуми Тоҷикистони Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Мо – мардуми Афғонистони миннатдор дурудгӯи Шумо ҳастем. То ҳастед, давлататон сарбаланд ва бегазанд бод, каму ғамро набинед!”.
Хайбар Ҳошимӣ башардӯстии Пешвои миллатро чунин меситояд: “Ташаккур ва қадрдонӣ аз давлату миллати бародар ва ҳамсояи меҳрубон – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин шароити душвор ва лаҳзаҳои ҳассос бо мардуми офатзадаи вилоятҳои Кунар, Лағмон, Ҷалолобод ва Нуристон ҳамдардӣ ва ёрӣ карданд. Ин мавқеи инсондӯстонаи шумо – Сарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилҳои мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд!”.
Абдулло Амирӣ, шаҳрванди Афғонистон ҳоло муқими кишвари Британияи Кабир, менависад: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо эҳсоси амиқи ташаккур ва қадрдонӣ мехоҳам барои ёрии инсондӯстонаи назаррасе, ки Тоҷикистон ба халқи Афғонистон дар ин рӯзҳои душвор расондааст, ибрози сипос намоям. Ин гуна ёрмандиҳо намоиши зебои ҳамдилии миллату ҳамсоягон ва нақши роҳбарии Шумо дар таҳкими сулҳу оштӣ дар минтақа мебошанд. Дар айёми тангдастӣ ва мушкилоте, ки халқи Афғонистон аз сар мегузаронад, ин ёриҳо имкон медиҳанд, ки умед ва итминон аз ояндаи беҳтар зинда боқӣ монад. Ташаккури хос ба ҳама мардуми Тоҷикистон, ки дар ин хайр ширкат доштанд”.
Нуктаи ҷолиб он буд, ки яке аз корбарони интернет дар наворе эълом дошт: “Шумо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои сахт миллат нагуфтед, қавм нагуфтед, забон нагуфтед, балки танҳо барои инсон будани зарардидагон ёрӣ расондед, ҳазорон сипос!”.
Бояд гуфт, ки корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ 24 номгӯйи маҳсулоту асбоби зарурӣ, аз ҷумла орду равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент иборат буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31-уми август ва 1-уми сентябр дар вилоятҳои Кунар, Лағмон, Ҷалолобод ва Нуристони Афғонистон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваста, хисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ дар пай дошт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175
